• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Мо, иштирокдорони Машварати адибони ҷавони Тоҷикистон, ки аз 3 то 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ба падидаи фараҳбахши адабиёти муосири тоҷик табдил ёфт, аз он ифтихорманд ҳастем, ки бори аввал дар даврони Истиқлолият аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ин ҷо ҷамъ омадем. Беш аз сад наврустаи бӯстони адаб аз минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, Бадахшону Рашту Ҳисори шодмон ва вилояти Суғд дар ин шаҳри бостонӣ ва адабпарвар ҷамъ омада, бо устодони адабиёти муосир рӯ ба рӯ асарҳоямонро муҳокима кардем, то дар қаламрави сухан бо фикру андешаи бикр, тахайюл ва тасвирҳои зебо пайроҳаи худро дарёбем.

Дар ин Машварат устодон чун заргарони ҳақиқӣ чӣ гуна марвориди сухан суфтанро нишон дода, таъкид намуданд, ки сухан минбари илму адаб, истеъдоду тафаккури бавусъат, минбари андешаи фароху эҳсоси фарогир, минбари ҳунару санъат, минбари ҳастии созандаи эҷодкор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: "Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад". Ин нуктаи дастурӣ тавонбахши илҳом ва эҷоди ҳар фарди сухансозу суханфаҳму сухандону сухантироз буда, чароғафрӯзи шоҳроҳи ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои навини мо хоҳад буд.
Меҳвари Машварати мо маҳфили адабию фарҳангии "Пешвои миллат, забони давлатӣ ва адабиёти тоҷик" буд, ки дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардид. Ҳар қадар дар ситоиши неруи сухан, ки ҳастии забони модарӣ-забони давлатии мост, ҳарф бизанем, кам аст, зеро он асрҳои аср миллати моро аз фаношавӣ нигаҳ дошта тавонист ва алҳол низ, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рисолати хешро чун муҳофизи андешаи миллӣ ва тафаккури ватанпарвар идома медиҳад.
Мақсаду мароми Машварат бардошт аз осори таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Зеро чоряк асри даврони Истиқлол бо сарварии ин даҳои ҳалқ ҳамватанони мо дар паноҳи сухани меҳрпарвару дуои модар, панду андарзи падар, садоқат ба Ватан ва ҷонфидоӣ барои Сарвари ҷаҳонсолор зистанро таманнои ормонии худ пазируфтаанд.
Мо ҳамсолони худ, эҷодкорони ҷавонро даъват мекунем, ки дар партави ғояҳои инсонгароёна, ватанпарварона ва эҳёбахшои Пешвои миллат асарҳои замонавӣ офарида, дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон саҳми сазовор бигузоранд.
Азбаски ҷаҳони муосирро касофатҳои терроризму экстремизм ба ларза овардааст ва созмону ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни фалокатбор арзи ҳастӣ карда, мафкураи ҷавонон ва наврасонро заҳрогин мекунанд, масъулияти мо дар назди Ватан, Ҷомеа ва Пешвои миллат дучанд мегардад. Зеро сухан силоҳи беҳтарини дифои мафкура ва воситаи бузурги мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳифзи наврасону ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб вазифаи аввалиндараҷаи мо, аҳли қаламу сухан низ маҳсуб мешавад.
Бо чунин азми қавию неруи созанда беҳтарин достони ишқу муҳаббати самимӣ дар васфи Модар-Ватан, хубтарин ҳамосаи меҳру вафо ба халқи ваҳдатшиор ва бунёдкор, волотарин меҳрномаи фарзандӣ ба Пешвои миллатро эҷод мекунем ва дар паҳлуи мардуми созандаву пояндаамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кишвари пешраву мутараққӣ табдил медиҳем.


ИШТИРОКЧИЁНИ МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН
Шаҳри Хуҷанд, 5 октябри соли 2016

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved