• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақому манзалаташ дар рушди маънавии кишвар, худшиносиву худогоҳии мардум ва муаррифии диёрамон ба аҳли мутамаддини дунё пайваста дар паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикру таъкид ва арҷгузорӣ мешавад. Баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар мамлакат ва берун аз он далели равшани амалишавии ин сиёсати фарҳангсолорист.

Аз ҷумла, 10 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус - Қаҳрамоншаҳри Минск Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, панҷ рӯз давом карданд. Ҳарчанд иштирокчиёни Рӯзҳо аз қиёми тирамоҳи кишваре якбора ба зимистони ҳақиқии кишвари дигар афтоданд, дидорҳои офтобӣ, чеҳраҳои нуронӣ ва дилҳои гарми мизбонону меҳмонон маконҳои баргузории чорабиниҳоро фараҳбахшу гуворо медоштанд.
Дар маросими ифтитоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светлов ва муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб аз робитаҳои қарини халқҳову кишварҳоямон ёдовар шуда, Рӯзҳои фарҳангро идомаи мантиқӣ ва пурсамари ҳамкориҳои судманди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ карданд.
Карнайбазми пуршукӯҳу ҷолиб дар толори бузурги Филармонияи давлатии Беларус ба ҳозирин аз оғози бахши ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон паём дод, гулдухтарони Ансамбли давлатии рақсии "Зебо" - Зулфия, Диана, Фотима, Лайло, Монсоро, Мавлуда, Мадина, Таҳмина, Сабрина, Марианна, Зуҳра, Меҳрангез, Паймона, Саида, Мария бо хиромҳои бас мавзуну пурмазмун шавқу шӯри дилҳоро афзуданд, оҳанги дилошӯби найнавози моҳир Нуралӣ Шерматов ҳамдиёронамонро дар он кишвар ёди Ватан доду ба рақси тоҷикӣ бархезонд, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Хуҷастаи Мирзовалӣ ва сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Шарофат Усмонова дар иҷрои арияҳо аз операҳои машҳури классикии Ғарб маҳорати хуби овозхонию нақшофарӣ нишон доданд, ҳунарпешаи ҷавон Зафар Абдуалимов таронаи беларусиро чунон суруд, ки аксари мизбонон овозхони худиаш гумон карданд, ҳунарпешаи ҷавони болаёқат Фотима Машрабова ҳам бо таронаи зебои халқӣ ва ҳам бо либоси шинами миллӣ мухлисони санъатро ба ваҷд овард, мутриби моҳир Саттор Фозилов ҳуши ҳозиронро то дер банди се дойраи хеш дошт, ҳунарпешаҳои Филармонияи давлатии Беларус ҳамтоёни тоҷикашонро бо суруду рақси марғуби миллӣ пазироӣ карданд, ҳофизаи шинохта Хуҷастаи Мирзовалӣ бо садои хоссу дилрасаш бинандаҳоро ба олами зебои мусиқии касбии ҷаҳонӣ бурд, мутрибони чирадаст Абдураҳмон Мадхолов, Ҷонибек Сатторов, Искандар Тоҳиров, Шавкат Муллоҷонов, Мелис Ҳамидов, Набиҷон Мухторов дӯстони беларусро бо сеҳри созҳои мусиқии тоҷикӣ ошно сохтанд, таронаи солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон Фирдавс Ҳошимов "Тоҷикистон" бо ҳамовозии ҳамагон ва рақси зебои гулдухтарони "Зебо" ҳусни хотимаи барнома гардид.
Чунин консерти дилошӯб дар Қасри фарҳанги дувумин шаҳри бузурги Ҷумҳурии Беларус - Бобруйск, ки пойтахти фарҳангии кишвараш ҳам мехонанду бо муассисаҳои зиёд ва ҷашнвораҳои ҷолиби фарҳангиаш машҳур аст, доир гардид. Ҷолиби диққат аст, ки дар он ҳамрадифи шаҳрвандони санъатдӯст мири шаҳр, муовини аввали ӯ ва ҳама кормандони ҳукумати шаҳр иштирок карданд.

01

Аҳли толорҳои пур аз тамошобини меҳрубону мутаваҷҷеҳ зери навои Сурудҳои миллии ду кишвари шукуфону бунёдкор бо ифтихор бар по буданд.

01

Мухлисони ҳунар Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзодаро барои таҳияи рақсҳои дилрабову дилкушо гулборон намуданд.

01

Дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Беларус муаррифии маҷмӯаи пйесаҳои драмнависи машҳури беларус, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР Алексей Дударев ба забони тоҷикӣ сурат гирифт. Суҳбати адиби номвар бо ҳунарпешаи маъруфи театри тоҷик Ибодулло Машраб ва мураттибу яке аз тарҷумонҳои маҷмӯаи мазкур Абдуғаффори Абдуҷаббор аз мақому манзалати драматургияву театр аст.

01

Таваҷҷуҳи мутахассисону бинандагон ба намоишҳои осори рассомони тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ басо зиёду самимӣ буд ва шарҳу тавзеҳҳои сафирамон Қозидавлат Қоимдодов ва масъулони намоишҳо Муфарраҳ Муҳаббатову Умед Бозоров таваҷҷуҳи онҳоро бештар мекард.

01

Алексей Дударев ба Низом Қосим, ки драмаи "Говгум"-ашро ба тоҷикӣ баргардонидааст: "Агар забони миллати Хайёми бузургро медонистам, дилпурона мегуфтам, ки тарҷумаҳо аз асл беҳтаранд!"

01

Дар киностудияи "Беларусфилм" мулоқоти директори киностудияи "Тоҷикфилм" Носир Саид бо синамогарони кишвари мизбон ва дар кинотеатри бошукӯҳу фаъоли "Беларус" намоиши филмҳои ин коргардони бомаҳорат - "Қиёми рӯз", "Оинаи беҷило" ва "Муаллим" баргузор гардиданд. Маълумамон шуд, ки дар он диёри дӯст ҳамдиёри филмофар низ дорем - коргардони машҳури тоҷик Марворид Қосимова натанҳо профессори Академияи ҳунари Ҷумҳурии Беларус аст, балки пайваста бо кори эҷодӣ машғул буда, дар тӯли бист сол шаш филми ҳунарӣ ба навор гирифтааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved