• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

11 августи соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Ⱪосим ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки бо Ⱪарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз 28 июни соли 2017, нависанда Мирзонасриддин, тарҷумон Амонбой Ҷуманов, адабитшинос Абдухолиқ Набавӣ бо Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва шоирон Озарахш, Давлати Раҳмониён ва Файзи Ашур бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сарфароз гардонда шуданд.

            Дар арафаи Ҷашни Истиқлолият супурдани диплом ва нишони барандаи ҷоиза ба номбурдагон рамзӣ ва фоли нек буда, гувоҳи падидаҳои тозаву дилраси адабӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

            Аъзои Раёсат омодагии адибони мамлакатро ба таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эҷоди осори назмию насрии ифодакунанда пешрафту рушди ҳаёти ҳамватанон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дастовардҳои беназри иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуданд. Вохӯрию мулоқотҳои шоирону нависандагон, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо идома доранд, ба мардум ва адибон рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.

            Аъзои Раёсат гузоришҳои масъулони бахшҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ёвон Абдусаттори Раҳмон ва Раҷаби Мусулмониёнро ба эътибор гирифтанд.

            Дар баррасии ин масъалаҳо ва мавзӯҳои дигари ҷаласа, аз ҷумла, «Иштироки адибон дар чорабиниҳои Рӯзи китоб ва Намоиши байналмилалии китоб», «Тайёрӣ ба маҳфилҳои адибон», «Ташкили обуна ба нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» Абдураҳмони Абдуманнон, Гулрухсор, Рустам Ваҳҳобзода, Мансур Суруш, Ато Мирхоҷа, Юнус Юсуфӣ ва дигарон иштирок карданд.

            Раёсати Иттифоқи нависандагон шоири ҷавон Толиби Луқмонро ба дарёфти Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

            Дар  ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ҷории ҳаёти адабӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

            Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Ⱪосим ҷаласаи Раёсатро ҷамъбаст кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved