• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

27 декабри соли 2017 дили адиб ва публитсисти маъруф Холмурод Шарифов  аз тапиш бозмонд.

Холмурод Шарифов 12 феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонаводаашон ба водии Вахш кӯч бастааст. Солҳои 1937-1938 дар хонаи бачагони Вахш тарбият гирифта, фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст. Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа ноил гардидааст.

 

Баъдан муовини  мудири шуъбаи идеологии КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ,  раиси Кумитаи давлатии матбуоти Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Шӯрои  Олии РСС Тоҷикистон буд.

То соли  2002  вазифаи муовини   раиси  Кумитаи ҷоизаҳои  давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт.

Маҳсули илмии Холмурод Шарифов дар китобҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ ба табъ расидааст. Хусусан, асари "Бунёди маънавии одами нав" (1977, 1984) аз тарафи ҳамагон хуш пазируфта шудааст. Бисёр навиштаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ чоп шудаанд.

Солҳои охир чун нависанда, публитсист, санъатшинос ва хотиранигор эҷод мекард. Асарҳои ӯ "Гард дар мижгон" (1972), "Нақши хотир" (1988), "Зов памяти" (1989), "Рози дил" (1991), "Оламафрӯзон" (1992), "Сарнавишт" (1994), "Алтернатуф" (2001), "Ахтарони фарҳанг" (2002), "Меҳрнома" (2004), "Ҷаҳони Марям Исоева" (2011), "На звездном празднике столетья" (2014) ва ғайра дар инкишофи жанри очерку  ҳикоя, хусусан, сафарномаву ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик саҳми намоён доранд.

Бо орденҳои "Байрақи Сурхи Меҳнат", "Нишони фахрӣ" ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз  гардонида шуда буд.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

Хотираи неки адиб дар ёдҳои ҳамқаламон, дӯстону ихлосмандон боқӣ хоҳад монд. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved