• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Дар ҳисоботи эҷодии адиб нишондодҳои зерин ба эътибор гирифта мешаванд:

- адиб дар муддати солҳои 2015-2018 чӣ асарҳо навиштааст? (Номи асар, жанр, ному санаи чопи рўзнома ё маҷаллае, ки асар дар он нашр шудааст, номи китоб ё маҷмўа бо нишон додани нашриёту соли нашр);

- асарҳое, ки аз ҷониби шўроҳои эҷодӣ муҳокима ва ба чоп тавcия шудаанд;

- иштироки адиб дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои фарҳангии маҳалли зист, чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тақризи осори ҳамқаламон, баррасии адабиёти муосир;

 

- дар ҳафтавори "Адабиёт ва санъат", маҷаллаҳои "Садои Шарқ" ва "Памир" кадом асарҳоро ба чоп расондааст?

- барои ҳамовозӣ ба иқдомоти сиёсиву иҷтимоии Пешвои миллат ва Ҳукумат, дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар матбуоти даврӣ ва ВАО-и дигар чӣ мақолаҳои публитсистӣ  интишор додааст? (кай, дар куҷо?)

- иштироки адиб дар дастгирии молиявии нашрияҳои ИНТ - маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Памир", ҳафтавори "Адабиёт ва санъат";

- ҳисоботро ҳар як узви ИНТ бевосита бо имзои худ ба шуъбаҳои ИНТ ва шуъбаҳои вилоятии ИНТ пешниҳод менамояд (аъзои сокини вилоятҳо ба шуъбаҳои вилоятӣ, аъзои сокини шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бевосита ба шуъбаҳои ИНТ); 

- шуъбаҳои вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ИНТ ҳисоботҳои аъзои ИНТ-ро як моҳ қабл аз муҳлати дар Нақшаи кори раёсат нишондодашуда ҳамроҳи гузориши таҳлилии худ ба шуъбаҳои дахлдори ИН Тоҷикистон мерасонанд.

- ҳисоботи адибон тибқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ дар маҷлиси васеъ муҳокима гардида, хулосаи он дар нашрияҳои ИНТ ба чоп мерасад. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved