• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Шумо яке аз пурхонандатарин шоирони бачагонаи мо, ба синни мубораки 70-солагӣ қадам гузошта, боиси хушбахтист, ки дар айни камолоти эҷодӣ қарор доред. "Соябони садранга", "Офтобак", "Хати амонӣ", "Аз як-як то лак-лак", "Кулча чаро  ширин аст?", ""Ре" мегўям ман бурро!", "Чаро Шамолак вазид?", "Баччаҳову кўчаҳо" ва дигар китобҳоятонро бачаҳои мо бо шавқу завқ хондаанду мехонанд. Шеъри Шумо сода, равон, хотирмону дилчасп ва хушоҳанг аст.

 

  Саҳми Шумо дар пурмазмун ва дўстдоштанӣ шудани нашрияҳои "ПионериТоҷикистон", "Машъал, "Чашма" ва "Гул-гул" басо назаррас мебошад. Ҳамқаламон Шуморо чун муҳаррири чирадаст ва маслиҳатгари дақиқназар мешиносанд ва ба неруи эҷодиатон эҳтиром мегузоранд. Шумо солҳои дароз мушовири бахши адабиёти кўдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будед ва имрўз ҳам ба ҳайси узви фаъоли Шўрои он дар тарбия намудани қаламкашони ҷавон корҳои назаррас анҷом медиҳед.

Дар тўли фаъолияти пурсамари эҷодӣ ба Шумо муяссар шуд, ки адабиёти кўдаконро бо асарҳои баландмазмунатон ғанитар гардонед ва шеъри равону дилчаспатон паҳлуҳову мавзўъҳои мухталифи таълиму тарбияи хурдсолонро фаро бигирад. Заҳмати чилсолаатон дар ин ҷодаи мушкилписанд Шуморо ба қуллаи мурод расонда, ҳамчун давомдиҳандаи анъанаҳои адабии устодони шеъри бачагона, суханвароне чун Мирсаид Миршакару Абдусалом Деҳотӣ, Гулчеҳра Сулаймонию Убайд Раҷаб гардидед. Мо аз он ифтихор дорем, ки Шумо шоири набераву абера, падару модар ва бобою бибиҳои ҳар хонаводаи тоҷик мебошед.

Заҳматҳои Шуморо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва нишони "Хизмати шоиста" қадр намуда, барандаи ҷоизаву ифтихорномаҳои бисёри соҳаи адабиёту фарҳанг низ мебошед.

Ба Шумо саломатӣ, умри дароз ва муваффақиятҳои нав ба нави эҷодӣ орзу мекунем!

 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved