• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Халқро аз асли халқ огоҳ кард,

Халқро раҳ доду соҳиброҳ кард,

 

Бо дили дарёву бо рӯи кушод

Роҳу расми неки пулсозӣ ниҳод,

Кард афзун меҳру ёриро зи нав,

Хислати бунёдкориро зи нав,

Ақлро омехт бо қалбу гудохт,

Сохт давлат аз дигар, ҳам халқ сохт!

Адибони тоҷик имрӯз барои шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот ороста, аз ҷумла шоирон шеърҳои дар мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ, созандагӣ, бунёдкориҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, эҳёи ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон, ҳувияту худогоҳии миллӣ  эҷодкардаашонро мехонанду ба ин васила  нуктаҳо ва  муҳтавои онро тарғиб менамоянд. Барои мардуми суханшиносу нуктафаҳми мо аз забони адибон шунидани шарҳу тафсирҳо гуворову хушоянд аст, зеро эҷодкорон гӯяндаи ниёзҳо ва ормонҳои онҳо мебошанд.

Конфронси илмию адабие, ки 30-юми январ бо иштироки адибону донишмандон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, "Паём - барномаи амали мо" унвон дошт ва дар он роҷеъ ба пайванди Паёми Президенти  ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагии ҷомеа андешарониҳои ҷолиб сурат гирифт.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар ибтидои конфронс гуфт: "Паёми Пешвои муҳтарами миллатамон барномаи амали ҳамагон буда, фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҳаёти фарҳангии халқамон мебошад ва моро ба роҳи рушди устувор раҳнамоӣ мекунад. Адибон барои тарғиби муҳтавои он дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар карда, мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. Метавон гуфт, ки адибони мо аз ҷумлаи фаъолтарин тарғибгарони Паём мебошанд".

Номбурда ҳамчунин дар бораи паҳлуҳои гуногуни Паём андеша ронда, изҳор дошт, ки адибон низ бо дарназардошти нуктаҳои муҳими он бояд кори эҷодии худро бештар густариш диҳанд ва дар парвариши завқи зебоишиносӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ саҳми сазовор гузоранд.

Ато Мирхоҷа шеъреро, ки дар он нуктаҳои муҳимми Паём ба таври бадеӣ баён шудаанд ва ҳовии таассуроти ӯст, қироат кард.

Дар конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода иштирок дошт ва дар оғози суханронияш ҳамагонро ба муносибати ҷашни миллии Сада табрик гуфта, сипас дар бораи муҳтавои Паём ибрози назар кард.

Маърӯзаи асосии конфронсро сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», шоир ва пажӯҳишгари шинохта Рустам Ваҳҳобзода пешкаш намуд. Ӯ муҳимтарин нуктаҳои Паёмро, ки марбут ба сиёсати дохилию хориҷии кишвар ҳастанд, таҳлил намуда, зикр кард, ки эҳёи суннатҳои бостонӣ ва таҳким бахшидани худшиносию ҳувияти миллӣ аз нуктаҳои муҳими Паём буданд, ки гувоҳи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошанд. Таҷлили ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар ин росто далели дар маркази диққат қарор гирифтани суннату анъанаҳои башардӯстонаи миллии мо ҳастанд. Вобаста ба ин дар Паём омадааст: "Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд".

Дар робита ба нуктаҳои дигари Паём маърӯзагар зикр намуд, ки маҷмӯи тадбирҳои дар он зикршуда ба беҳбуди зиндагӣ, маънавият, амният ва дигар бахшҳо мусоидат мекунанд.

Дар идомаи конфронс адибон дар атрофи нуктаҳои Паём мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад оид ба назорати қатъии хӯроквориҳои воридотӣ, ки дар Паём дар бораашон сухан рафтааст,  андеша ронда, таъкид намуд, ки адибону публитсистон ва рӯзноманигорон бо интишори матлабҳои марбут ба ин масъала бояд  дар иҷрои дастурҳои хеле бамавриди дар Паёми Пешвои миллат зикршуда саҳмгузор бошанд.

Нависанда ва драматург Ато Ҳамдам аз ҷумла гуфт:

- Бароям мояи ифтихор буд, ки дар ин ҷаласаи бошукӯҳ ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, Паёми Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо шавқ ва ҳисси баланди шодмонӣ аз меҳани биҳиштосоямон, сарвари оқилу дурандешамон гӯш кардам.

Ҳамаи нуктаҳои дар Паём зикршуда саривақтӣ ва ҷолиб буданд. Барои мо бисёр хушоянд аст, ки дар марҳилаи кунунӣ дар кишвари мо бо сарварии Президенти муҳтарам дар раванди таҳкими иқтидори дохилӣ ва густариши муносибатҳои судманди хориҷӣ тадбирҳои муассир  андешида мешаванд.

Нуктаи дигаре, ки дар Паём ҳамаҷониба арзёбӣ гардид, ин бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Мо хуб медонем, ки охири соли 2018 агрегати аввали ин иншооти бузурги энергетикӣ, ки дар ҷаҳон назир надорад, ба кор хоҳад даромад. Ман ба бисёр нависандагони маъруфи кишварҳои дӯсту ҳамҷаворамон, ки  ҳини сафар ба Тоҷикистон,  аз ин неругоҳ дидан карда буданд, мувофиқ ҳастам, ки дар сафарномаҳояшон чунин менависанд: "Неругоҳи  барқи обии Роғун сохтмони президентист".

Бале, ин ҳамин тавр аст. Мо, аҳли қалам ҳанӯз аз бунёдкорони Роғун сахт қарздорем. Умед ҳаст, ки дар оянда бахшида ба Роғун ва офарандагони он асарҳои ҷолибу хонданӣ ва мондагор арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Адибони шинохта Саттор Турсун, Гулназар,  Бароти Абдураҳмон, Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Рудобаи Мукаррам ва Зебои Хатлонӣ перомуни масъалаҳои гуногуни дар Паём матраҳшуда суханронию шеърхонӣ  карданд.

Т. Халилӣ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved