• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ШУМОРАИ НАВИ МАҶАЛЛАИ «ПАМИР»

Маҷаллаи адабӣ-бадеӣ, ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Памир» дар фазои фарҳангии кишвари мо мавқеи хоси худро касб кардааст.

Идомаи: ШУМОРАИ НАВИ МАҶАЛЛАИ «ПАМИР»

НУР ТАБАР - ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

МУҲТАРАМ НУР ТАБАР!

Шумо дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (алъон Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро бомуваффақият хатм намуда, солҳои тўлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рўзномаи «Комсомольская правда», сармуҳаррири рўзномаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Тоҷикистони советӣ» будед. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва ғайра будед.

Аз соли 1960 ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, то ба имрўз осори мансуру драмавии зиёди Шумо дар маҷмўаҳои «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?», «Дар чорсў» ва ғайра ба нашр расидаанд. Драмаи «Дар чорсў» (соли 1985) дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқобод, театрҳои Кўлобу Хуҷанд рўи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинони сершумор хуш истиқбол гирифта шуданд. Пйесаҳои «Мусичаро напарон» (1987), драмаи таърихии «Қисмат» (1997), «Паёми Зардушт» (2001), «Тарс» (1998) натанҳо рўи саҳна омаданд, балки дар бисёр маҷаллаҳои бонуфуз ба табъ расиданд.

Ба қалами Шумо тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи олам низ мансубанд. Асарҳои А. П. Чехов «Се хоҳарон», А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», А. Абдулло «Вопасин падаршоҳ», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сўхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати Замин» ва ғ. аз маҳсули зиёди тарҷумонии Шумо дарак медиҳанд.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Соли 2011 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардидед. Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошед. Хизмати Шумо бо медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон қадрдонӣ шудааст.

Ҳамқалами гиромиқадр Нур Табар! Бори дигар Шуморо аз номи ҳамқаламон ба муносибати 80-солагии зодрўзатон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии бардавом, умри дароз ва дастовардҳои нави эҷодӣ таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН


НУР ТАБАР - ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

Драмнавис Нур Табар ҳам ба зоҳир ва ҳам дар сиришти худ марди зиёӣ ва мартабаи ў мартабаи зиёист. Ба пиндори ориёиёни аҳди қадим, зиё аз нури биҳишт равшан аст.

Солҳои 70-уми асри гузашта ҳикояҳои хурди лирикӣ, соли 1977 нахустин маҷмўаи ҳикоёт «Роҳҳои дуру наздик»; соли 1983 маҷмўаи дуюмаш «Ин баҳор чӣ меорад?»-ро чоп намудааст.

Солҳои 80-ум ба драматургия рў овард ва беш аз 30 асари саҳнавӣ - «Кафшҳои Абулқосим» (бо ҳамкории Т. Аҳмадхонов), «Дар чорсў», «Шикори аҷинаҳо» (бо ҳамкории С. Юрев), «Тўй ё ишқи духтари ҳамсоя» (бо ҳамкории Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров), «Қисмат», «Тарс», «Хўса», «Амир Исмоил», «Шикасти ташнагӣ», (либретто, бо ҳамкории Низом Қосим), «Паёми Зардушт», «Му- сичаро напарон», «Суробҳо», «Чашмони бародари қиёматӣ», «Маздак ё шоми дарахтони сарнагун», «Девона», «Коба ва Николай», «Гирдоб» ва ғайраро эҷод намуд.

Аксари театрҳои Тоҷикистон, театрҳои ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқободи Туркманистон, ба номи С. Айнии ш. Бухорои Ўзбекистон, «Офтоб»-и Кобули Афғонистон осорашро таҳия кардаанд. Филмномаи «Субҳи рўшан, шоми торик» (Кобул, 2008) ва маҷмўаи драмаҳояш ба забонҳои русӣ, туркманӣ, қазоқӣ, ба ҳуруфи форсӣ нашр шудаанд.

Ҳадафи асосии асарҳои драмавии ў инъикоси симои қаҳрамонҳои миллӣ ва азми онҳо барои расидан ба озодӣ, истиқлоли ватан, баррасии масоили муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ, хирад ва пешгирии ҷаҳолат мебошад.

Асарҳои зерини саҳнавии Нур Табар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар театр таҳаввулоти муҳимро ба вуҷуд оварданд: драмаи «Дар чорсў», бо фош кардани дурўягии аъзои ҳизби ҳокими коммунистӣ; «Тарс» ва «Суро- бҳо», солҳои 90-ум, бо зикри мушкилоти замон, «Паёми Зардушт» ва «Чашмони бародари қиёматӣ», бо диди нав ба таърихи миллӣ.


 

АНДЕШАҲОИ ҲАМҚАЛАМОН ВА МУҲАҚҚИҚОН:

Меҳмон БАХТӢ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, драмнавис: - Драмаҳои Нур Табар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бахшида шудаанд. Дар мар- кази онҳо муборизаи хирад ва нодонӣ меистад. Хусусият ва симоҳои миллии қаҳрамонҳояш, нақши онҳо дар инкишофи роҳи беҳбудии инсоният, озодии он барҷаста буда, Ватан ва ҳимояи халқ дар мадди аввал қарор дорад.


 

Иброҳим УСМОНОВ, доктори илми таърих: - Дар 35 соли охир фаъолияти драматургии Нур Табаров бештар назаррас аст. Драмаҳои “Дар чорсў”, “Чархи гардон”, “Паёми Зардушт”, “Куруши Кабир”, “Малика Томирис”, ки дар саҳнаҳои театр ба намоиш гузошта шудаанд, бештар ғояҳои ватандўстиву таърихӣ доранд. Аммо драмаи “Гирдоб”, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ба андешаи адибон, бештар ҷанбаҳои сиёсӣ дорад. Драмаи дигари ў «Чархи гардон» моро ба асрҳои миёна мебарад ва бисёр масъалаҳояш имрўз ҳам ҳалталабанд. Дар асари дигари таърихиаш Куруши Кабирро меситояд, вале бузургии Малика Томирис ҳам нигоҳ дошта шуда, барои ҳимояи меҳан талош кардани ўро нишон медиҳад, ҳисси меҳанпарастии худи муаллиф равшан эҳсос мегардад.


 

Тамара АБДУШУКУРОВА, санъатшинос: - Як нафари сахтгир ва ташаббускор буд, маҳз дар давраи вазирии Табаров ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврўз” ба миён омад, ки бевосита устод дар он саҳм дорад. Баъдан ин ҷашнвора байналмилалӣ шуд ва кишварҳои ҳамсоя ҳам дар он ширкат мекунанд.

Муҳаммадулло ТАБАРОВ, номзади илми санъатшиносӣ: - Драмнависони тоҷик, аз ҷумла, Нур Табаров, мавзўи муосир, мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони солҳои 90-ро тасвир наму- да, асарҳои нави театрӣ-публитсистӣ офариданд, мисли «Вагони охирин» дар Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский (2003). Дар замони истиқло- лият театр дар мавзўи муосир натанҳо масъалаҳои муҳимро пайгирӣ намуд, инчунин эстетикаи нави театриро ба вуҷуд овард. Ба ин қатор асарҳои Н. Табаров низ дохил мешаванд, ки тавонист қолабҳои пешинаро дигар намояд ва услуби нави саҳнавии муосир ташаккул ёбад.


 

Мансур СУРУШ, публитсист ва драмнавис: - Агар инсон қобилият дошта бошад ба коре даст занад, муваффақ мегардад. Ин сифати хоси Нур Табаров мебошад. Ҳар кори анҷомдодаи ин нависанда, драматург, журналист ба ҳадаф расидааст. Дар пйесаи «Дар чорсў» камбудиҳои сохти шўравӣ танқид шудааст. Асари ба устод С. Айнӣ бахшидаи ў низ дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов хеле ҷолиб аст. Вожаи устод ҳамвазни вожаи русии «мастер», «наставник» - омўзгор, роҳнамо, тарбиятгар, ҳамрадифи вожаи фаронсавии «метр», итолиёии «маэстро» - устоди ҳунар аст. Баъзан ба ҳар кас бо ин сухан муроҷиат мекунанд ва қадрашро костаанд, аммо нисбат ба Нур Табаров дилпурона устод гуфтан мумкин аст.


 

Аз гуфтаҳои Нур ТАБАР: Мувофиқи табиати драма ва театрасари драмнавис дар театр коргардонӣ мешавад, зарур меояд, ки вобаста ба имконоти театр ва актёр дигаргуниҳо ворид шавад, шакли ниҳоии он сурат бигирад. Ва маълум аст, ки коргардонҳои асосии театр дар ин ҷода таҳсилкардаи марказҳои театрии Маскаву Ленинград ҳастанд ва аз қонунҳои театр бештар огоҳанд. Вале ҳамин кор ба тариқи устоду шогирд сурат мегирад ва режиссёрҳои мо то охир ҳамин ҳисро нигоҳ медоранд.

Дар маҷмўаи «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?» чанд лавҳа ва ҳикояҳои хурде ҳастанд, ки бароям ҳоло ҳам ба таври хоса садо медиҳанд, зеро қаҳрамонҳояшон аҳли деҳоте, ки дар он айёми тифлӣ, бачагиву ҷавониам гузашта буд, мебошанд. Ҳоло ҳам, ки ёдашон мекунам, дилам гум мезанад…

Асарҳои бунёдии режиссёри машҳури гурҷӣ Михаил Туманишвили "Роҳ- намои режиссёр", "Режиссёр аз театр меравад"-ро низ ба тоҷикӣ тарҷума намудам. Аз ин ду кори кардаам на фақат устодону шогирдони соҳаи театр, балки худам ҳам шодам.

Пас аз анҷоми хидмат дар сафиартиш, бо ҳидояти равоншод Отахон Латифӣ, мухбири махсуси рўзномаи "Комсомольская правда" дар Осиёи Миёна, маро бо ҳамон либоси лейтенанти ВДВ ба Маскав, ба редаксияи ин нашрияи ҷавонони умумииттифоқ хонданд. Чанде пас нахустин мақолаи маро бо номи "Ман афсар!" чоп карданд ва чун вакили худ ба Тоҷикистон фири- стоданд. Дертар бо пешниҳоди Ибодат Раҳимова - котиби идеологии он замон муҳаррири рўзномаи "Комсомолец Таджикистана" таъйин гардидам.

Солҳое, ки мо дар рўзномаи рақами яки ҷумҳурӣ кор мекардем, давраи пур аз ҷўшу хурўш буд, ки ном бурдани як сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак басанда аст. Илова бар он, тамоми соҳаҳои агросаноатӣ барои мо муҳимта- рин буданд, зеро аксари хонандаҳои мо мардуми деҳот ба шумор мерафтанд, даҳҳо ҳазор обуначӣ доштем…

Ҳайрон нашавед, яке аз сарчашмаҳои ғаноманди мавзўъ - ҷаласаҳои Бюрои КМ ПК ва суҳбатҳои хосаи Котиби якуми онвақта Ҷаббор Расулов буд. Ма- салан, боре ў дар яке аз чунин суҳбатҳо чандин нафар деҳқонзодаҳои асилро номбар карда, махсус таъкид намуд: - «Ба деҳаи Унҷӣ, колхози Ўрунхоҷаев равед, он ҷо набераи оброни машҳур бухгалтер шуда, кор мекунад. Қиссаи марги бобояшро пурсед…»

Васоити ахбори умум - ҳокимияти чаҳорум як василаи нодири ба худ хос, аммо басо муассир дорад - сухан! Ва ин сухан бояд сухани рост (ҳақиқат) ва адолатпаноҳ бошад, дар акси ҳол боиси харобии маънавӣ ва моддии ҷомеа мегардад. Муҳимтарин ҷиҳати кори мо оҳанги созандаву бунёдкорӣ доштани сухани мост. Ҳақиқатнигорию адолатпарварӣ беҳтарин ҳадафҳои матбуот хоҳанд монд.

Муҳимаш, азизон, дил пир нашавад! Дилро эҳтиёт кардан лозим.

Мо ба такомули маънавии ҷомеа масъулем.

Гирдоваранда Ҷумъа ҚУДДУС

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ВА МИРЗО ТУРСУНЗОДА

 

Барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ




            

Қодири РУСТАМ           Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА    Абдуҷаббори АБДУҒАФФОР

 


 Барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсун зода


 

                                         

                                ХАЙРАНДЕШ                                     Абдуҷаббори СУРУШ

                                          

                           Муҳриддин САБУРӢ                              Толиби ЛУҚМОН

«СЕ ШОҲКОР» ДАР ТАРҶУМАИ АДИБИ ТОҶИК

Аз тариқи нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе армуғони пурарзише пешкаши хонандагони тоҷик шуд. Романҳои Луиҷи Пиранделло – «Шодравон Маттиа Паскал», Френсис Скотт Фитсҷералд – «Гэтсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе – «Гурги даштӣ» дар як муҷаллад ба забони тоҷикӣ интишор ёфтанд. Тарҷумаи ин романҳои бузургу оламгир, ки муаллифонашонро дар саросари офоқ номвар гардонидаанд, ҳосили захматҳои тўлонӣ ва миёншикану тавонфарсои шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар мебошад. Китоби мазкур дар ҳаштсад саҳифа ва бо теъдоди 240 нусха (яъне хеле кам!) аз чоп баромад ва бетардид дар бахши тарҷумаи бадеии мо дастоварди камназир ва навгонии нишотовар мебошад.

Идомаи: «СЕ ШОҲКОР» ДАР ТАРҶУМАИ АДИБИ ТОҶИК

ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САЛИМШО ҲАЛИМШО ДАРГУЗАШТ

 

15-уми июни соли равон хабари андўҳборе аҳли адаби кишварамонро такон дод. Дар ин рўз шоири шаҳиру шинохта Салимшо Ҳалимшо бар асари бемории тўлонӣ дар синни 85-солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Идомаи: ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САЛИМШО ҲАЛИМШО ДАРГУЗАШТ

НОМАИ СИПОС БА АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Чанд рўз аст, ки мо зери таъсири нишотбахши воқеаҳои рўзҳои охир қарор дорем, ки онро бо забону қалам тасвир кардан душвор аст. Суханронии Шумо ва Президенти Ўзбекистон, ки дар қасри таърихии “Арбоб” дар мулоқот бо мо – зиёиён ва фаъолони вилоят доштед, натанҳо моро, балки тамоми одамоне, ки ба воситаи оинаи нилгун рафти мулоқотро тамошо мекарданд, хеле мутаассир карду шод гардонид.

Идомаи: НОМАИ СИПОС БА АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН...

ТАНИНИ ДӮСТӢ ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ»

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ўзбекистон таҳти унвони «Шоми дўстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Идомаи: ТАНИНИ ДӮСТӢ ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ»

АРЗИ СИПОС

Ба Муовини якуми Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам

Раҷаббой АҲМАДЗОДА

Давлату Ҳукумати мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумўи адабиёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва ин дар корҳои амалии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ равшан инъикос меёбад.

Идомаи: АРЗИ СИПОС

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

9 июни 2021, соати 10, дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҷлиси навбатии садорати Иттифоқи нависандагон барпо мегардад.
Аъзои садорат дар мавзӯи «Замони муосир ва бозтоби он дар адабиёти даврони Истиқлол» маърӯзаи узви садорат, адабиётшиноси шинохта, доктори илм, профессор устод Абдунабӣ Сатторзодаро шунида, перомуни он муҳокимаронӣ мекунанд.
Ҷаласаи мазкур амалан ҳисоботи фаъолияти эҷодии адибони Тоҷикистон дар сӣ соли охир буда, ҳаводорони сухани бадеъро аз дастоварду нокомиҳои адабиёти имрӯза огоҳ менамояд.

Идомаи: МАҶЛИСИ НАВБАТИИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

СЕ АСАР ДАР БОБИ ДӮСТӢ

 

Интишороти маъруфи кишвар «ЭрГраф» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигринро бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йўлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») аз нашр баровард.

Идомаи: СЕ АСАР ДАР БОБИ ДӮСТӢ

ЭҶОДИ ҶАВОНОН

 

Сабринисо АЙЁМЗОД

ДУХТАРИ ПОЙИЗ

Духтари пойиз омад бо навои ошиқона,

Гесувони зарҳалинаш печ-печон, дилбарона.

Барг аз дасти хазон гашта ҷудо аз шохсорон,

Аз насиме мехазад ногаҳ ба кунҷе оҳувона.

Ҳамчу ту хотирпарешонам зи дасти фасли пойиз,

З-он ки ёрамро рабудӣ аз канорам бо баҳона.

Дасти танҳоӣ дарамро боз мекўбад ба ваҳшат,

Кай раҳо гардам, Худоё, з-ин садоҳо ҷовидона.

Нолаам то бар самоҳо рафт, парво ҳам накардӣ,

Пора кардӣ қалби моро, эй ба гўшат пунбадона.

Ҳаҷри ту зору хазонам карда ҳамчун фасли пойиз,

К-аз нишоту шодмонӣ нестам дигар нишона.

Идомаи: ЭҶОДИ ҶАВОНОН

МАҲФИЛЕ ДИЛПАЗИРУ ХОТИРМОН

 

17-уми майи соли ҷорӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии яке аз устодони барҷастаи назми муосир, шоири маъруф устод Лоиқ Шералӣ маҳфили зебои адабӣ баргузор шуд.

Идомаи: МАҲФИЛЕ ДИЛПАЗИРУ ХОТИРМОН

ШЕЪРИ НАВ ДАР ЧАШМИ ХУШБИНАТ МУБОРАК БОД БОЗ!

 

Дар Тоҷикистон касе, ки бештар аз дигарон дар шеъри сапед ва нимоӣ даст дорад, Доро Наҷот аст. Аз миёни шоирони тоҷик дар шеъри сапед ў қавитар ва дасти тавонотаре дорад. Шеъри Доро аз шеъри Суҳроби Сипеҳрӣ ҳам навтар аст. То ҷое нав аст, ки ҳатто аҳли завқи Тоҷикистон мегўянд, ки мо намефаҳмем ў чӣ мегўяд.

Доро Наҷот бо рамз, бо мафҳумҳои ирфонӣ ва тасвирҳо сухан мегўяд. Тасвирҳое ҳаст, ки онҳоро бо сухан ифода карда намешавад. Ба ин хотир фаҳми ин шеър дониши зиёдтаре талаб мекунад. Дар мавзўи шеъри Доро Наҷот ҳам аз тариқи расонаҳои хабарӣ зарурати таҳлил ва баррасии густардатаре вуҷуд дорад, то мардум бифаҳманд ва бишнаванд, ки пешқадамтарин шоири тоҷик дар шеъри мудерн ё шеъри сапед Доро Наҷот аст.

 Муъмин ҚАНОАТ, Шоири халқии Тоҷикистон


 

Дар қаламрави қаламкашон ҳам зиндагӣ якранг нест. Ин ҷо ҳар як суханвар бо рангу бў, эҳсос ва идроки такрорнашаванда арзи ҳастӣ мекунад. Ҳангоме ки маҷмўаи нахустини шоири ҷавон Дороро варақ мезадам, бўи муаттари чулингону пудина ва дигар анвои гулҳои ҳазоррангубўи кўҳӣ димоғи маро муаттар мекард.

Қутбӣ КИРОМ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

 Шеъри сапеди Доро дигар аст ва шеъри ўро набояд сода ва осон гирифт. …Сурудаҳои аз шеъри Аҳмади Шомлу сарчашма мегиранд ва мактаби Шомлу дар қаламрави форсизабонон бисёр бузург ва боэҳтиром аст. Завқи қолабии мо ҳам бояд рўзе қолабшиканӣ кунад!

 ГУЛНАЗАР,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Банда бар ин фикрам, ки муроҷиати Доро Наҷот ба навъи дубайтӣ на аз пайравӣ ба муди рубоӣ ва чаҳоргонасароӣ, ки ба шеъри солҳои 60-90-и мо хос буд, вобаста аст. Балки ба шоир вазну оҳанги сабуку дилнавоз ва барои эҳсоси табиӣ мувофиқи дубайтӣ (мафоилун, мафоилун, мафоил) писанд афтодааст, ки ба таровишҳои эҳсоси даруниаш мувофиқ омада буд.

Абдухолиқ НАБАВӢ, муҳаққиқ

ва мунаққиди осори адабӣ


 

Шеъри Доро барои пажўҳишҳоизиёд мавзўъ медиҳад, пажўҳишҳои забонӣ, вожасозиву ибораофаринӣ, пажўҳиши тасвиру образҳои тозаи дороӣ, пажўҳиши истифода аз асотиру таъриху атиқа ва вожаҳову маъниҳои марбут ба онҳо ва, оқибат, пажўҳиши ҳадафмандӣ дар шеъри Доро.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон


Рисолаи Доро Наҷот дар бораиШайх Абдулқосими Гургонӣ аз ду ҷиҳат диққатҷлбкунанда мебошад. Аввалан, роҷеъ ба ин шахсияти машҳури тасаввуфи қарни ХI маълумоти маъхазҳо ҷамъоварӣ нагардида буд ва аксарияти хонандагон дар бораи ў ба ҷуз номаш иттилоъе надоштанд.

Дуюм, масъалаи иртиботи Шайх бо шайхони дигар ва осору орои ў барои равшантар ва васеътар тасаввур кардани вазъи бархўрди андешаҳои мухталифи асрҳои миёна ва муҳити маънавии он давраҳо қобили аҳамият аст.

Кароматулло ОЛИМОВ, доктори илми фалсафа


 

Шеъри тоҷикии форсӣ, ин муъҷизатарини муъҷизаҳои ҷаҳони маънавӣ, ки ҳазор сол пеш ба сухани парвозиву болбахши мавзуну муқаффо асос гузошт, дар асл дигаргуна будааст ва дар як қарни охир боз тағйири шаклу қолаб кард.

Қисмати шоирии Доро Наҷот маҷозан ба ҳамин роҳи пурпечутобу пурҷустуҷўи таҳаввули шеъри тоҷикии форсӣ мемонад…

Шоир худ медонаду Худо, ки чӣ дуру дароз ва пуршебу фароз буда роҳи таҳаввулу такомули бардошту боздеҳи маънавӣ. Роҳе, ки оқибат оварда ба дарку корбасти батамом дигаргунаи эҳсосу калом, каломе, ки аз ҳамон калимаҳои қаблии маъмулист, аммо фазою ҳавои билкул тозае дорад. Ва хусусияте, ки ин ҷо ҳам, чун дар шеърҳои суннатии шоир барҷаста ба назар мерасад, тоҷикона дидан, тоҷикона эҳсосу идрок кардан ва аз муҳиту фазову эҳсосу идроки тоҷикӣ тоҷикона сурудан аст. Ҳатто дар модернтарини ашъораш ин хусусияти ирсӣ - пайванд бо хостгоҳи аҷдод ва расму одату анъанаҳои он барҷаста аст ва бўе аз бемории бегонагаравӣ эҳсос намешавад.

Низом ҚОСИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Доро Наҷот солҳо шеърро дар қолабҳои суннатӣ ба таҷриба гирифт, зебоӣ, шевоӣ, бадеият ва балоғатро бишнохт, то рўй овард ба шеъри сапед. Ҳамон гуна, ки Нимо Юшиҷ пас аз таҷриба андўхтан дар қолабҳои суннатӣ нигоҳи худро дар шеър тағйир дод…

Муҳаммадалии АҶАМӢ,

 шоир ва муҳақиқ


 

Доро Наҷот пешрави сапед дарТоҷикистон ва аз ҷумлаи шуарои мудерн ва навгароест, ки бо шеъри сапед ва қолаби шеъри вижаи худ тавонист зарфияти шеъри Тоҷикистонро боло бардорад. Вай бо мутолиоти амиқи худ ва ошноии нисбӣ бо шеъру адабиёти бостон ва таваҷҷуҳ ба шеъри муосири ҷаҳон тавонистааст ба забони мустақилу сабки мудерн даст ёбад ва бо таваҷҷуҳ ба бофти рўҳиву равонӣ ва эҳсосоту авотифи ноби шоиронааш шеъри сапеди худро арза дорад.

 Алиасғари ШЕЪРДЎСТ


Доро агар пажўҳишгаре дақиқунуктаёб ва шоире пешрав ҳам набуд, барои ман инсоне дўстдоштанӣ ва қобили эҳтиром аст, то чӣ расад ба ин, ки ба ҳамаи фазилатҳо ва хубиҳо низ ороста аст.

Қаҳрамон СУЛАЙМОН


 

Яке аз вижагиҳои адибон ва фарҳехтагони тоҷик вобастагии шадид ба фарҳанги ниёгон аст. Тоҷикон вориси давлатдорони Сомонӣ ҳастанд, ки ҳазор сол пеш аз ин тавонистанд даврони тилоии ҷаҳони форсиро пас аз ҳамлаи аъроб дар шохаи гуногуни илму адаб шукуфо созанд…

Кори Доро Наҷот дар «Озарахши озароин» намунае аз ин дидгоҳҳо мебошад. Шоир дар ин баёз хостааст родмарди танҳои ормонҳояшро ба андешааш ба хонанда бишносонад.

Доктор Масъуди МИРШОҲӢ, раиси Анҷумани Рўдакӣ дар Фаронса


 

…Ба эътиқоди ман, Доро Наҷотшоири бузургест. Ў бо ҳамин ду шеъри сапедаш, ки дар фасли гузидаи ашъор омадааст, собит кард, ки рўҳияе мутафовит бо дигарон дорад. Мехоҳад ҷўри дигар бубинад ва биандешад. Ба шеъри тафаккур эътиқод дорад. Ў бегумон дар иртиқои шеъри сапеди тоҷик таъсири фаровоне хоҳад дошт.

Доктор Алиризо ҚАЗВА,

шоир ва муҳаққиқ


 

Шоирон сарчашмадорони сафои оламанд,

Шеъри нав дар чашми хушбинат муборак бод боз!

Ганҷи Дороро зи фарҳанги Зарафшон ёфтӣ,

«Озарахши озароин»-ат муборак бод боз!

ОЗАРАХШ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Мебинам, мебинам!

Хилъати ту

 сирри нилии Сайҳун аст,

 хилқатат софии гардун.

Иродатат-

 матонати Куруши Кабир

 ва ибодатгоҳат

 паҳнаи Хуросони қадим.

Нуқраи СУННАТНИЁ


 

Вақте арўси вожа бо

ноз мехиромад

Дар гулшани хаёли

ғарқи умеди Доро,

Дар чашми пурсафояш

аз шавқ мезанад ҷўш

Чун оби софи Замзам шеъри сапеди Доро.

Валиҷон БАЁНӢ


 

ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РЎЗИ САХТ…

Рўйдодҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус ҳалокати одамон, тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла адибонро сахт ба ташвиш овард.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми адибони мамлакат ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.

Идомаи: ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РЎЗИ САХТ…

БА ИФТИХОРИ 110-СОЛАГИИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

 

 Рӯзи 5 май, соати 14, дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати аҳли адаб ва ҳунар маҳфили адабӣ ба муносибати 110-солагии устод Турсунзода барпо мегардад.

Гардонандаи маҳфил - устод Аскар Ҳаким.

       Даромадан озод аст.

МОДАРИ ТОҶИК ТУРСУНЗОДА ЁФТ

 

Муъмин ҚАНОАТ

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

Барои Мирзо Турсунзода

 

Барои ҳурмати мўи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст,

Барои дил, дили оинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ў падид аст,

 

Барои хотири шеъраш, ки онро

Ба роҳи хеш болу пар намудам,

Барои шеъри мардумошнояш,

Ки аз он шеъри худро сар намудам,

 

Идомаи: МОДАРИ ТОҶИК ТУРСУНЗОДА ЁФТ

ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОЛИ 2021

 

Вилояти Хатлон

Минтақаи Бохтар – 22-23 апрел

Масъул: Озар Салим

Мутасаддиён: Сироҷиддин Икромӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Озар Салим, Чӯпонбадали Ванҷӣ, Офоқ.

Идомаи: ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОЛИ 2021

ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БА ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ ИНТ

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Дар бахши наср:

1. «Апома – духти Испетамон»

(қиссаи таърихӣ). Давлатшоҳи Тоҳирӣ. Хуҷанд, «Ношир», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ.

2. «Турнаҳои мусофир» (маҷмўаи ҳикояҳо). Сипеҳри Ҳасанзод. Душанбе, «Адабиёти бачагона», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ.

Идомаи: ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БА ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ ИНТ

МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов

 

«Муҳтавои таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи тарбия, дар маҷмӯъ ва дар Паёми навбатӣ аз ҷумла дар он аст, ки тамоми фаъолияти ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактаб, маориф, зиёиён ба бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ равона карда шаванд. Муҳтаво ва ҳадафи кори тарбиявӣ дар ин самт моил кунонидан ба «худшиносии эътирофгардида»-и миллии ҳар як узви ҷомеа мебошад. Натиҷаи ҳама гуна тарбия бояд муътақидгардонӣ ба идеяҳои давлати миллӣ бошад. Бидуни чунин дастоварди заҳматталаб ва мақсаднок раванди эъмори давлати миллӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа дар ҳар як марҳалаи таърихӣ зери суол хоҳад рафт. Маҳз ба ҳамин хотир Паёми навбатии Пешвои миллат дар масъалаҳои рушди маънавиёти миллӣ ва давлати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат», ки маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа» чоп шудааст.

Матни пурраи мақоларо дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

Идомаи: МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СИМОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

 

Ҳамасола дар арафаи зодрўзи устод Айнӣ дар муассисоти илмиву омўзишии мамлакат ҷамъомадҳои илмӣ ва маҳофили фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ҳатман як чизи наве, далели тозае роҷеъ ба осори гаронсанги ин шахсияти бузурги миллӣ дар ин ҳамоишҳо гуфта мешавад. Ончунонки маҳфили илмию адабии дар Донишгоҳи миллӣ баргузоршуда собит кард, осори бузургҳаҷм ва гуногуннавъи устод на фақат пурра пажўҳиш нашудааст, балки ҳатто пурра ҷамъоварӣ ҳам нагардидааст.

Идомаи: СИМОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved