• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67


(ГУЗОРИШИ МУҚАДДИМОТИИ МАВЗӯЪ)

Тамаддуни тоҷикӣ бо зиндагии таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардуме вобаста аст, ки аз замонҳои қадим бо номи ориёӣ, эронӣ аз аввали асри Х1 («Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ) бо номи тоҷик дар марзи Хоразм, Марв, Ҳирот то Систон ва дар Шарқ аз Ҳафтрӯд, Фарғона, Бадахшон, то кӯҳҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди таърихии мавзеи сукунати тоҷикон ба сарзаминҳои на ромишбахш, вақте «ба чашми мардумонаш хуш», ки дар Авесто аз офариниши онҳо хабар меёбем, асосан мувофиқат дорад. Ин қазия ба қадимӣ будани сукунати тоҷикҳо дар ин марзу бум далолат мекунад, ки замоне ривоятӣ ва таърихии ҳазораи дуюм ва якуми то мелод аст (Авесто 2001, 422-424).


Тоҷикон дар канори рӯдҳои Амударё (дарёи Ому) бо шохобҳои Панҷу Вахш, Кофарниҳон, Сирдарё бо шохобҳои Нарин, Парак (Чир-чик), рӯди Зарафшон, рӯди Ҳарирӯд, дар поён Марврӯд, рӯди Ҳилманд ва рӯдҳои кӯчаки дигар аз замонҳои қадим, аҳди кӯчи Ориёиҳо ва Скифҳо зиндагӣ мекунанд. Тамаддуни тоҷикӣ як ҳиссаи тамаддуни бузурги эронӣ ва дар аксари маврид истилоҳи дигари муродифи он аст. Таърихан тамаддуни тоҷикӣ аз аҳди Ҳахоманишӣ намудори ошкоро дошта, сарзамини тоҷикнишини имрӯза гӯшаи канорӣ дар қисмати аъзами шимоли шарқии он давлат ва баъдан Сосониён буд. Давлатҳои Юнону Бохтар, Кушониён, Ашкониён ва Ҳаётала ба ин минтақа истиқлоли сиёсӣ ва хосияти иникшофи тамаддунӣ дода буданд. Ташкили давлати хоқонии турк ва аз асри панҷуми мелодӣ мудохилаи он ба зиндагонии кишварҳои Суғду Бохтар, хурӯҷи паёпайи мардумони турк дар фосилаи наздик ба якуним ҳазор соли ахир дар сарзамини сукунати тоҷикон ба зиндагонии онон таъсири тақдирсозе гузоштанд. Дар натиҷа дар аксари сарзаминҳои Осиёи Миёна онҳо сукунат гирифта, миқдоран нисбат ба мардуми қадимии маҳаллӣ афзуда, аксаран мақомоти сиёсиро дар даст доштанд ва аз вуҷуҳе вофир тамаддуни тоҷикиро пазируфта, дар мақоми иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи муносиби худ ва ҳамсанги тамаддуни маҳаллӣ ёфтанд ва фарҳанги хоси худро ба вуҷуд оварданд. Тамаддуни тоҷикиро мавҷи фурӯрехта меросбар шуд, ҳамзамон ба он таъсире гузошт, вале вай асолати бунёди қадимии худашро нигоҳ дошт. Дар тӯли таърих, ки паҳнои таҷрибавии муносибатҳои башарист, бархурди як тамаддун бо дигаре, шикасти тамаддунҳо бисёр рӯй додааст. Як чиз мусаллам аст, ки тамаддунҳои бузург ва ғанӣ дар муддати мадиде инкишоф ёфта, ҳангоми бархурд бо тамаддунҳои дигар муқовимату устувории ҳайратангезе ба зуҳур оварда, тарафи зӯровар таъсиру тағйири асолатгиреро пазируфтааст. Қавми муғул, пайваста бо қабоили турки ба онҳо пайваста дар моварои тамаддуни эронӣ чунон мунҷару мунҳал шуд, ки аз он дар миёни мардумони эронӣ қабоили хурди парешон монданду бас. Ин як навъ инкору напазируфтани тамаддуни бегона буд. Хулафои араб дар оғози давлатдорӣ сиёсати инкори тамаддуни эрониро пеш гирифта, онро дар гӯшаи тардиди мутлақ гузоштанд. Тамаддуни тоҷикӣ (эронӣ) ба ин ҷараёни номатлуб қобилияти пазироӣ ва навсозӣ нишон дод ва бунёди як тамаддуни хоси тоҷикӣ (эронӣ)-ро гузошт.
Тамаддуни тоҷикӣ натиҷаи мавҷудият ва фаъолияти қавми тоҷик (этнос) ҷузъи ақвоми эронӣ дар тӯли таърихи шинохт ва худшиносии онҳост, ки дар марҳилаи майяни асрҳои миёна ва замони нав ҳамчун миллати нажодӣ ва миллияти сиёсӣ ташаккул ёфтааст. Тамаддуни ягонаи тоҷикӣ таърихан хосияти марҳилавӣ дорад ва камияту кайфияти дигаргуниҳо асоси бунёдиро нигоҳ медоранд, ки ба кайфияти тағйири таърихии онҳо дар боло ишора рафт. Дар шакли ваҳмию тахайюлӣ тамаддун чизест, ки фардро дар мавҷудияти иҳотаи табиӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, фаъолиятҳо, маънавият ва рӯҳоният фаро мегирад. Вай дар замоне тавил барои қавму миллияте (балки ақвоме ҳам) арзиши хосу ом дорад ва фарогири зиндагонии фарду ҷамъият аст. Зиндагии ҳамарӯза дар кунуни тамаддуни миллӣ ҷараён меёбад ва касе аз афроди ҷомеа, ба истиснои муҳақкиқон, ба ҷузъиёту куллиёти тамаддун сару коре надорад. Оммаи мардум дар пайи каму беши рӯзгори худ, мувофиқи тамаддуни сохтаю парвардаи таърихи дуру дарози салафҳо зиндагӣ мекунанд, бидуни он ки дар сари чуну чарои он сахт андешида бошанд. Шинохти тамаддунии афрод ба дарёфти ҳуввияти миллию нажодӣ, қавмӣ ва русуму одатҳо монандӣ дорад.
Азбаски тоҷикон дар соҳили рӯдҳо зиндагӣ мекарданд ва мардуми муқимӣ буданд, асоси тамаддуни тоҷикиро деҳқонӣ, кори кишоварзӣ ва чорводорӣ ташкил мекунад. Ин тарафи тамаддуни тоҷикӣ дар китоби Авесто акси худро ёфтааст. Мазмуни бахши «Вандидот» саросар сухан аз кори кишоварзӣ ва деҳқонӣ мегӯяд (Авесто 2001, 425-435). Дар он ҷо омада: «Замине, ки дар замоне кишт нашуда бимонад… ношодком аст ва барзигареро орзу кунад» (ҳамон ҷо, 434). Сарзаминҳои макони зиндагонии тоҷик ҳам дар ҳамон бахш зикр шудаанд. Дувумин сарзамини офаридаи Аҳура Маздо Сугуд буд; савумин сарзамин ва кишвари неки офаридаи Аҳура Маздо Марви пок, чаҳорум Балхи Зебо панҷум Нисайя дар миёни Балху Марв, шашумин сарзамину кишвар, ки Аҳура Маздо офарид, Ҳирот ва дарёчааш буд; ҳафтумин сарзамину кишвари офаридаи Аҳура Маздо Кобули бадсоя; ҳаштумин Урваи дорои чарогоҳҳои саршор;… ёздаҳумин Ҳирманди ройуманди фарраманд, понздаҳумин сар-замину кишвари офаридаи Аҳура Маздо Ҳафтрӯд буд (Авесто 2001, 422-424). Аксари ин сарзаминҳо ҳамон ҷоест, ки тамаддуни тоҷикӣ рӯидааст.
Тамаддуни тоҷикӣ истилоҳи махсуси фаъолияти ин мардум – деҳқониро ба вуҷуд овард. Деҳқон ва деҳқонӣ асоси тамаддуни тоҷикӣ, фаъолияти шахс, муносибаташ ба замину обу кишоварзию боғдорию чорвопарварӣ мебошад. Вай имкониятҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва маънавии тоҷиконро такмил додааст. Сохтани каналу ҷӯйборҳо, обёрӣ кардан ва ҳосили фаровони зироату меваҷот, полезкорӣ гирифтану инкишофи чорводорӣ натиҷаи ҳунари оббарорӣ ва наҳру ҷӯйбор буд. Дар Самарқанд оби Зарафшон ба чор рӯд ва дар Бухоро ба нуҳ ҷӯйбор тақсим мешуд. Дар тамоми Миёнколот аз Самарқанд то Бухоро заминҳо обёрӣ шуда, деҳоту заминҳои обӣ аз ҳам ҷудо набуданд. Дар асри Х1Х минтақаи аз ҳама сернуфуси водии Бухоро ҳамин идомаи Миёнкол буд (Шишов 2006, 8).
Ҳамин гуна системаҳои обёрӣ дар саросари марзи маскуни тоҷикон мавҷуд буданд ва боқимондаю нишонаҳои онҳо дар саросари шаҳру деҳоти тоҷикнишин ҳанӯз ба назар мерасанд. Истилоҳи деҳқону пешаи деҳқонӣ бо маънии низоми зиндагонӣ бо мафҳуми тамаддун ҳамоҳангӣ дорад. Ҳатто зиндагии шаҳрии тоҷикӣ аз фаъолияти деҳқонӣ ҷудо набуд; мардуми шаҳрнишин боғот ва заминҳои деҳқонӣ доштанд. Тамаддуни тоҷикӣ навъҳои серҳосил ва мутобиқи талаботи иқлими кишвари худи гандум, шолӣ, ҷаву қуноқу арзану нахӯду наску мошу боқило ва рустаниҳои равғандори зағиру кунҷиту маҳсар (офтобпараст) парвариш кард. Парвариши полезиҳо – тарбузу харбуза, ҷуворӣ (арзани ҳиндӣ), каду ва анвои лӯбиёгиҳо, наску мош дар кори деҳқонӣ ривоҷ дошт ва навъҳои хубу сараи муносиби мавқеи табииро тамаддуни тоҷикӣ ба вуҷуд овард. Пиёз, сирпиёз, шалғаму зардак (сабзӣ), анвои сабзиҷот – қаланфуру гашнизу шибиту райҳон ва ғайра ҳиссаи муҳимми фаъолияти деҳқонӣ дар тамаддуни тоҷикӣ буданд. Анвои меваҷот, даҳҳо хели ангур барои тар хӯрдану хушконидану шарбату сирко гирифтану мураббо пухтану шароб хобонидан ва ғайра парвариш шуданд. Анвои онҳо аз қадим маълум буд, чун ҳусайнӣ, тоифӣ, ҷавз, дили кафтар, говангур, мешак ва бара, кишмиш ва ғайра; навъҳои себ – самарқандӣ, тобистонӣ, тирамоҳӣ, суғдӣ, хубонӣ, турушак ва ғайра; анвои зардолу- қандак, хурмоӣ, маҳтобӣ, санҷалӣ, кордакӣ, хасак ва ғайра ва олуболую олучаю гелос; санҷид, ноку мурут; анвои тут; бедона, рованӣ, шайхӣ, ревиштӣ, шоҳтут, тути сиёҳ, тути балхӣ ва ғайра. Ҳамаи ин анвои меваҷот замони истифодаи тару хушк, вазифаи ғизоӣ, табобатӣ доштанд. Анор ва анҷир низ аз навъҳои муҳим ва серистеъмоли меваҷоти тоҷикист. Тамаддуни тоҷикӣ навъҳои сафеду сурхи анҷирро, ки бо ҳаҷм, таъму маза фарқ доранд, ба вуҷуд оварда, анори навъҳои ширин, зарддона, хотунӣ, туруш, ҷангалӣ ва хонагиро парваридааст. Меваи дарахти туғро ҳам истифода мекарданд, хокистари ҳезуми анҷир ва туғро дар ҷойи ифлос намепартофтанд. Бодом дар минтақаҳои гармсер парвариш меёфт. Чормағз дарахтони садсолаи бузург дошт ва дар деҳот аз дур менамуд. Чормағз навъҳои қоғотӣ, пилагӣ ва ғайра дорад.
Ҳар як аз навъҳои донагӣ, меваҷот, полезиҳо панҷ-даҳ ва аз он зиёд анвоъ доранд, ки қисми зиёде дар тӯли садсолаҳо, мутобиқи иқлиму обу хоки маҳал ва зарурату мутобиқати талабу эҳтиёҷоти мардум ба вуҷуд оварда шуда ва хоси тамаддуни тоҷикӣ мебошанд. Масалан, зардолу дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои олам мерӯяду парвариш меёбад. Аммо зардолуҳои ниёзӣ, хурмоӣ, кордакӣ, машпоқ, қандак, маҳтобӣ, мирсанҷалӣ, талхак ва чилагӣ, агар ҳама набошад ҳам, аксар яқинан парваридаи тамаддуни тоҷикӣ ва ҳосили ҳунари садсолаҳои мардум мебошад. Ин қазия бегумон ба анвои гандуму ҷаву харбузаю туту дигар парвариданию хӯрданиҳо мувофиқат дорад.
Анвои донагиҳо асосан барои хӯрок ва ғизо истифода мешуданд. Қисмеро барои тухмӣ дар чоҳҳо, хумҳои бузург, дар анборҳо нигоҳ медоштанд. Ҳиссаи асосии гандуму ҷаву қуноқу арзану боқило, қисман нахӯдро низ ҳамчун захираи хӯроки яксола, то расидани ҳосили нав, дар осиёбҳои зиёди деҳоту шаҳрҳо орд мекарданд ва дар хамбану кулиҳо, дар хумҳо ва ҳатто халтаҳои бузурги чармӣ нигоҳ медоштанд. Дар деҳаҳои кӯҳистон анвои зиёди тутро ҷамъ оварда, хушк ва орд мекарданд, ки онро тутпист мегӯянд ва соли дароз чун хӯроки иловагӣ истифода менамуданд. Дигар анвои хӯрданӣ низ дар тобистону тирамоҳ барои тамоми сол омода ва захира карда мешуданд. Дар хурмаҳои бузург ва сабадҳо қуруту мавизи туту ангур, анҷири хушк, чормағзу зардолую бодом, дигар меваҳои хушк, ширинии ангуру тут, равғани зарду зағиру чормағзу нахӯд, наску мош, лӯбиёҳои гуногун барои тамоми сол захираю нигоҳдорӣ мешуданд. Лаблабую сабзию шалғамро дар чоҳҳо нигоҳ медоштанд. Ҳамин буд зиндагонии деҳқонии тамаддуни тоҷикӣ.
Чорводорӣ рукни асосии кори деҳқонӣ баъди кишоварзӣ дар тамаддуни тоҷикист. Гов (дар баъзе ноҳияҳо қутос) дар системаи тамаддуни тоҷикӣ ва кори деҳқонӣ ҷонвари муҳим аст ва навъҳои муносиби шароити маҳалии он тарбият ва парвариш ёфтаанд. Муҷассамаи сари гов яке аз рукнҳои сутун дар Тахти Ҷамшед аст ва ба мақоми хосаш дар тамаддуни тоҷикӣ далолат медиҳад. Гов (барзагов) дар тамаддуни тоҷикӣ олати асосии ҷуфт рондан ва хирман кӯфтан аст бар хилофи аврупоиҳо, ки заминро бо асп ҷуфт мекунанд. Парвариши гов барои гӯшт, шир, кори деҳқонӣ ва чарм яке аз рукнҳои муҳимми тамаддун буд. Шири гов, буз ва камтар гӯспанд, маҳсулоти аз онҳо берун оварда – ҷурғот, дӯғ, қурут ва махсусан равған ҳиссаи муҳимми ғизои тоҷикон аст. Равғани чарбуи гову буз бо равғани дунбаи гӯспанд ба таври омехта истифода мешуданд.
Бузу гӯспанд ҳиссаи муҳимми кори деҳқонианд. Буз бештар дар минтақаҳои кӯҳӣ ва кӯҳдоманҳо зиёд аст, гӯспандро дар водиҳо ва хонаҳо парвариш мекарданд. Дар тамаддуни тоҷикии аҳди зардуштӣ гӯспанд ҳайвони муқаддас ва ҳимоятгари инсон шинохта шудааст. Парвариши гӯспанд навъҳои нодири онро ба вуҷуд овард, ба монанди гӯспанди ҳисорӣ, ки дар зоти худ беназир аст. Ҳайвонҳои қадимии саворию борбар – аспу уштуру хар аз қадим як ҳиссаи рӯзгор ва тамаддуни тоҷикиро ташкил медоданд. Уштурро дар даштҳо нигоҳ медоштанд, пашму пӯсту гӯшташро истифода мекарданд. Асрҳо аз уштурҳо корвонҳо ташкил медоданд ва тиҷорати кишварҳои дуру наздикро бо корвони ушутурон анҷом медоданд. Корвонҳо ахбор, аҳволи сиёсию иҷтимоӣ ва моддӣ, вазъи маънавию мазҳабӣ, моли кишварҳои Миёназамину араб ва Эронро ба Чину Ҳинд мебурданд ва аз он ҷоро ба Ғарб интиқол медоданд. Уштуру корвон дар тамаддуни тоҷикӣ ва фарҳанги он мавқеи назаррас дорад. Пешрави корвон маъмулан маркаб (хар) буд бо зангӯлае ва сарвари онро сорбон мегуфтанд. Баъдҳо масири ин корвонҳои Шарқу Ғарбро аз Роҳи абрешим мегуфтанд, ки бо кушода шудани роҳҳои баҳрӣ аз ҷониби Аврупоиён арзишашро аз даст дод ва таъсире ба тамаддуни тоҷикӣ гузошт. Асп колаи асосии саворӣ, роҳпаймоӣ, боркашонӣ мустақиман ва бо ароба буд. Дар хонавода асп нишонаи дорандагӣ, зебу зинат ва ифтихор маҳсуб меёфт. Тамаддуни тоҷикӣ навъҳои хоси аспро ба вуҷуд овард, ки машҳуртарини он аспи хуталӣ, лақаӣ ва ғайра мебошанд. Лашкарҳо дар ҷангҳои қадим ва асрҳои миёна аз лашкари савора, ки воситаи асосӣ асп буд, дар халқҳои кӯчию бадавӣ аз уштур, мураттаб мешуданд. Аспро ба танҳоӣ ва дар ҳайати сипоҳ машқи махсус медоданд, дар аробаҳои ҷангӣ (гардунаҳо) мебастанд ва бори силоҳу дигар маводи ҷангиро мекашиданд, нигоҳубини махсус мекарданд. Дар ҷашну лаҳзаҳои дилхушӣ аз асп барои чавгонбозӣ, пойга ва бузкашӣ истифода менамуданд. Асп воситаи ифтихори мард буд ва ба ороиши зину лаҷом ва чодари он махсус эътибор медоданд. Дар фарҳанги тоҷикӣ аз замонҳои қадим образи асп инъикос шуда ва дар ҳамосаи қаҳрамонии «Шоҳнома», дар эпоси «Гурғӯлӣ», ривояту афсонаҳои мардумӣ акси худро ёфтааст. Номи қаҳрамонони достон бо аспҳои онҳо ҳамроҳ омадааст, чун Рахши Рустам, Шабранги Беҳзоди Сиёвуш, Шабдизи Хусрав ва ғайра. Номи касон дар рӯзгорони куҳан якҷоя бо вожаи асп сохта мешуд, ба монанди Гаршосп, Луҳросп, Гуштосп ва монанди он.
Хар (маркаб) воситаи боркашонӣ ва савории хонаводагӣ буд ва мувофиқи ҳол як ҳиссаи тамаддун ва русуми зиндагонии тоҷикиро бо мавҷудияти худ такмил медод. Дар аввали асри бистум аморати севу-ниммиллионаи Бухоро дувоздаҳ миллион чорво дошт, ки ҳиссае аз маркаб буд. Дар хонадони тоҷик сагу гурба вазифаи посбонӣ ва нигаҳдории молу коло ва чизу чораи хонаро ба ҷой меоварданд. Сагро дар шикор ва маъракаҳои сагҷанг ҳам истифода менамуданд. Дар хонаҳои мардони шикорӣ ва олуфтаю тӯраҳо бози шикорӣ ва баъзе дигар парандаҳоро нигоҳ медоштанд; кабку будана ва хурӯсҳои ҷангиро баъзе олуфтаҳо парвариш менамуданд.
Мурғ навъи асосии парандаи хонагӣ буд, дар замони тоислом хурӯсро муқаддас медонистанд. Мурғро асосан барои гӯшт ва тухмаш нигоҳ медоштанд. Ҳамаи ҳайвонҳо, чи хонагӣ ва чи ваҳшӣ ба ҳалол ва ҳаром ҷудо мешуданд. Аз ҳайвонҳои хонагӣ хару сагу гурба, дар баъзе минтақаҳо аспро ҳам ҳаром медонистанд. Аз парандаҳо кабку кабӯтар, мурғи ҳилол (кабки дарӣ), анвои гунҷишкро, моҳиҳоро ҳалол донистаанд. Аз ҷонварони ваҳшӣ харгӯшу оҳую гавазн ҳалоланд: онҳоро шикор мекарданд ва дар рӯзгори худ истифода мебурданд.
Сарзамини шукуфон яке аз тамаддунҳои қадими ҷаҳон, тамаддуни тоҷикиро ва мардуми ориёии он дар водии рӯдҳои Оксусу Яксарт давлатҳои қадимии Бактриана (Балх), Согдина (Зарафшон) ва Хоразм (Хива)-ро ба вуҷуд овард. Онҳо кишварҳои сернуфус, соҳиби сарватҳои моддӣ ва сатҳи волои инкишофи сиёсиро доштанд (Шишов 2006, 42).
Баъдан дар тӯли таърих давлатҳое, ки сарзамини ягонаи тоҷикнишинро бо сиёсати ягонаи давлатӣ ва мафкуравӣ ба ҳам оварда бошанд, кам будаанд. Кушониён, дар аҳди қадим ва Сомониён дар замони ислом шояд намунаи чунин давлатдорон буданд. Саффориён сиёсати қавмӣ ва нажодии тоҷикӣ доштанд. Сомониён ботинан дар сиёсат равиши миллӣ доштанд ва ба пешрафти тамаддуни тоҷикӣ мусоидат карданд. Зиндагонии тоҷикон дар канори давлатҳои бузург ва мулуки тавоиф ба вазъи тамаддуни тоҷикӣ таъсири хосе гузошт. Тоҷикон дар қадим пайравӣ аз ойини Зардуштӣ менамуданд ва таъсире аз он дар тамаддуни тоҷикӣ то ба имрӯз мушоҳида мешавад; дар шаҳрҳо маъбади оташпарастон мавҷуд буданд; ҷашну идҳо ҳанӯз русуми оташпарастиро бо худ до-ранд; бисёр қисса ва образҳои фолклор аз он ҷо маншаъ гирифтанд ва ғайра. Дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишин ойини будоӣ таъсире дошт; муҷассамаи бузурги Будо аз Аҷинатеппаи водии Вахш, муҷассамаҳои Будо дар Бомиён, шаҳри Ғулғула дар Бомиён, ки дар аввали асри Х1 Султон Маҳмуд онро хароб кард. Ойини насториании Масеҳӣ дар миёни тоҷикон таъсир ва пайравоне дошт ва аз мавҷудияти он то асри Х11 дар миёни тоҷикон манбаъҳои таърихӣ хабар медиҳанд.
Ҷараёни мусулмон шудани тоҷикон аз асрҳои VII-VIII мелодӣ шурӯъ шуда ва дар аввалҳои асри Х1 ҳамаи тоҷикон исломро пазируфтаанд. Аз он замон тоҷикон, бо каме истисно, мусулмони аҳли суннат, дар мазҳаби Эмоми Аъзам мебошанд. Дар баъзе минтақаҳо тоҷикон мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва дар қисме аз Бадахшон мазҳаби шиаи исмоилияро пайравӣ мекунанд. Дар тамаддуни тоҷикӣ ҳама русуми хонаводагӣ, зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, маргу зиндагонӣ дар доираи русуми мусулмонӣ ва суннатҳои қадимӣ анҷом меёбанд. Аз замони қадим набудани давлати ягона ва мутамаркази миллӣ ба муносибатҳои сахти мазҳабӣ дар тамаддуни тоҷикӣ таъсире гузошт. Дар натиҷа дар миёни тоҷикон дин сурати ягонаи омехта бо сиёсати давлатӣ нагирифт ва дар ҷомеа таъсири ҳамагонии маҳдудиятгари рафтору кирдори фардро надошт. Мавҷудияти ойинҳои гуногун дар қадим низ ба сустии таъсири мақоми сиёсии мафкураи мазҳабӣ ва мавҷудияти озодии андеша дар ҷомиа дарак медиҳад. 
Дар оғози тасаллути ислом, дар асрҳои IX-XI гузашта аз ҳокимияти нимрасмии хилофати Аббосиён, давлатҳои маҳаллӣ бо таъсири инерсияи суннатҳои таърихию фарҳангӣ таассуби сахти мазҳабӣ надоштанд. Озодандешӣ дар миёни мардуми бумии Осиёи Миёна бо гироиш ба мазҳабҳои гуногун, чун Исмоилия, Қарматия, пайдоиш ва устувор шудани таълимотҳои илмию динии машшоъ (ратсионализми фалсафӣ), калом, ирфон ва фалсафаи исломия зоҳир мешуд. Асоси таълимоти тариқати Нақшбандия, ки тоҷикон аз он пайравӣ менамуданд, «дил ба ёру даст ба кор», ҳамин назари озодандешонаи тамаддуни тоҷикии деҳқонӣ будааст.
Таносуби ойини мусулмонӣ бо таълимотҳои динию фалсафии мазкур, омехтагии онҳо дар тӯли асрҳои миёна, нузулу бартарии яке бар дигаре дар таълимоти донишмандон, андешаи мутафаккирон, назари табақоти ҷомиа, гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мудом вуҷуд дошт. Тамаддуни тоҷикӣ аз гӯшаи дури деҳоти кӯҳистон то шаҳрнишинону аҳли касбу пеша, соҳибмансабону сармоядорон ва ҳатто дарвешону бенавоён саршор аз ҳамин ҷаҳоншиносии мазҳабӣ, китобӣ, илмию таълимотӣ буд. Аз ин ҷост, ки ҷомиаи тоҷикон ҷамъияти мутамаддини қадимӣ аст.
Давлатҳое, ки дар ҷомиаи тоҷикон ҳукумат меронданд, ба ғайр аз Сомониён ва амириҳои истисноии дигар, мардумони омада ва ҳукумат барпо карда буданд. Бо ин сабаб, тамаддуни тоҷикӣ ҳадафи ягона ва миллии сиёсӣ пайдо накард, то ки мояи ягонагии тоҷикон шуда бошад. Тоҷикон дар водиҳо, минтақаҳо, шаҳрҳо ва давлатҳои хурду бузург сукунат доштанд. Пайванди онҳо ба якдигар аз ҷиҳати умумияти нажодӣ, фарҳангӣ, забонию мазҳабӣ дар заминаи тамаддуни қадимии тоҷикӣ буд, ки даъво ва даъват баҳри ягонагии сиёсӣ кам дошт. Давлатҳои бузургу хурд, аз Ғазнавиёну Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён, то Шайбониёну Аштархониён, Манғитиён ва дигар аморату хонигариҳо дар пояи тамаддуни тоҷикӣ ҳукумат сохтанд, аз шахсиятҳои бузург, заминаҳои аҳли он истифода карданд. Ҷомиаи асрҳои миёна табақотӣ буд ва тоҷикон мақоми миёна ва поёниро дар давлат ишғол доштанд ва тамаддуни тоҷикӣ муносиби ин ҳол ва мавқеъ мебошад. Шахсиятҳои варзида вазифаҳои ёварро, чун вазиру дабиру надиму қозӣ ва ғайра доштанд. 
Тамаддуни тоҷикӣ бо умроноти шаҳрҳо, сохтмони биноҳои бузург, қасру кӯшкҳо, роҳсозӣ, мадрасаҳо аз қадимтарин рӯзгорон вобаста буда ва шинохта мешавад. Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро (асри Х), мадрасаи Хоҷа Машҳад (асри Х1) дар Шаҳритус, биноҳои азими регистонҳои шаҳрҳои бузург, масҷиду мадрасаҳо, корвонсаройҳо дар саросари марзу буми тоҷикнишин намунаҳои олии тамаддуни тоҷикӣ мебошанд.
Хонадон аз хонаи бузурги хонаводагӣ (деҳқонӣ) аловгаҳ, айвон (айвонҳо), пештоқҳо, ганҷур (анборхона), ошхона, меҳмонхона (қӯшхона), таҳхонаҳо, каҳдон, ҳавлиҳо (дар шаҳрҳо даруну берун), суфа (суфаҳо), оғилхонаҳои молу гов, аспу хар иборат аст. Пас обчакории назди ҳавлӣ, заминҳои корам ва боғот сар мешаванд. Заминҳои лалмикорӣ дар даштҳо ва доманакӯҳҳо буданд. Мардумони деҳот хонаҳои саҳроӣ ва чарогоҳӣ дар дашту биёбон, доманакӯҳҳо (девлохҳо) доштанд. Дар маркази деҳа барои ҷамъомади омма масҷид ва мадраса буд, баъзе деҳаҳо дар ин марказ манорҳо месохтанд. Вусъати марказ вобаста ба миқдори аҳолӣ ва вусъати деҳот ба шаҳраку шаҳрҳо буд. Дар маркази шаҳрҳо ин майдон бузург шуда, регистон унвон дошт.
Вусъату бузургии хонаи марказӣ ба эҳтиёҷот ва имконоти хонавода вобаста буд. Ҳар ҳиссаи миёни марзҳои болопӯши хона болор хонда мешуд ва вусъати хонаро миқдори болорҳо (аз ду то чор) муайян мекард. Биноҳои аз ин бузургтар кӯшкҳо ва аз он зиёд, қаср (кох, ҳисор, диж)-ҳо буданд, ки манору гунбадҳо ва арку пешайвонҳо доштанд. Тамаддуни тоҷикӣ намунаҳои олии хона, қасру кохҳо ва ҳунари шаҳрсозӣ ба шакли осори харобгардидаи бостонӣ, намунаҳои олию камназири имрӯза ба вуҷуд оварда буд.
Рукни муҳимми тамаддуни тоҷикӣ забон, хат ва китобат мебошад. Забони тоҷикӣ бо номи қадимиаш – порсӣ (форсӣ) машҳур аст, ки аз решаи ҳиндуаврупоӣ, баъдан ба китобати порсии бостон дар шакли шифоҳӣ ва хаттии сангнавишт ва китобати порсии миёна (паҳлавӣ) даромадааст. Забони порсӣ асоси тамаддуни тоҷикӣ марҳалаҳои бостон, авастоӣ, порсии миёна (паҳлавӣ) ва порсии нав номҳои форсии тоҷикӣ ва форсии дариро низ гирифтааст. Забони порсии дарӣ дар сарзаминҳои маскунии тоҷикон – Мовароуннаҳру Хуросон расмӣ, адабии китобӣ шуд ва то имрӯз дар пояи ҳамон асли пайдоиш роиҷ ва дар истифода монд. Забони форсии бостон хати мехиро дошт, форсии миёна бо хати оромӣ, оромии суғдӣ, хатти махсуси китобати Авесто – алифбои диндабира, порсии дарӣ хатти форсии дар асоси арабӣ коркардшударо бо ҳамин номи хатти форсӣ дорад. Аз ин ҷо тамаддуни тоҷикӣ маданияти хаттӣ ва китобии наздик ба сеҳазорсола мебошад. Дар асри ХХ парокандагии мардуми тоҷик ҷудоӣ дар решаҳои тамаддуни он ба бор овард. Алифбоҳои лотинӣ ва русии ворид карда, ҷудоӣ аз суннатҳои забонӣ хисороти азиме дар салоҳияти луғату наҳв оварданд, ки то имрӯз идома дорад. Забони форсии қадим дар гӯишҳои маҳаллӣ, забони хоразмӣ, суғдӣ, яғнобӣ, забонҳои помирӣ мавҷудияти пояи аслии тамаддунии худро идома дод, гӯишҳои тахорӣ, суғдӣ ва хоразмӣ суқут карданд, дигарҳо то имрӯз идома доранд ва бозгӯи қадимии тамаддуни забонии тоҷикӣ мебошанд. Забони форсии тоҷикӣ забони илмӣ ва фарҳангӣ аст. Аз асри ҳаштуми мелодӣ ба ин забон таълифоти мактуб дар бахшҳои мазҳаб, илм, ҳунар, адабиёт ба вуҷуд омаданд. Миқдори номгӯӣ таълифот ва дастнависҳои форсӣ 35 ҳазор ба шумор меояд. Дар тӯли зиёда аз 1200 соли таълифи осори манзуму мансур забони форсии тоҷикӣ бо қабулу раду бадали алфоз ба забони фарҳангии соҳиби қабатҳои зиёди ҳунарию фарҳангӣ табдил ёфт. Вай дар шакли шифоҳӣ низ рушд намуда, ганҷинаи азими фолклорро ба вуҷуд овард. Бинобар ин, забон як ҳиссаи бузурги тамаддуни тоҷикӣ мебошад.
Тамаддуни тоҷикӣ бо тиҷорат ва касбу косибӣ аз айёми қадим мавҷудият дошт. Корвони тоҷирони Суғду Бохтар ба сарзаминҳои дури Рум, араб, Сақлоб (славянҳо), Ҳинду Чин бор мебурданду меоварданд. Шаҳрҳои зиёди ин сарзамин майдони бозору тиҷорат, мубодилаи молу коло ва то замоне ҳатто бардагон (ғуломон) буд. Савдо бо навъҳои пулӣ, иборат аз сиккаҳои тиллову нуқра ва филизӣ, табодули умдаи ашё сурат мегирифт. Абрешими чинро тоҷирони суғдӣ ба савдо мебурданд. Тиҷорат дар миёни маҳалҳо, водиҳо ва кишвару минтақаҳои ҳамҷавор доимо дар ҷӯшу хурӯш буд.
Ривоҷи косибӣ яке дигар аз падидаҳои муҳимми таърихан қадимии тамаддуни тоҷикӣ буд ва дар замони шӯравӣ маҳдудият ёфта бошад ҳам, дар Афғонистон суннатҳои он идома доранд. Кулолгарӣ дар аксари деҳот, дар шаҳрҳо аз қадимтарин рӯзгорон мавҷуд буд ва эҳтиёҷоти хонадони мардумро бо зарфҳои кулолӣ таъмин мекард. Як вазифаи дуредгарӣ ҳам аз чӯб тарошидани зарфҳо, монанди табақу чумча ва ғайра буд. Косибон кафши чӯбӣ метарошиданд, асбоби тоза кардани пахтаю пашм, тофтани риштаю бофтан месохтанд; дару дарвоза, даричаю равзана, сандалию гаҳвора, чархчӯбу кӯпу соғую паймона, сандуқу таванг, лавҳи зери китоб, кати нишасту хоб ва дигар асбоби рӯзгор дуруст мекарданд; юғу сипор, чархҳои оббарор, пулу марзаю пулакчаи болои хонаҳо, дастаи досу теша, каланд, табар ва дигар асбоби рӯзгорро низ дуредгарон метарошиданд.
Оҳангарӣ аз навъҳои муҳимми косибӣ буд. Оҳангарон досу теша, арра, бел, дастаю занҷири дар, табар, чойҷӯш, наъли хару асп, оҳани ҷуфт, корд, қайчӣ, поку, ранда, офтобаю дег ва дигар асбобҳои рӯзгорро месохтанд. Оҳангудозӣ дар бисёр минтақаҳо аз қадим маъмул буд. Дар водии Ванҷ оҳангудозӣ расм буд ва оҳан ба дигар ҷойҳо тиҷорат карда мешуд, асбобҳои аз оҳани Ванҷ сохта дар бисёр минтақаҳо машҳур буданд. Оҳангарон асбобҳои ҷанг, монанди гардунаҳо, шамшер, ханҷар, найза, корд, сипар, ҷавшан, хӯд (кулаҳхӯд) ва ғайраро таъмин мекарданд.
Дигар аз пешаҳои косибӣ дар тамаддуни тоҷикӣ чармгарӣ коркарди пӯсту пашм буд, ки аз устои чармгар ва навъҳои касби чармгарӣ иборат буд; чармгар чармро аз пӯсти гов, гӯспанд, буз, оҳу ва уштур тайёр мекард. Аз пӯсти хар чарми ғафс барои рӯйи ҷилди китобҳо омода мекарданд ва онро булғар мегуфтанд.
Чарми гӯспанд ва қисман аз буз ҳам ба шакли пӯстак, бо нигоҳ доштани мӯю пашм барои нишастан ва аз гӯспанд ҷиҳати паҳн кардан дар бистари хоб омода карда мешуданд. Аз пӯсти коркардашудаи гӯспанд пӯстин медӯхтанд, пӯстини говиро ҳам дар ахбори қадим ёд кардаанд. Капанак ном пӯстини буридаостини гӯспандӣ низ машҳур аст. Кори дигари мӯю пашм ба дасти ҳунармандони бофанда мегузарад. Аз чарм косибон пойафзол омода мекарданд; мӯзаҳои чармӣ тарзу шакли зоҳирии гуногун доштанд, навъу сифат ба шахсияти мӯзапӯшон ва расми замон (мода) вобаста буд; барои сарбозон, сипаҳбадон навъи мӯзаи хос медӯхтанд; подшоҳону ашрофони кишвару давлат ва дигар бузургзодагон навъи мӯзаи худро доштанд, деҳқони хокпошу барзгар дар ҳангоми кор чоруқ мепӯшид. Хулоса, сифату рангубори мӯза ба мансубияти табақотӣ ва мавқеи иҷтимоии вай вобаста буданд. Навъи занонаи мӯза ҳам буд. Тамаддуни тоҷикӣ навъи махсуси пойпӯши чармӣ –маҳсиро кашф кардааст, ки аз ҳама навъҳои чарм, вале бештар аз навъҳои нармтар омода шуда, маҳсӣ (аслан масҳӣ – аз маҳс кашидан) баъди таҳорати аввал пӯшида шуда, дар намозҳои дигар ҳангоми таҳорат аз болои он маҳс кашида мешавад. Ҳунари мӯзадӯзӣ аз касбҳои маъруф ва муҳтарам дар тамаддуни тоҷикӣ буд ва дар шаҳрҳо чандин коргоҳҳои чармгарӣ ва мӯзадӯзӣ мавҷуд буд, ҳар деҳа ва минтақаи деҳоти калону шаҳракҳо низ мӯзадӯзи худро доштанд, ки шахси ҳунарманд буд, мӯза медӯхт, мӯза ва дигар пойафзори чармиро тармим мекард. Ҳамин мӯзадӯзҳо маъмулан кафши мардона ва занона ҳам медӯхтанд, ки навъи онҳо бо номи кишвару шаҳрҳо вобаста буд, чун кафши самарқандӣ, ҳиротӣ, кобулӣ, булғорӣ ва ғайра.
Аз чарм пойафзори чоруқ медӯхтанд ва ин ҳунарро ҳамаи мардони ниёзманд доштанд. Навъҳои он, вобаста ба мавқею замона ба вуҷуд омадаанд. Чоруқ асосан пойпӯши мардуми фаълаю деҳқон, аҳли кору пеша буд. Навъҳои мукӣ зиёд буданд, чоруқҳои гирднаъл, чамбус, хомак ва дигар навъҳо буданд. Торҳои созҳои мусиқӣ – рубобу ғиҷҷак, дутору сетор, танбӯру думбура, зеҳи камон ва камонғулак аз пӯст омода карда мешуданд. Аз чарм кулоҳ, миёнбанд, тасмаи миён, чархи устои оҳангарӣ, дуғкашӣ ва дастпӯшак ҳам омода мекарданд.
Бофандагӣ дар тамаддуни тоҷикӣ, ба ривояти «Шоҳнома», дар замони Ҷамшед барои пӯшидан расм шуд. Ба василаи бофтан бештари пӯшиданиҳою густурданиҳо ва дигар асбоби рӯзгор омода карда мешаванд. Бофандагӣ як протсесси мураккаб, иборат аз чунин зинаҳост: омода кардани рангубор; дастгоҳҳои бофтану тофтан; маводи бофтан; пашми гӯспанд, уштур, мӯи буз; пахта ва абрешим. Ранг аз хокаи фулузот, реша, барг, пӯсти дарахтон ва алафҳо омода карда мешавад. Рангҳо ҳама табиӣ буданд, барои ранг кардани чарму риштаи маводи бофандагӣ истифода мешуданд навъҳои матоъ бо рангу навъи ришта фарқ мекунанд. Устоҳои рангубор аксар аз падару бобо ҳунари худро ёд мегирифтанд ва касби авлодӣ буд. Рангҳои саратарро занони ҳунарманди шаҳру деҳот худ тайёр ва истифода менамуданд. Хаттотон, суратгарон, наққошон ва гулдӯзон низ рангҳои муносиби касби худро омода мекарданд. Ба ранги навиштанӣ паяи қуноқро ҳамроҳ карда меҷӯшониданд, ки чунин ранг наметаровад ва намеравад.
Баъди омода кардани ранг марҳилаи баъдии бофандагӣ, ресидану тофтани ришта ва омода кардани нахи пила сар мешавад. Дастгоҳи ҳалоҷӣ барои ҷудо кардани нахи пахта аз пунбадона истифода мешавад. 

 

Худоӣ ШАРИФЗОДА

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved