• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Китобии «Бодоми шириндона»‑и Гули Зард соли 2007 аз тариқи нашриёти «Эҷод” ба табъ расидааст. Маълумоти кӯтоҳ, ки ба қалами муҳаррир ё муаллиф тааллуқ доштанаш равшан нест, гӯё қаблан хонандаро аз сифати асар огоҳ мекунад.

Аз ҷумла, дар он навишта шудааст: ”Дар маҷмӯа шаҳди сухани ошиқ, поси намаки дӯстиву бародархондагӣ, равғани чашми падару модар ва хоҳару бародар, маҳкамии ихлосу имон, ба як маънӣ зиндагӣ меҷӯшаду исён мекунад. Маҷмӯа иборат аз ҳикоётест, ки бо ҳам пайванди рӯҳониву маънавӣ доранд”. Лиҳозо хонанда ҳайрон мешавад, чӣ тавр он чиҳо, ки номбар шудаанд, исён мекунанд? Гузашта аз ин, исён кардани равғани чашми падару модар ва хоҳару бародар ба дарки хонанда ҳеҷ дарнамеояд.

Дар маълумотнома китобро маҷмӯаи ҳикоёт номидаанд, аммо болотар ва дар саҳифаи аввал жанри он "қисса дар ҳикояҳо” эълон шудааст. Агар сӣ‑чил саҳифа бихонӣ, мефаҳмӣ, ки муаллиф ҳақиқатан ҳам ба қисса дар ҳикояҳо будани асараш иддио дорад. Ва агар то охир хонӣ, яқин мекунӣ, ки асар ба жанри номбурдаҳеҷ мутобиқат намекунад.

"Бодоми шириндона” бо як саҳнаи фаҳш шурӯъ мегардад:

"Зани зебои сафедпӯст ва марди гандумранг дар бистари тозаву гарм чун нилуфари маҳтобӣ ба ҳам печида, масти шукуфоӣ буданд ва парвои одам, балки олам надоштанд. Зан сари зебои худро ба сандуқи синаи қавии дӯстдоштааш гузошта, ӯро чун дурҷи мушк бӯй мекашид...” (3)

Ин саҳна севуним саҳифаро дар бар мегирад. Аз ҷумла:

"Зуҳайл чашмонашро кушода, сандуқи синаи дӯстдоштаашро бӯсаборон кард. Ӯ ҳалқаи дастонашро эҳтиёткорона аз даври миёни Шӯҳрат бикшода, бо занҷираи ангуштони нозуку зебои дарозаш ба гардани ӯ бипечид. Дастони Зуҳайл дар гардани Шӯҳрат дар обшори мӯйҳои ӯ мелағжиданд ва лабонаш лабҳои дӯстдоштаашро мемакиданд... Аз чизе шарм намедошт. Барояш ин лаҳза умуман сарҳадди шарму ҳаё вуҷуд надошт... Ӯ тану нафсашро пурра бахшида буд ва аз тарафи ин мард қабул гардида”. (4‑5)

Дар саҳифаи 7 маълум мешавад, ки муаллиф саволро аз хитоб фарқ намекунад:

"Ба зарби тапиши дил тоб наоварда, рӯ ба осмон карду пурсид:

‑‑Худоё, як умр ман дар ҷойи дуввум ё савум будам. Бо ақли расо, ҳусну ҷамол ва забони буррову дили гӯё ҳаргиз бахтам надодӣ! Умрам гузашту маро лоиқи либоси арӯсӣ надидӣ!...”

Зуҳайл қаҳрамони марказии асар ва, аз нигоҳи муаллиф, қаҳрамони мусбат аст. Зуҳайл медонад, ки Шӯҳрат ду зан дорад, аммо бо вай ишқ меварзад ва ба ин хотир сезанагиву чорзанагиро ҳақмебарорад. Муаллиф аз номи вай ин амали зиддиқонуниро тарғиб мекунад:

"Маънии иҷозат ба чор зан гирифтани мардонро дар шариати ислом акнун фаҳмидам. Марди дар ҳақиқат баномус як занашро дар сари як китф, дигарашро дар сари китфи дигар ҷо медиҳад. Сеюмиро ба оғӯш ва чорумашро бар дӯш гирифта, ҳамаи онҳоро баробар мехӯронаду мепӯшонад ва ҳамаашонро хушбахт мегардонад”. (8)

Занҳое, ки ба болои чанд зани дигар зани марди "баномус” мешаванд, аз нигоҳи муаллиф баақлу бафазланд:

"Танҳо зани оқил хушбахт шуда метавонад. Ӯ бо асабҳои орому ақли расо ҳама масъалаҳои ҳаёташро дар тарозуи адл бармекашад ва қарори дурустро интихоб мекунад. Ба ғайр аз ин, танҳо зани оқил метавонад ҳамсарони дигари шавҳарашро самимона дӯст дорад, онҳоро қадршиносӣ намояд, ба ҳузурашон эътибор надиҳад. Умуман ин тоифа занон ба қонунҳои нонавишта, вале маълуму маъмули зиндагӣ итоат мекунанд. Яънеҳар касе, ки ҳамсарашонро дӯст дорад, онҳо низ ӯро дӯст медоранд. Ин занҳо аз ҷабру ситам ва меҳнат наметарсанд. Онҳо барои шахси дӯстдоштаашон чун фидоӣ метавонанд наандешида ба обу оташ дароянд”. (9)

Шӯҳрат бо вуҷуди он ки ду зан дорад, боз бо дигар занҳо ҳамхобагӣ мекунад. Зуҳайл ҳамин гуна мардонеро, ки якчанд зан доранду маъшуқабозӣ ҳам мекунанд, марди ҳақиқӣ меномад. Ҳатто боре дар оғӯши ин гуна мард будани занҳо мӯҷиби фахри онҳост:

"Марди ҳақиқӣ метавонад яку якбора чанд занро хушбахт гардонад, охир занҳои сиёҳбахт дар дунё ин қадар бисёранд. Бигзор Шӯҳрати ман низ дасти якеро бигирад. Шарт нест, ки аз мо ҷавонтару зеботареро ёбад. Беҳтараш бевазани як ё ду кӯдак дошта ё зани дар зиндагӣ роҳгумкардаеро ёбад. Ӯро бо ятимонаш парасторӣ кунад, ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ин корро ҳама дастгирӣ хоҳанд кард... Боре аз зане шунидам, ки мегуфт:

‑‑Ифтихор мекунам, зеро лаҳзае бошад ҳам, ёри он мард будам!

Дар ҳайрат афтодаму аз худ пурсидам:

‑‑Ӯ чӣ гуна мард бошад, ки боиси ифтихори ин зан гардидааст?

Баъд аз шиносоӣ бо Шӯҳрат маънии дурусти суханҳои он занро фаҳмидам”. (10‑11)

Дар вохӯрии аввалини тасодуфӣ Зуҳайл ва Шӯҳрат ба ҳам майл пайдо мекунанд. Онҳо то ин вақт якдигарро надидаанд, аммо аллакай нигоҳашон "ташнаи зор”‑и якдигар аст:

"Ду нигоҳ ба ҳам бархӯрданд. Ду нигоҳи пур аз асрор, ду нигоҳи ташнаи зор ё аз чизе афгор. Ин ду нигоҳи бегонаи бо ҳам ошно дар қаъри чашмони якдигар дармонданд”. (14)

Муаллиф Зуҳайлро беҳад ташнаи мард ба тасвир меорад: "Аз дидани рӯи ин ҷавонмард дили Зуҳайл таҳ кашида, сараш чарх зад” (15). Гӯиё то ин дам ҳеҷ мардро надида бошад.

Дар охир "Зуҳайл ба рӯи ҳамсӯҳбаташ нигоҳ накарда, хам шуд ва аз даруни мошин китоберо бо номи "Ҳадя” ба ӯ дод ва гуфт:

‑‑Баъзе қиссаҳои ин китоб дар бораи мананд. Муаллифи китоб шиносам аст. Ӯ маро қаҳрамони бархе аз қиссаҳояш қарор додааст.” (15)

Зуҳайл аз иффати ба занони тоҷик хос маҳрум аст, чунончи муаллиф давом медиҳад:

"Чашмони Зуҳайл беихтиёр бозувони ҳамсӯҳбаташро муоина мекарданд. Шӯҳрат дар тан курта надошт. Шояд ӯ куртаашро барои шустани мошин аз тан бароварда буд. Барои Зуҳайл ин аҳамият надошт. Ӯ бепарво қадду қомати Шҳӯратро аз нӯги по то тори сар аз назар гузаронд. Китфони зебову хеле қавиаш аз зери таҳпӯши сафед намоён шуда, аз паҳлавон буданаш шаҳодат медоданд”. (16)

Пас аз он ки қаҳрамонон ба шаҳр меоянд, шабе бо ҳам вомехӯранд ва Зуҳайл, ки Шӯҳратро ҳамагӣ як бор дида буд, аллакай ба оғӯши вай медарояд:

"Баъди ба шаҳр баргаштан онҳо шабе вохӯрданд. Як шаб кофӣ буд, ки ҳаёти Зуҳайл чаппагардон шавад. Аз ин рӯз эътиборан фикру хаёлаш бо ёди Шӯҳрат банд буд”. (19)

Дар саҳифаи 22 омадааст: "Шаби аввали вохӯрӣ онҳо то субҳ ишқварзӣ карданд”.

Шӯҳрат ҳамагӣ як "бойбачаи олуфта”‑и дузанаи маъшуқабоз аст, аммо аз нигоҳи Зуҳайл ӯ барин мард дар ҷаҳон вуҷуд надорад:

"Ба назари Зуҳайл чунин менамуд, ки ин мард ягона, нотакрор ва беҳамтост. Дар танҳоӣ зери болопӯши маҳин хобида, танҳо Шӯҳратро ба ёд меовард. Аз ин мард барои худ қибла ва аз симои ӯҳайкали орзуҳояшро метарошид. На аз гуноҳ метарсиду на тавба мегуфт”. (20)

Фарқи Шӯҳрат аз дигар мардон дар ин сатрҳои каммаънову камранг ифода ёфтааст:

"Ӯ нисбати синну соли худ қиёфаи ҷиддитар дошт. Аз рафтору кирдору гуфтораш кас чунин таассурот мебардошт, ки ӯ марди ба аҳдаш вафодор ва аз сафсаттагӯӣ дур аст. На сергап асту на камгап. Кам савол медод. Бештар гӯш мекард, хандааш беғубор буд”. (21)

Дар давоми ин сатрҳо маълум мешавад, ки Зуҳайли бадахлоқ натанҳо "қаҳрамони бархе аз қиссаҳо”‑и кадом як шиносаш, балки худаш ҳам нависанда аст!

"Худоё, рӯзе ёди ӯ маро девона мекунад, ‑‑ мегуфт гоҳо ба худ Зуҳайл. Ӯ дили бирёнашро гум карда, шабу рӯз болои компютер нишаста, машғули навиштани романи нав буд. Зуҳайл мехост то рӯзи таваллуди Шӯҳрат китобашро ба итмом расонда, онро чун рамзи муҳаббати хеш ба маҳбубаш ҳадя намояд”. (21)

Шӯҳрат ҳам гӯё ошиқи Зуҳайл аст ва аз ҳамсарони худ ӯро тафовут медиҳад:

"‑‑Аз зани якум як писар дорам. Баъди ҷарроҳии вазнин ӯ дигар фарзанд ба дунё овардан наметавонад ва дардманд аст. Аз ҳамсари дувумам ду духтарча дорам. Ҳарду ҳамсаронам занони хубанд, аммо ту барои ман дигарӣ. Туро ман умре меҷустам ва аз Худо талаб карда будам. Дар рӯи замин гулҳо зиёданд, аммо мо аз байни ҳамаи онҳо якеашро мепарастем”. (25)

Зуҳайл то дараҷае аз иффат маҳрум аст, ки мехоҳад бо модари Шӯҳрат вохӯрда, барои ба дунё овардани чунин писар, ки ба болои ду зан бо дигар занҳо, аз ҷумла бо худи Зуҳайл, ишқварзӣмекунад, миннатдорӣ намояд:

"Ин шабу рӯз яке аз орзӯҳои ниҳонии Зуҳайл дидани дидори модари Шӯҳрат буд. Ӯ мехост модареро бубинад, ки ҷавонмарди дӯстдоштаашро ба дунё овардааст. Барои хушбахтии худ ба ӯ миннатдорӣкарда, ба гӯшаш гуфтание дошт ба ин маъно:

‑‑Шуморо бо тамоми ҳастиям дӯст медорам, барои ҳадяи ҷонбахшатон. Бале, Шӯҳрат ҳадяи Парвардигор ва зодаи Шумост, ман пеши поятон сари таъзим фуруд меорам. Худатон намефаҳмед, ки чӣ қадар ман Шуморо дӯст медорам барои ӯ, ба ивази лаҳзаҳои хушбахтиам. Садқаи хоки поятон шавам, модари азиз!”. (22)

"Бойбачаи олуфта” дар кадом идора чӣ вазифаро адо мекунад, маълум нест. Фақат дар саҳифаи 27 гуфта мешавад:

"Зуҳайл медонист, ки кори марди дӯстдоштааш бо сарҳад ва оромии хонадонашон, тинҷиву амонӣ ва ободии Ватани азизашон вобастагӣ дорад”.

Зуҳайл дар чанд маврид зебоии ҷисмонии Шӯҳратро васф мекунад, дарҷои дигар ба вай хаёлан муроҷиат мекунад:

"Ту зебо нестӣ! Не! Вале ин қадар ботини зебо дорӣ!” (42).

Хонанда беихтиёр мепурсад: Он қадар таърифу тавсифҳо куҷо рафтанд? Гузашта аз ин, Шӯҳрат чӣгуна ботини зебо дорад, вақте ки соҳиби ду зан асту боз маъшуқабозӣ мекунад?

Шӯҳрат ба сафари хидматӣ меравад. Дар фурудгоҳ ӯро додараш Беҳрӯз ва маъшуқааш Зуҳайл гусел мекунанд. Дар ин ҷо ҳам Шӯҳрат ба Зуҳайл мефаҳмонад, ки вай барояш азҳама азиз аст:

"Вақти қайди чиптаҳо низ расид. Овози зане аз баландгӯяк мусофиронро ба даромадгоҳ даъват мекард. Шӯҳрат бо тамоми ҳастиаш Зуҳайлро ба оғӯш гирифт. Онҳо дар қафои мошини сабукрав менишастанд ва майли аз ҳамдигар ҷудо шуданро надоштанд. Арақ аз пешонии Шӯҳрат мешорид. Маълум буд, ки ҳаяҷон бар ӯ ғолиб гаштааст.

‑‑Ҷони ман, намехоҳам аз барат дур бошам, аммо зиндагӣ моро ба ҳар ҷо мебарад. Кори ман ҳаминро талаб мекунад. Ман мераваму диламро бо ту мемонам, ҷону ҷигари ман, ‑‑ гуфтанҳои Шӯҳрат дар гӯшҳои Зуҳайл тамоми роҳи бозгашт ба хона садо медод”. (27‑28)

Он бегоҳ Зуҳайл ба дафтари хотираҳояш эҳсоси ҷудоиро ба қалам меорад ва ҳамин тариқ гӯё бо Шӯҳрат розгӯӣ мекунад. Навиштаи вай беш аз 100 саҳифаи китобро фаро гирифта, ҳатто ба бобҳое мисли "Шаби аввали ҷудоӣ”, "Нимашаб”, "Тирамоҳ омадааст”, "Бодоми шириндона”, "Махсуми Санги Кулула”, "Ранҷурии хотири зану шавҳар”, "Калоти ёрон”, "Анҷом”, "Гиряи Ҳоҷӣ Исмоил”, "Як солу бисту нӯҳ рӯз дар ҷаҳаннам”, "Гулҳои маст”, "Тӯмори орзу”, "Интизорӣ” тақсим мешавад. Аксари бобҳои номбурда, мисли тарошаи азбомафтода, ба сужаи қисса ва ба ишқу ошиқии қаҳрамонон комилан дахле надоранд. Масалан, дар чанд боб Зуҳайл ба Шӯҳрат оид ба рӯзгору шахсияти Эшони Шайх, Домулло Муҳаммадсаид, Санги Кулула, Нуриддини Паронакӣ, Исмоил Пирмуҳаммадзода ва дигар муллоҳо, инчунин оид ба воқеаҳое, ки гӯиё ғайббину валӣ будани баъзе аз онҳоро исбот мекунанду аз хурофотпарастии муаллиф шаҳодат медиҳанд, "нақл мекунад”. Ё, масалан, дар боби "Анҷом” оид ба вохӯриҳояш бо ҳамсари Исмоил Пирмуҳаммадзода ҳикоят менамояд, ҳатто дар се саҳифа (99‑101) марсияи Салими Хатлониро бар вафоти вай, ки аз номи Исмоил Пирмуҳаммадзода навиштааст, меорад.

Аксар вақт Зуҳайл ҳамсарону фарзандони Шӯҳратро сарфи назар мекунад, худро ягона қадрдони он "бойбачаи олуфта” меҳисобад. Чунон ки дар дафтари хотираҳо менависад:

"Хобам паридааст. Ҳушу гӯшам дар дури дуриҳост. Шӯҳрат, ту дар сафариву хаёлан ҳамсафарат гаштаам. Бояд маро ҳатман дар хоб бинӣ. Баъд аз модарат ягона зане, ки дар тамоми олам туро ба касеву чизе иваз нахоҳад кард, ин манам. Кош сиҳату саломат баргардӣ. Касе ба мисли ман туро ин қадар пазмону интизор нест”. (40)

Барои Зуҳайл аҳамият надорад, ки Шӯҳрат маъшуқабоз аст:

"Пеш аз ман занҳои зиёдеро мешинохтӣ. Аҷаб не, баъд аз ман низ ёреро навозиш карда, аз лабҳояш шаҳду шакар чашидаӣ. Оре, ман инро медонам ва парвое надорам. Чунки оянда баъзан барои ман аён аст ва ман медонам, ки дар ҳаёти ту ягон зан чун ман мартабаи баландро ишғол нахоҳад кард”. (43)

Зуҳайл бо Шӯҳрати дузанаи маъшуқабоз ишқ варзидани худро кори нек ҳисоб мекунад ва подоши нек интизор аст:

ӯзе мефаҳмӣ, ки ҷилои ситораи тақдирамро ҳеҷ рӯшанӣ қудрати панаҳ кардан надорад.Дилпурам аз ояндаи хеш, чунки подоши ҳама кори нек оқибати нек аст”. (43)

Дар рӯзи таваллуди Шӯҳрат Зуҳайл романашро ба анҷом мерасонад ва мунтазири занги ӯ мешавад. Шӯҳрат занг намезанад. Зуҳайл зиқ шуда, ба қаҳвахонаи "Порт‑Саид” меравад.

"Хуҷаини қаҳвахона ӯро бо табассум пешвоз гирифт. Зуҳайл барои худ ҷои торику маҳрамона ёфта, азми нишастан кард, аммо дуртар аз худ Шӯҳратро бо ҷавондухтари мӯйдарози қоматбаланде дида, дар ҷояш шах шуда монд... Ӯ низ Зуҳайлро баробари даромаданаш дида буду худро ба нодонӣмезад...” (173)

Бо ҳамин сужаи қисса ба охир мерасад. Асар ба сифати қисса сужаи кироие ҳам надорад. Чунон ки дар боло зикр карда шуд, бештари ҳикояҳо ба хатти сужа мувофиқ нестанд. Қисми зиёди ҳикояҳо низ аксаран нақли хушку холианд.

Дар асар бисёр ҷумлаҳое вомехӯранд, ки аз бехабарии муаллиф вобаста ба корбурди калимаҳо, таркибҳо, маъниҳо шаҳодат медиҳанд:

"Вақти зиёрат ӯ авалу охир аз Худо, баъд аз ҳамаи пайғомбарони рӯи дунё, азизону бузургон, шаҳидони роҳи равон ва аз арвоҳи мунтазирон кӯмак пурсид”. (11)

"Ӯ аз банди андеша раҳида, ҳастиашро тасаллути эҳсос фаро гирифта буд”. ( 20)

"Ку он чашмони пур аз меҳр, то дар шӯълаи офтоби гавҳараки ба ғуруб сафардоштаи чашмаш ва дар баҳри умеду орзӯҳояш ғарқи хоб гардам?” (31)

"Гоҳо ба дари ҳавлии падар туро бо гардани каҷ дида, сӯхтаму барои иззати нафсатро қадршиносӣкардан накӯшидам”. ( 32)

"Боз ҳамсоязан бо овози зебои ғамангезаш пардаҳои аз ханҷари фалаки бераҳм харошхӯрдаи гӯшҳоямро навозиш мекунад”. (41)

"Хонаҳоро гарм кунед, нону кулчаи бисёр пазед ва чанд рӯзе, ки ин ҷо хоҳанд монд, иззати нафсашонро бо эҳтиром ба ҷо оред”. (50)

"Маҷбурам бо ҳазору як усули муаддаб номи туро, ҷамоли зебои ботинатро ниҳон дорам”. (53)

"Раиси чорвои ноҳияи Қубодиён шуда кор мекардам”. (63)

"Муҳаммадсаиди понздаҳсола аз аҳли уламо узр пурсид ва иҷозати истоданро кард”. (69)

"Домулло Қурбони Парвозӣ ба фарзандонаш борҳо таъкид мекард, то ба иззату эҳтироми авлодаш дақиқ бошанд. " (79)

"Аммо ва боз аммо ва баъд лекин, ки мо дар бораи авлиё ҳарф зада, бояд исботи аниқи суханҳои худро дошта бошем”.(85)

"Аз таснифоти падарам, ки ихлосаш ба бобоям Домулло Пирмуҳаммад хеле бузург буд, шунида будам...” (87)

"Беихтиёр ин мисраҳо (шояд сатрҳо?) пайдо шуданд: ‑‑ Зиндагӣ муаммоест. Ҳаргиз ба ягон гӯшаи хаёлам намеомад, ки рӯзи аз олам гузаштани азизтарини дилам, ҳамсарам, ҷону ҷигарам дар дури дуриҳо хоҳад буд. Ӯ ҳатман маро хоб мебинад. Аммо чӣ суд? Ман дигар ӯро намебинам”. (93)

"Гулҳои харобу хазони ман... акнун якбора шукуфтанро бас намекарданду дар ғурраи гул ғутида меистоданд”. (121)

ӯи он гесӯвони оҳанин ва он қалби оташинат маро девона мекунад”. (123)

"Ӯ яксолаву панҷмоҳа аст, аммо аз дидори рӯям то ҳол сер нашудааст. Аслан гирем, одамон то рӯзи мурдан аз дидори рӯи модар сер намешаванд”. (135)

"Модар маро диду якбора дари хазинаи дарду аламаш кушода шуд”. (154)

"Ҳамин вақт пиразани масте аз ҷойи нишасташ суханони қабеҳ гуфтан гирифт. Ӯ то ҳадди имкон маст буд”. (160)

Дар баъзе мавридҳо ҳатто истифодаи ҷонишинҳои шахсии "ту” ва "шумо” мувофиқат намекунад. Якчанд мисол:

"‑‑Рост мегӯӣ, бобо, ман ба масҷид меравам. Мабодо раис дер биёянд, хафа нашавед, хуб?” (56)

"‑‑Эраҷбойе, Эраҷбойе, ҳамномҳоятон ин қадар бузурганду Шумодар Ватани худ аз гуруснагӣнамурем хуб аст мегӯед, а!? Ризқи бандаро Худованд дар ҳама ҷо фаровон мефиристад. Афсӯс, чашми танги мо, бандаҳояш, на ҳамеша онро мебинад. Шукрро фаромӯш кардӣ?” (64)

"Аз рӯи эҳтиром ба соҳибхона, ки ду‑се сол аз ман калон буд, "Бибим” гӯён муроҷиат менамудам ва ҷавобан ҳолашонро мепурсидам”. (89)

"Аллома домулло Нуридддини Паронакӣбо вуҷуди бузургиашон, чун ба сухан оғоз мекард, аз Махсуми Санги Кулула иҷозат мепурсид”. (112)

"Бибим чунон зебо сухан мегуфтанд, ки ман дар ҳайрат ва аз дидани оби дидагони саршорашгирифтори ғам будам” (96).

Ҷумлаҳои сохта, бебор, маънию мантиқашон хароб зиёданд: "...ҷилои ситораи тақдирамро ҳеҷ рӯшанӣ қудрати панаҳ кардан надорад”, "...деворҳои мулки ишқро бозандудан нашояд!”, "...ба сару либосам нигоҳ накарда, бисёр одами Худотарсу Худоҷӯй ҳастам”, "...решаҳои бодом ба ҳар як китоб навда давонда рафтаанд”, "Худо раҳмат кунад ба равонашон”, "Ман ваколатдорам Шуморо ба масҷид роҳбаладӣ намоям”, "...намешуд, ки ту бо ман бимониву қолабат ба сафар биравар?”, "Кош рӯҳи равонам дар ҳама ҷо кӯмакрасонат бошад”, "Инчунин дӯст намедошт, вақте ӯро гусел мекарданд”, "Ҳаво сард буд. Рӯзона ҳама либоси гарм ба тан доштанд, аммо Шӯҳрат ба сардии ҳавои шаб нигоҳ накарда, бо як куртаи сафеде, ки рахҳои сиёҳ дошт, ба майдони ҳавоӣ омад”, "Ӯ ҳар як ҷумлаашро бо мазмуни сад маротиб баландтар, бо садои бамаротиб ҷаззоб ба забон меовард”, "Дар байни ин ду нафар пуле гаштам овезону назарноаён...”, "Намехоҳам маро бо нафрат гӯронанд ва чанд сол ё чанд моҳ ё чанд рӯзу дақиқае бошад бе ту зистан мегирам. Ҳоло он ки бе ту тобу тавони умр ба сар бурданро надорам”, "...то дар паҳлӯят будагӣ касро шинохта мегирию мефаҳмӣ, ки умр ҳам гузашта рафт”. Нафаре дар як деҳаи Кангурт мегӯяд: "Биёетон, биёетон...”

Алғараз, "Бодоми шириндона” асарест аз ҷиҳати бадеият, бандубаст, мувофиқат ба воқеияти ҳаёт, корбурди калимаву таркибҳо басо суст. Он муаллифро ҳамчун нафаре нишон медиҳад, ки аз дониш ва ҳунари нависандагӣ хеле кам огоҳӣ дорад. Чунон ки дар боло зикраш рафт, дар қиссаи номбурда тарғиби бисёрзанагӣ, хурофот, ишқи бадахлоқона мушоҳида мегардад. Ин гуна асарҳо ба коҳиши завқи эстетикиву этикии хонандагон мусоидат мекунанд, на ба пешравии адабиёт.

Шӯроҳои наср ва нақди адабии

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved