• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 Академик Муҳаммадҷон ШАКУРӢ:

Китоби Насим Раҷабро, ки дар бораи ҳавлии  устод Айнист, хондам. Ин китоб ба ман маъқул шуд, ба шавқи тамом  хондам. Бисёр бо меҳр навишта шудааст. Муаллиф дили пурмеҳр дорад ва дар бораи Айнӣ, дар бораи ҳавлии ӯ, ки ваҷаб-ваҷаб қадамгоҳ аст, бо меҳру муҳаббат  қалам меронад.

 

Ва умед аст, ки ин меҳри нисбат  ба устод Айнӣ ба хонанда, аз ҷумла ба хонандаи ҷавон ҳам мегузарад, дили ӯро фаро  мегирад. Дар чунин мавзӯъе асари шавқовар навиштан бисёр душвор буд, вале ба муаллиф, ба фикрам, муяссар шудааст.

 ДӮСТИИ БЕЗАВОЛИ МО

Агарчи миллатам ӯзбек аст, аммо хуни нофам дар сарзамини муқаддаси Тоҷикистон рехтааст ва ин хоки муътабар маро ҳамчун фарзанди дилбанди хеш ба оғӯш гирифт, ҳамчун инсон ва қаламкаш тарбия намуда, ба воя расонд. Ман дар тӯли умри дарозам бо бародарони тоҷикам паҳлу ба паҳлу кор кардам, эҷод намудам, дар тӯю маъракаҳояшон ширкат варзида, аз меҳри онҳо баҳравар гаштам.

Одатан вақте дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан пеш меояд, бештар дар хусуси дӯстии намояндагони адабиёту санъат ва илму маданият мисолҳо меоранд. Ман, албатта, ин анъанаи некро рад намекунам, аммо дар ин навиштаи хеш мехоҳам дар бораи риштаҳои дӯстии мардуми одии ин ду халқ, ки худ бевосита аз эшон некиҳо дидаам, ҳикоя кунам. Вақте дар бораи дӯстии ҳазорсолаи ин ду халқи бародар меандешам, беихтиёр чорроҳаи кӯчаи Содирхони шаҳри бостонии Хуҷанд, донишҷӯёни маъюси дар ҷустуҷӯи хонаи иҷора сарсон ва симои нуронии коргари одӣ Абдуманнон Файзиеви тоҷик, ки пас аз воқиф гаштан аз мушкилоти мо, донишҷӯёни ӯзбек, дилсӯзона моро ба хонааш бурда, "Ғам нахӯред, йигитҳо, ана ҳамин хонача аз они шумо, то хатм кардани мактаб бемалол дар ин ҷо зиндагӣ кунед"-гӯён падарвор дилсӯзӣ карда буд, ёдам меояд. Ҳарчанд дар назари аввал ин рафтори ӯ  одӣ намояд ҳам, аммо агар жарф биандешем, як ҷаҳон маъниро дорост.

...Пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба мактаби рақами 31-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон фиристода шудам. Бинобар ба итмом нарасидани бинои истиқоматӣ барои мутахассисони ҷавон дар кӯча мондам. Директори мактаб, ҷавонмарди кангуртӣ Амонулло Асоев, бе ҳеҷ дудилагӣ маро ба ҳавлиаш бурда, чор моҳ дар хонааш ҷой дод, ки ин дилсӯзии ӯ аз некиҳои он пирамарди хуҷандӣ монданӣ надорад.

Вақте мо дар бораи ин ду халқи бузург андеша меронем, мақоли "яке бар дигараш устод ва яке бар дигараш шогирд"-ро зиёд ба кор мебарем, ки он бегап нест, албатта. Ғамхориҳои дилсӯзонаи олими шинохтаи тоҷик И. Носиров нисбат ба ҷавонолими ӯзбек Ғуломҷон Тошбоев дар роҳи илм сазовори таҳсин аст. Имрӯз Ғуломҷон Тошбоев ба ҳайси доктори илми кимиё, профессор дар корҳои илмии мутахассисони ҷавони тоҷик Ҷ. Тоҳиров, О. Тӯхтасинов, Н. Парвиз ва ба кори доктории Раҳмон Раҳмонов роҳбарӣ мекунад.

Дар бораи ҳамкории адабии халқҳоямон метвон мисолҳои фаровон овард. Соли 1990 тарҷумони асарҳои Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев Ҳ. Ҳомидов дар ҳамкорӣ бо муаллифи ин сатрҳо дар нашриёти "Чӯлпон"-и шаҳри Тошканд китоби афсонаҳои халқи тоҷикро бо теъдоди 150000 нусха ба табъ расонид. Хамчунин бо дастгирии ин устоди азиз соли 2010 дар маҷаллаи "Жаҳон адабиёти"  "Аспи охирин" ном тарҷумаи асари нависандаи тоҷик А. Рабиев ба забони ӯзбекӣ ба табъ расид.

Боз як мисол аз дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек:

...Зодаи ноҳияи Чусти вилояти Намангон, нависандаи шинохтаи тоҷик Мутеулло Наҷмиддинов (равонашон шод бод!) дар айёми пирӣ як армон доштанд: азбаски дар маконе, ки ба дунё омада, ба воя расидаанд, ягон китобашон тарҷума нашуда буд ва худро дар назди мардуми ӯзбек қарздор медонистанд. Эшон боре ҳангоми сафарашон ба зодгоҳ ин андешаи худро ба аъзои Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, адиб Мансур Инъом низ гуфта будаанд ва ҳатто тарҷумаи повести "Ширмоҳ"-ро барои чоп ба ӯ супоридаанд.

Афсӯс, ки адиби шинохтаамон ҳангоми барҳаёт буданашон чопи ин китоби хешро ба забони ӯзбекӣ надиданд. Зеро ҳарчанд аз байн солҳо мегузаранд, бинобар мушкилоти молиявию иқтисодӣ, Мансур Инъом  он китобро ба табъ расонида наметавонад ва оқибат ба танг омада, дар хусуси он суҳбаташ бо нависандаи тоҷик Мутеулло Наҷмиддинов дар рӯзномаи "Чуст ҳақиқати" мақолае ба табъ мерасонад. Пас аз мутолиаи он мақола як нафар соҳибкорзани ӯзбек Замирахон Увайсова ба идораи рӯзнома омада мегӯяд: Сад афсӯс, ки орзуи деринаи адиби шинохтаамон  ҳангоми ҳаёт буданашон ҷомаи амал напӯшидааст. Ман тайёрам, ки чопи китоби эшонро ба уҳда бигирам, то рӯҳи устод шод шавад. Ниҳоят, соли 2013 қиссаи "Ширмоҳ"-и  Мутеулло Наҷмиддинов бо номи "Тоғларда янграган қӯшиқ" ("Суруде ки дар кӯҳҳо танинандоз гашт") дар нашриёти "Намангон"-и шаҳри Намангон ба табъ расид ва ройгон дар мактаб ва китобхонаҳои вилоят тақсим карда шуд.

Ин мисолҳо қатраест аз баҳри дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек. Банда қариб ним аср боз, ба қадри имкон, ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик машғулам. Дар давоми ин солҳо хонандагони ӯзбекзабонро бо асарҳои қариб сад нафар нависандаи тоҷик ошно намудам. Бо ин баҳона аз суҳбати нависандагони шинохта М. Наҷмиддинов, С. Турсун, А. Самад, К. Мирзо, А. Рабиев ва дигарон баҳравар гаштам, маслиҳатҳо гирифтам. Азбаски солҳои охир чопи китоб мушкил гашт, адибоне амсоли рӯзноманигор ва шоираи шинохта Латофат Кенҷаева дар ҳалли ин масъала ёрииашонро дареғ надоштанд. Бо мадади ин зани заршинос тарҷумаи китобҳои нависандагони шинохта К. Мирзоев, А. Рабиев, С. Зарафшонфар дастраси хонандагони ӯзбек гашт ва бародарони тоҷик меҳнатҳои чандинсолаи бандаро дар роҳи тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони модариам ба инобат гирифта, соли 2017 бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадр карданд.

Оре, солҳо, қарнҳо мегузаранд, инсонҳо низ меоянду мераванд ва ҳаёт ба ҳамин тарз идома меёбад, аммо дарахти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша сарсабз мемонад.

 

Амонбой Ҷуманов,

барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

САДОИ ДИЛИ БУЗУРГ

Вохӯрӣ ва номаҳои академик, Шоири халқии Ӯзбекистон Ғафур Ғулом бо шоирони тоҷик, шеър ва мақолаҳои  дар бораи дӯстии ду халқ, зафарҳои халқи тоҷик навишташудаи ӯ дар устувории робитаҳои адабӣ мавқеи хосса доранд.

Дар мактубе, ки  ӯ ба  устодаш Лоҳутӣ навиштааст, чунин сатрҳо ба чашм мерасанд: "Ассалому алайкум  бародари муҳтарам ва шоири муаззам  Лоҳутӣ!  Назираи ба мусаддаси Фузулӣ навиштаи шуморо ба ҳама ошиқони адабиёт манзур намудам. Оҳангҳои сеҳрофарини шумо бо садоҳои дилнавози созандаҳо ҷӯр шуда, дар гумбади осмони лоҷвардии Ӯзбекистон мунташир шуда, танинандозанд. Алалхусус, барои мо,   шогирдпешаҳои шумо, нависандагони Ӯзбекистон сатрҳои устодонаи шумо дар роҳи эҷод сармашқи намуна мебошанд. Ба муҳтарам Бону ва додарам Дамир салом ва эҳтироми маро расонед."

Дар навбати худ Лоҳутӣ низ ба халқи ӯзбек муроҷиат намуда, мактуби манзум мефиристад.

Мактуби ҷавобии Ғафур Ғулом ба адиби маъруфи тоҷик Сотим  Улуғзода  низ самимӣ ва ҷозибанок аст. Ӯ менависад: " Телеграммаи  пур аз эҳтироми Шуморо гирифта, сарам ба фалак расид. Дер бошад ҳам  ташкил шудани Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ба ин анҷумани дониш президент шудани устоди калони ҳамаи мо домулло   Садриддин Айниро аз сидқи  дил табрик мегӯям ".

Ғафур Ғулом дар  яке аз мактубҳои худ аз Мирзо Турсунзода хоҳиш намуда буд, ки ба иштирокчиёни   ҷашни 80- солагии Садриддин Айнӣ  номаи табрикии ӯро хонад: 

"Дӯстони муҳтарами ман! Ба таваллуди устоди бузургу  дӯстдоштаи адабиёти тоҷику ӯзбек, классики имрӯз Садриддин Айнӣ   80 сол пур шуд. Шумо танҳо  дӯстҳои ҳамқалами ман не, балки дӯстҳои хешутабор ва бародар  низ ҳастед, ки дар ин анҷумани бузург ҷамъ шуда, хотири  устоди зуллисонайни классики имрӯзаи моро шод гардонида истодаед....

Ман аз он шодам, ки бисёр мактубҳои устод, шеър, достонҳои дар хонаи ман навиштаи ӯ, фотоҳуҷҷатҳо дар осорхонаи адабиёти Академияи фанҳои Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд.  Дар фурсатҳои наздик аз инҳо ба Тоҷикистон фотокопия  хоҳам фиристод.

Аз он фахр мекунам, ки он кас ба Тошканд оянд, албатта ба хонаи ман  чун ба хонаи худ ташриф меоварданд. Ман ҳам дар навбати худ ба Самарқанд  ё  Душанбе равам, ба хонаи устод  барои зиёрат, дарс гирифтан мерафтам.

Дар ин ҷо дӯстони ман Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Деҳотӣ, Суҳайлӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ, Камол Айнӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон бояд бошанд. Дӯстии аҳли адаби ӯзбеку тоҷик чун дӯстии устодони бузурги мо Ҷомӣ ва Навоӣ ҳақиқӣ ва самимӣ аст. Боз ҳам равнақ ёфтани ин дӯстӣ орзуи ман аст.

Зинда бод, халқи тоҷик, ки  Фирдавсӣ, Рӯдакӣ,   Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ барин классиконро ба воя расондааст!"

Сулаймон Эрматов

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved