• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Мардуми мо мақоле дорад: "Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост". Воқеан ҳам, баҳори имсола барои мардуми тоҷику ӯзбек хуш омад, зеро бо қудуми мубораки он насими форами дӯстиву бародарӣ дар сарзаминҳоямон парафшон гашту оҳанги шодию сурур дар дили мардумони ҳарду кишвар танин андохт. Яқин, дарахти дӯстие, ки дар оғози баҳор аз ҷониби сарварони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев шинонида шуд, фардо меваҳои ширин хоҳад овард.

 9 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва мулоқоту суҳбати гарму самими ӯ бо Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки бинои дӯстии ин ду халқи ҳамсояву бародар мустаҳкам ва абадию ҷовидон асту ҳеҷ гуна дасти нохалафе наметавонад онро вайрон кунад. Зеро ин бино аз рӯзи қад афрохтанаш аз имтиҳонҳои душвори таърих, аз барфу борон, сардию гармии айём  гузашта, то ба ин рӯз беосеб расидааст. Халқҳоямон аз азал ҳаққи ҳамсояро ба ҳаққи Худо баробар дониста, дар муомила ва додугирифт бо якдигар  ҳамеша аз меҳру ихлос ва инсофу имон кор гирифтаанд. "Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ" мегӯем мо. "Қӯшним тинч - мен тинч" (Ҳамсояам тинҷ бошад, ман ҳам осудаам) садо медиҳад мақоли бародарони ӯзбек. Мо ба якдигар натанҳо меҳру муҳаббати ҳамсоягӣ мепарварем, балки дар тӯли асрҳои ҳамзистӣ бо ҳам риштаи хешутабориро низ мустаҳкам бастаем. Имрӯз дар тарзи зисту зиндагонӣ, маросими суру сӯг, иморатсозӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, маъракаороиву меҳмондории мо тафовутеро дидан душвор аст. Зеро бобоёни мо аз қадим ба ҳам унс гирифта, духтар додаву арӯс оварда, ғаму шодии ҳамдигарро ба ҳам дида, лозим ояд, бар зидди душманони аҷнабӣ якҷоя сангар гирифта, бинои дӯстиро мустаҳкам гузоштаанд. Вале, бешубҳа, дар бардоштани ин бинои муҳташам нақши аҳли илму адаб бориз аст. Шоиру нависандагони ҳарду миллат дар давраҳои гуногун дар васфи дӯстию бародарии хеш шеъру достонҳо, ҳикояву қиссаҳо эҷод кардаанд ва ба гӯши мардуми хеш навои сулҳу сафо ва ҳамзистии осоиштаю қадрдонӣ навохтаанд. Агар Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ дар қарни понздаҳ пойдевори бинои дӯстии моро дар олами адаб гузошта бошанд, адибони баъдина ҳамеша ба ин  дӯстӣ содиқ будаанд. Алалхусус мо инро дар байни нависандагони муосири ҳарду миллат равшан мебинем. Устод Айниро, ки бо Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулому Ҳамид Олимҷон дӯст ва шинос буд, қариб ҳама нависандагони ӯзбек  устоди худ медонанд. Дӯстии Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромию  Шароф Рашидов, Фазлиддин Муҳаммадиеву Одил Ёқубов, Саттор Турсуну Шукур Холмирзоев, Абдулҳамид Самаду Эркин Аъзамов ва дигарон барои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши муҳим дорад. Эшон натанҳо асарҳои якдигарро тарҷума мекарданд, балки зуд-зуд ба дидори якдигар расида, ҳамроҳ бо мардум маҳфилҳои саршор аз дӯстию рафоқат меоростанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев дар очерки машҳури хеш "Нориниёнем мо" дар хусуси дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек ба ваҷд омада менависад: "Равнақи дӯстии миллатҳо ба ҷое расидааст, ки мардуми заҳматкашро коре ба он нест, ки фалон наҳр аз кадом республика меояду ба кадомаш меравад, хоки тоҷикон куҷосту оби ӯзбекон кадом. Дар Ӯротеппа, Конибодом, Панҷакент, Шаҳритуз ва Регари мо, ки бо Республикаи Ӯзбекистон ҳамҳудуданд, баъзе оилаҳо ҳавлию боғи худро дар ҷое бино кардаанд, ки як қисми он дар хоки Тоҷикистон бошад, қисми дигараш дар Ӯзбекистон аст. Дар яке аз ин гуна оилаҳо боре меҳмон шудам… Дар мобайни боғи калон рӯи ҷӯйбори ҳамеша сероб суфаи баланди тахтагӣ бардоштаанд. Аҳли оила ҳар пагоҳу бегоҳ он ҷо ҷамъ омада, наҳорӣ ва таоми шом мехӯранд. Агар назди онҳо нишаста, хатти марзи ду республикаро хаёлан тасаввур кунед, мебинед, ки пиёларо дар Тоҷикистон аз чой пур мекунанду дар Ӯзбекистон менӯшанд. Ё духтараш  дар Ӯзбекистон атса занад, додараки ӯ аз Тоҷикистон "Пир шав!" гӯён нидо медиҳад".

Ҳарчанд пас аз ҳамзистии ҳафтодсола дар таркиби давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳоямон ба истиқлолият расида, мисли дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ то андозае аз ҳам дур шуданд, рафтуомади одамон душвор гашта, ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ низ халал ёфтанд, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими дӯстии ҳазорсолаи мардумонамон хидмати арзанда карданд. Эшон дар ҳар фурсати муносиб аз дӯстии ниёконамон ёд карда, кӯшиданд, то он аҳдҳои дӯстию ҳамкориҳои судмандро ба замони нав мутобиқ намоянд. Пас аз ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудан Шавкат Мирзиёев низ барои ба сатҳи сифатан баланд ба роҳ мондани  муносибатҳои кишварҳоямон ҷаҳд намуданд, ки он ҳосили зиёд ба бор овард.

Дар изҳороти муштараки президентҳои ҳарду ҷумҳурӣ оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ки баъди мулоқоти гарму музокироти самарабахш ироа шуд, ҳама он орзую омоли сокинони кишварҳоямон дарҷ гардидааст. Нахуст навиди хушу хурсандиовар, ки сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тӯли қариб бист сол интизор буданд, ин лағви низоми раводид ба муддати то сӣ рӯз буд. Зеро дар тӯли ин солҳо мардум дар азоб буданд, наметавонистанд ба ҷанозаи шахсони наздикашон сари вақт рафта бирасанд ва ё дар тӯю дигар маросими хурсандии якдигар шарик бишаванд. Мо аз оинаи нилгун дидем, ки чӣ тавр мардуми ноҳияҳои наздисарҳадӣ аз боз шудани гузаргоҳҳо ба истиқболи якдигар шитофта, ашки шодӣ мерехтанд ва сарварони ҳарду давлатро дуои нек мекарданд. Зеро дар баробари кушода шудани марзу лағви низоми раводид, ҳамчунин таъкид гашт, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт (алалхусус ба роҳ мондани парвози тайёраҳо, хатсайрҳои автобусу қатора ба шаҳрҳои гуногуни якдигар) барқарор карда мешаванд, ки он ҳам барои ривоҷи тиҷорату савдо ва ҳам рафтуомади одамон, аз ҷумла сайёҳон, шароити мусоид фароҳам меорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар изҳороти хеш марзи байни ҳарду давлатро сарҳади дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ эълом доштанд, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мардумонамон буда, ҷиҳати ҳифз, таъмини сулҳу субот, рушду шукуфоии натанҳо ҳарду давлат, балки минтақа мусоидат мекунад. Ҳамчунин изҳор дошта шуд, ки дар оянда ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои муҳим, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, маориф, фарҳанг, гидроэнергетика ва ғайраҳо беш аз пеш ривоҷ дода мешаванд. Ҷонибҳо барои тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгорӣ, кадрҳои илмӣ, донишҷӯён, табодули сафарҳои пажӯҳишгарон ва ҳоказо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Сарварони дурандеши ду давлати ҳамсоя бештар ба масъалаҳои фарҳангу маориф, ки ҳастии ҳар миллат асту ҷиҳати ба ҳам қарин гаштани халқҳо саҳми босазо мегузорад, аҳаммияти махсус дода, зикр карданд, ки бо мақсади ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллӣ  ба фаъолияти марказҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ҳарду давлат шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад. Масъалаҳои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ва забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон, тавсеаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва ба равнақи тарҷумаи асарҳои адибони классик ва муосир мусоидат, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони як давлат, ки дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, таъмин карда мешавад.

Нуқтаи баланди тараннуми дӯстию ҳамкории халқҳоямон дар барномаи консертӣ садо дод, ки шоми 9 март дар Кохи Борбад бо иштироки сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Санъаткорони тоҷику ӯзбек ба ҳам ҳамовоз гашта, суруди дӯстӣ месароиданду иштирокдорон низ ба онҳо ҳамовоз мегаштанд. Бигузор, то абад дар ҳарду кишвар суруди дӯстию бародарӣ садо диҳад.

Равшани МАХСУМЗОД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved