• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 Шоироне ҳастанд, ки ба майдони адабиёт бо як ҷӯшу хурӯш, суръат,ҳатто бо валвалаюҳангома ва баъзеи дигар баръакс, ором, ботамкин ва оҳиста-оҳиста дохил мешаванд. Ин ҳолат гоҳ на фақат махсуси як-ду шоир, балки хусусияти як давраи шеърҳам мешавад. Масалан, солҳои шастуми шеъри муосири тоҷик, ба назари ман,ҳамин гунна махсусият дошт. ҷавононе, ки дар он солҳо ба адабиёт дохил мешуданд, аксаран бо ҷӯшу хурӯш, майли тозаҷӯии худ, ки гоҳо он қадар амиқҳам набуд, диққати касро ба худ мекашиданд.

 

Дар байни онҳо ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Баҳром Фирӯз, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир низ буданд, ки дар андак муддат худро ба хонандагон шиносонида, мухлисони худро пайдо карданд. Онҳо синну сол ва тарҷумаиҳоли баҳамдигар монанд доштанд, ки аз бачагии деҳотӣ ва таҳсил дар мактаби олӣ иборат буд. Дар як давраи на он қадар дароз на фақат шахсияти онҳоҳамчун эҷодкор шакл гирифт, балки муҳимтарин хусусиятҳои истеъдод ва шоирияшон аён шуд. Аз онҳо фаъолият ва амали эҷоди Лоиқ махсусан назаррас буд ва ӯ бо суръат пеш мерафт.

Қисмати шоирии Бозор Собир дигаргуна сурат мегирифт. Вай ором, ботаҳаммулу тамкин ҷойи худро дар шеъри муосири тоҷик муайян мекард.

Он солҳо дар байни шоирони ҷавон, махсусан навиштани маромномаҳои шоирона расм шуда буд, ки дар онҳо мақсади шоирони ҷавон аз шеъру шоирӣ бо ваъдаҳо ва дархостҳои бузург ифода мешуд.

Бозор Собир дар ин бора гӯё фикрҳам намекард. Баръакс, дархости ӯ аз шеър одӣ, табиӣ буд. Вай дар шеъри маромномааш «Орзуи зинда», ки маҷмӯаи нахустини ӯ – «Пайванд»-ро  оғоз медод, чунин навишта буд:

Меравам сӯи ту аз хилвати шабҳои дароз

Ман ба дунболи хаёл.

Гаҳ зи омолу муродеҳама дам дарҳаяҷон.

Гаҳ асири аламу ранҷу малол,

Оварам рӯй ба дарҳои умед,

ҳамраҳи субҳи сафед.

Ҳарчанд дар шеъри дигариҳамин маҷмӯа «Такрори умр» чунин гуфтааст:

Ман аз нав мекашам хуршедро дар қуллаҳо оғӯш,

Худамро мешиносонам баҳар як қуллаи хомӯш.

Дигар сар медиҳам овоз дар куҳсор,

Тамоми сангҳоро мекунам бедор. –

Ин орзуи шоир аст, ки ба забон овардааст, вале маромномаи шоирияш нест. ӯ пас азҳафт-ҳашт сол дар маҷмӯаи сеюмаш «Гули хор», ки як навъ мунтахаби шеърҳояш мебошад, дар шеъри «Фарзанди деҳқон» чунин менависад:

Давоми шир-шири барги алафҳост,

ҳиҷовуҳарфи ман дар шеъри озод.

ғазалҳои маро дар шабдаравҳо

Ману шаббодаҳо кардем эҷод.

ҳарчандҳангоми мулоҳизаи ашъори шоир фақат дар доираи гуфтаҳои ӯ фикр рондан, эҷодиёти ӯро аз тасвири фақатҳамон мавзӯъ ва таассуроте, ки худи ӯ баён кардааст, иборат донистан дуруст нест, аммо аз гуфтаҳои ӯ тамоман қатъи назар намуданҳам нодуруруст аст.ҳамин тавр дарҳоли бо ашъори Бозор Собир сари кор доштан, бояд ба эътибор гирифт, ки таъкидоти ӯ яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини шеъри ӯро ифода мекунанд. Ин пайванди шоир бо табиат, сарчашмаи шеъри ӯ будани табиат аст. Табиат қариб дарҳама шеърҳои шоирҳаст. Дар асл, моҳияти масъала дар каму зиёд будани табиат нест, балки дар чигунагии зуҳур кардани он, дар чигунагии таассуроти шоир аз он аст. Барои Бозор Собир табиат муҳитест, ки дар он инсон боҳиссиёти нозук, шавқуҳаяҷониҳамешагӣ, зебопарастӣ, одамият ба камол мерасад, табиат муҳити табиии камолоти инсон аст. Вай на барои тавзеҳ кардан ва дар сурати шайъ ва ё манзараи табиат нишон доданиҳиссиётуҳаяҷони шоир нест, балкиҳамчун муҳите, ки шоир дар он боҳиссиётуҳаяҷон, бо шавқу таассуроти худ вуҷуд дорад, ба назар мерасад. Вай ӯро аз бачагӣ дар оғӯш гирифта буд,ҳар чизе, ки шоир дарёфт ва ё гум кард, дар оғӯши ӯ буд ва бинобар ин шоир ба табиат фақат чун ба манбаи ташбеҳу истиора барои тасвири аёнии таассуроти худ муносибат накарда, дар он мавҷудияти комил,ҳастииҳамарӯзаи худро меҷӯяд. Аз инҳамзистии табиӣ бо табиат ӯ сангҳороҳам рафиқи бачагии худ мешиносад ва сарашонро бо меҳр мемолад:

Баҳорон бори дигар меравамҳамроҳи кӯдакҳо

Барои чӯҷаҳои кабки хушрафтор.

Тагиҳар буттаро бо даст мекобам,

Сариҳар сангро оҳиста мемолам,

Зи шавқу шодии тифлонаам саршор.

Дар муҳити муайяни табиӣ дарк кардани инсони зиндаи воқеӣ, дар айниҳол шоир ва  қаҳрамони лирикӣ яке аз воситаҳои асосие шуд, ки шеъри Бозор Собир ва шоирони ин наслро аз «умумӣ» шудан халос кард. Онҳо инсонро дар оғӯши табиат эҳсос мекарданд ваҳарҳиссиёту таассуроте, ки дар ӯ пайдо мешуд, сарчашма дошт, муҳит дошт ва онҳар дафъа нотакрор тасвир мешуд. Тасвири воқеии табиат инсони воқеиро тақозо мекунад.ҳар инсони воқеӣ бо табиат, бо ҷамъият муносибат ва пайванди фардӣ дорад, ки бо рӯҳиёт ва ҷаҳонбинии вай вобаста аст ва тасвир кардани онҳо шоирро бо тасвири гуногунҷиҳат ваҳаматарафаи инсон мерасонад.

Шеърҳои маҷмӯаи дувуми Бозор Собир – «Оташбарг» қадами қатъии ӯ дар тасвири таассуроти объективӣ буд. Шоир акнун бештар ба олами дигарон ғӯта мехӯрд, вай дар роҳи олам ва одамшиносӣ қадам мебардошт. Зиндагӣ бо рӯйдодҳои оъективӣ, воқеияш мавриди тасвир мегашт. Дар шеъри ӯ рӯҳ ваҳарорати шаҳрвандӣ боло мегирифт. Шеърҳои «Антигона» (илҳом аз муҷассамаи «Модари Литва»), «Пирамард», «Падарҳо», «То бувад зинда яке хасми башар» фақат дарҳамин роҳ эҷод шуданашон мумкин буд. Хусусияти объективии ин шеърҳоро он чиз пурқувватар кардааст, ки таассуроти оюъективӣ асосан аз шахси шоир ҷудо буда, ба худи объекти таассурот –ҳайкали «Модари Литва», пирамард ва дигарҳо тааллуқ дошт. Таассуроти объективӣ ба таври объективӣ тасвир мешуд. Ин дар ашъори Бозор Собир дувумин тарзи тасвир буд, ки дар маҷмӯаи «Оташбарг» шакл гирифта, мавқеи асосӣ пайдо кард.

Сеюмин тарзи тасвире, ки дар эҷодиёти Бозор Собир ба чашм мерасад ва дар шеърҳои маҷмӯаи «Гули хор» падид меояд, ин тасвири рӯйдодҳои объективӣ ба воситаи таассуроти худи шоир мебошад. Дар маҷмӯа мавзӯъҳои бузург ва доманфарохи Ватан, таърих, қисмати халқ, тамаддун, қаҳрамонӣ ва монанди инҳо аз дили шоир гузашта, дар кӯраиҳиссиёти ӯ гудохта, бо таассуроти ӯ омезиш ёфта, ба қалам меоянд. Олами объективӣ ба воситаи субъект тасвир мешавад.

Ҳоло ӯ дар беҳтарин шеърҳои «Ватан», «Дар оғӯши кӯҳистон», «Хати сурх», «Бухоро», «Забони Ватан», «Асп» ва дигарҳо ба тасвир ва тааммуқи мавзӯъҳои фарох, ғояҳои амиқ ва эҳсоси пуртабутоби шаҳрвандӣ расидааст.

Махсусияте, ки шеъри Бозор Собирро аз ашъори шоирониҳамнасл ва умуман аз шоирони дигар фарқ мекунонад, дар чист?

Сараввал қайд кардан даркор аст, ки махсусияти шеъриҳар шоири пеш азҳама дар асоси чигунагии муносибати ӯ бо зиндагӣ шакл мегирад ва баъдан махсусиятҳои шаклию услубӣ онро барҷастатр аён менамоянд. Бозор Собир ба зиндагӣ нигоҳи хаёломез, ботаҳаммул дорад ва таассуроте, ки ӯ аз рӯйдодҳои он мебардорад,ҳамин гуна таҳаммулнокуҳаёломез аст. Шеъри ӯ аз муносибати хаёломези ӯ бо зиндагӣ сар зада, эҳсосу таассуроташ басо нарм аст. Ба назари ман Бозор Собир аз ҷиҳати эҳсосу таассуроти шоирона ва забону ифода яке аз нармтарин шоирони имрӯзаи тоҷик мебошад.

Забони шеъри Бозор Собир аз ду ҷиҳат,ҳам аз ҷиҳати луғат ваҳам аз ҷиҳати услуб қобили таваҷҷуҳ аст. Вай тоҳадди имкон мекӯшад, ки мазмуни реалии суханро афзояд, пайвастагии калима, ибораҳо табиӣ, забони шеъраш ба забони халқ наздик бошад. Наздикии забони шеъри Бозор Собирро ба забони халқ на дар истифодаи бисёри калимаҳои халқию гуфтугӯӣ, ки шакли зоҳирии қаробатро таъмин мекунанд, дидан мумкин аст, балки ин сифат дар услуби ашъори ӯ ба назар мерасад ва ин муҳимтар мебошад. Вай ба содагии услуб мекӯшад, мазмунҳои амиқ ва таассуроти мураккаброҳам ба содагӣ ифода мекунад, забони шеърҳояш солим ва пухта мебошад.

Қадри сухан барои ӯ ниҳоят баланд аст. Дар шеъри «Забони Ватан» ӯ таърихи забони халқро ба ёд оварда, аз қадри сухан чунин мегӯяд:

Аз сари сад минбар афтодан нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан… -

Ва шубҳае нест, шоире, ки қадри суханро ин қадар баланд мебинад, худашҳам мекӯшад, ки онро хор накунад.

(мақола дар шакли мухтасар нашр мешавад)

 

АСКАР ҲАКИМ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved