• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Хабари реҳлати устод Бозор диламро реш кард. Бо шунидани хабари марги устод лолу музтар мондам. Гумон кардам як олами зебоӣ ботини маро тарк кард. Боварам намеояд, ки дигар ӯро намебинам, дар бораи шеъру шоирӣ бо ӯ баҳс намоям, асабонияш созам. Бори охир қабл аз сафараш ба Амрико телефонӣ суҳбат доштем.

Арзи матлаб намуда, гуфтам, ки оид ба эҷодиёташ баъзе нофаҳмиҳо пайдо шудаанд, агар имкон бошад мусоҳибае анҷом диҳем. Устод гуфт, ки ҳамаи суолҳоятро навишта биёр, баъд мебинем. Бо корҳо овора шуда, дигар наздаш нарафтам ва ин мақсад амалӣ нашуд. Сад дареғ! Кӣ метавонад марсиягӯи устод Бозор шавад? Кӣ метавонад мисли ӯ бо марсияҳои ҷонгудоз мотамсароӣ кунад? Ин масъала ба таҳқиқи илмӣ ниёз дорад, аммо бешак дар адабиёти навин ҷонгудозтарин марсияҳоро ҳам устод Бозор сароидааст. ҳамин чор мисрае, ки ӯ дар сӯги ҳабибулло Файзулло навиштааст, аз замони донишҷӯйӣ дар хотирам мондааст:

Ҳанӯз аз ҷилди китобаш бар ман

Сураташ тозаву тар механдад.

Сураташ бехабар аст аз маргаш,

Сураташ бин, чи қадар механдад.

Солҳои дар ғурбат буданаш ашъори пурсӯзе дар бораи ғарибӣ навиштааст ва бо шеваи муассире худро ба Ватан даъват мекард:

Дубора моҳ дигар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,

Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Ёди устод Бозор маро ба давраи ҷавониву донишҷӯиям мебарад. Соли 1982 донишҷӯи соли аввали факултаи филология будем. Аз ҳамсабақонам Аҳлиддин Рофиев, ки ба синну сол аз мо бузург буд, пайваста аз Бозор Собир шеър мехонд ва мо бори аввал ҳам номи ин суханварро аз забони ӯ шунидем. Баъдтар маҷмӯаи шеърҳои «Мижгони шаб»-и ӯ дастрас шуда, шеърҳояшро мехондем. Дар назари мо Бозор Собир шоире менамуд, ки аз зиндагӣ дилмонда аст, бо сиёсати замон созиш надорад ва дорои эҳсоси баланди худшиносии миллӣ аст. Ин сифатҳо манзалати ӯро баланд мекард, зеро дар муқобили маҷрои сиёсати шӯравӣ истодан кори ҳар кас набуд. Фикр мекунам аз байни ҳамаи адибони шӯравии тоҷик танҳо Бозор Собир ба ин роҳ мерафт ва аз чизе бим надошт. Аз дигар ҷониб, лирикаи ишқиву маҳрамонаи ӯ, ки вирди забони мо- ҷавонон буд.

Дар соли дуюми донишҷӯӣ устоди роҳнамоям Рустами Ваҳҳоб гуфт, ки дар мавзӯи «Талмеҳ дар шеъри Бозор Собир» кори курсӣ нависам ва ҳамин тавр пажӯҳишро рӯи осори ин суханвар оғоз кардам. Баъдтар дар атрофии масъалаи машаққати эҷодии устод зери унвони «Тадқиқи текстологии ашъори Бозор Собир» рисолаи дипломӣ навиштам. Барои ин кор лозим омад, ки тамоми шеърҳои устодро аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо гирд оварам ва натиҷаи таҳриру тағиротеро, ки шоир тӯли фаъолияти эҷодӣ ба шеърҳояш ворид кардааст, ошкор созам. Як боби рисолаам «Камоли ҳунар» ном дошт ва чунин хулосаи илмӣ баровардам, ки дар марҳилаҳои авали эҷодӣ, яъне то солҳои ҳаштодум, шоир шеърҳояшро бештар таҳрир кардааст ва дар марҳилаи дуюм, ки ба камоли ҳунарӣ расидааст шеъраш аз ҳар ҷиҳат пухта шуда, дигар таҳрирро талаб намекунад. Аммо ин хулосаи илмии банда ноқис баромад ва маҷмӯаи «Аз «Гули хор» то «Симхор» нишон дод, ки аз он шеърҳое, ки мо намунаи камоли маҳорат мегуфтем, чизе намондааст ва аксари он шеърҳоро устод хат зада, аз баҳрашон баромадааст. Ин масъала пажӯҳиши дақиқи илмиро талаб мекунад, ки дар ин мухтасар мо ҳол чизе намегӯем. Хулоса, то соли 1989 устод Бозор Собир 187 шеър навишта буд ва қариб ҳамаи ин ашъорро банда азёд медонистам.

ВОХӯРИИ АВВАЛИН ВА СОЯДАСТИ УСТОД

Соли 1987 маҷмӯаи шеърҳои «Бо чамидан, бо чашидан..»-и устод мунташир шуд. Барои мо - ташнагони шеър, ин беҳтарин падида буд. Як рӯз бо ҳамсабақам Неъмат Эшқувватов маслиҳат кардем, ки барои соядаст гирифтан назди устод меравем. Он замон устод мудири шӯъбаи назми Иттифоқи нависандагон буд. Аз рӯи овозаҳо устод асосан шаб то саҳар мехонду менавишт ва рӯзона хоб карда, баъди нисфирӯзӣ ба кор меомад. Вақте мо ба назди утоқи кориаш наздик шудем, одамони зиёде барои соядаст гирифтан омада буданд. Устод номи мухлисонро мепурсид ва агар ном бо мазмуну қофия рост ояд филфавр чизе менавишт. Масалан, барои ҳамсабақам Неъмат чунин соядаст навишт:

Ба ғайр аз дафтари шеъру ғазалҳои парешон,

Надорам неъмате ман аз барои Неъмати ҷон!

Ба китоби дар дастбудаи ман чунин соядаст навишт:

Шеъри ман нони хушкро монад,

Ба як онаш наметавонӣ бихӯрд.

Гар кунӣ тар ба оби чашм варо,

Дар гулӯи ту дар намемонад.

Устодро хеле одами оддӣ ва самимӣ дарёфтем ва ин боис шуд, ки минбаъд бо ҷуръати том, ҳар замон, ки мехостем, наздаш равем.

 

ДАРСҳОИ УСТОД БОЗОР

Солҳои 1988-89 вобаста ба таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии замона, яъне бозсозиҳо дар макотиби олӣ ҳам қолабшиканиҳо сар шуд. Донишҷӯ имкон пайдо кард, ки фикру мулоҳизаҳояшро ошкор баён кунад ва то ҷое ки баъзе устодонеро, ки аз рӯи конспектҳои зардшудаву фарсуда лексия мехонданд, аз дарс пеш кунанд. Воқеан, замони шӯравӣ нақди шеър ба таҳлили мундариҷаву мӯҳтаво маҳдуд буд. Ба ҳунари суханварӣ аҳамияти дуюмдараҷа медоданд.

Хулоса, бо ташаббуси устодони факулта, аз ҷумла профессор Раҳими Мусулмониён, ки он рӯзгор мудири кафедра буд, устод Бозор барои дарси шеър ба факултет даъват шуд. Иштирок дар дарсҳои устод ихтиёрӣ буд. Яъне ҳар ҳафта як рӯз баъди нисфирӯзӣ ӯ меомад ва дарс медод. ҳозир шумо тасаввур кунед барои донишҷӯи имрӯз агар мо Саъдиву Мавлоноро ҳам биёрем, ихтиёрӣ ба дарс намедарояд. Аммо он рӯзгор  мо донишҷӯён бо як иштиёқ мунтазири устод мешудем ва панҷоҳ- шаст нафар дар як аудитория ҷамъ меомадем. Рӯзҳои аввал устодони факулта ҳам ба дарси ӯ медаромаданд, аммо шартакигӯиҳои устод Бозор боис шуд, ки минбаъд устодон надароянд. Устод ҳар замон аз донишҷӯён чизеро мепурсид, ки онҳо ҷавоб дода наметавонистанд, мегуфт, ки ана ҳамин муаллимон бо гапҳои пӯч майнаҳои шуморо вайрон кардаанд. ҳамаи он чи ки устод мегуфт, барои мо нав буд, яъне мо чи будани ҳунарро дар шеър аз ӯ омухтем. Матлабро устод ниҳоят содаву заминӣ баён мекард, мисолҳо меовард, навовариро дар шеър бо мисолҳои мушаххас фаҳмонда медод. Барои дарси устод 36 соат ҷудо шуда буд, аммо ҳамаи гапҳоро ӯ дар 10 соат фаҳмонда дод. Баъди дарс ба кафедра даромада, ҷониби устод Раҳими Мусулмониён гуфт, ки Раҳимҷон (устод бо профессор Мусулмониён ҳамсабақ буд), ман ҳамаи донишамро дар даҳ соат гуфта додам, шумо соли дароз ба ин донишҷӯён чӣ мегӯед, ки гапатон тамом намешавад? Ба фикрам бачаҳоро фиреб мекунед ҳа? Воқеан ҳам дарси аксарияти устодон дар макотиби олӣ ғайр аз майнаҳои донишҷӯёнро пӯч кардан, дигар ҳосил ба бор намеорад. ҳар он чи дар дили устод меомад, аз роҳи забонаш ҷорӣ мешуд. Тамаллуқу хушомадро намеписандид.

 

ДИДИ ЭСТЕТИКИИ УСТОД

ҳар суханвар диди зебоишиносии худро дорад. Агар ба таърихи адабиёти ҳазорсолаамон назар кунем, мебин, ки баъзе аз суханварон ба шеър аз даричаи ахлоқ ва бархе дигар аз даричаи ҳунар наздик шудаанд. Бисёри суханварон қолаби назмро барои ифода кардани афкори фалсафию ирфонии худ ба кор гирифтаанд ва барои оростани либоси шеър кам кӯшиш кардаанд. Бо вуҷуди ин маъниву мазмуни ғании ашъори онҳо ба сурудаҳояшон умри абадӣ бахшидааст. Он маъниву мазмунҳоро такрор кардани шоири муосир кори беҳуда аст. Вақтҳои охир ҳама шоир шудаанд. Ба қавли устод Бозор «Бо кадом девонае рӯ ба рӯ нашавӣ, девони шеърашро тӯҳфа мекунад». Яъне мо ҳоло ҳам чӣ будани шеърро намедонем. Як фазилати бузурги суханварии устод Бозор дар он аст, ки ӯ аз пойгоҳи баланди шеъру шоирӣ огоҳӣ дорад. Ба қавли маъруф худшиносии эҷодиаш дар ниҳояти камол аст:

Ман валекин бештар аз пурнависам дар шигифт,

Нав нагуфту нав ба нав аз халқ навдорон гирифт.

Бар тани девораш ин донишмаоб,

Чида як девор аз хишти китоб,

Хишти девори утоқаш пухтаю хишти китобаш хом.

Мон, ту корашро заминҷунбӣ кунад ҳал,

Бар сараш хишти китобаш афтад аввал…

Ин пораи шеърӣ аз ашъори замони шӯравии устод аст. ӯ шоирест, ки паи ҷоҳу ҷалол, унвону шӯҳрат нарафтааст:

Даъвои он надорам,

К-аз шоирӣ хӯрам нон,

Ё пул кунам қаламро

Дар обхези даврон.

 

Беҳуда ман давидам

Дарёву ҷӯ гирифта

Гулмоҳиро дигарҳо

Аз оби рӯ гирифта.

Агар меъёри шинохти шеър ҳунар қарор бигирад ва ҳунар дар тозагии баёну ихтирои шаклҳои тозаи хаёлӣ бошад, устод Бозор дар шеъри муосири мо беназир аст. ҳарчанд худи ӯ аз шеъраш норизост, аммо шеърҳои зиёде дорад, ки бо онҳо метавонад дар таърихи адабиёти мо мақоми абадӣ дошта бошад.

Гарчи мардум ҳарчи мегӯянд,

Кӣ чу ман дар орзуи номи ҳофизвор нест;

Ки намехоҳад, ки якто не,

Камтарин бошад валекин шоире бошад,

Шоҳкоре не, агар байте бимонад ёдбуд

Дар забони миллати худ…

 

Мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии Бозор Собир ҳам мисли шеъраш дар таҳаввулу тағирпазирист. ӯ ҳеҷ гоҳ бо сиёсати замон созиш надошт. Агар саропои ашъори замони шӯравӣ эҷод кардаашро бинем, як шеър ҳам дар васфу мадҳи арзишҳои идеологии он замон пайдо намекунем. Баъди пош хӯрдани шӯравӣ ӯ арзишҳоеро васф кард, ки замоне шоирони насли комсомоли шӯравӣ мекарданд. ӯ дар Америка зиста, муқобили режими капиталистӣ ҳарф мезад. Ва ҷомеаи шӯравиро барои камбағалпарвар будану ахлоқӣ буданаш ёд мекард. Лекин агар аз даричаи имрӯз ҳам мо ба шеъри замони шӯравии устод назар кунем, эродҳояш дар мавриди норасоиҳои он рӯзгор ҳам дуруст буданд. Хулоса ин паҳлӯи ашъори устод ҳам тадқиқоти дақиқи илмиро мехоҳад.

Баҳо додан ба арзиши ашъори устод Бозор Собир кори саҳл нест. Дар қаламрави шеъри тоҷик ихтирооти зиёде кардааст, ки собиқа надорад. Шеъри ӯ ҳам аз нигоҳи мундариҷа ва ҳам шакл қобили мулоҳиза аст. Беҳтарин мавзӯҳои иҷтимоиро дар либоси шеър ҷилвагар кардааст. Суварнигорест чирадаст, ки шоириро аз пушту рӯ чаппагардон намудааст. Назми навини тоҷикро дар тапиш овардааст.

Ҷоят ҷаннату манзили охиратат обод бод, устод! Дареғ аз шеърҳои носуруда.

 

Боймурод ШАРИФЗОДА

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved