• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

«ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӣ»

Тавре қаблан хабар додем, баъд аз се моҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 8 январ маросими пўшидашавии он баргузор гардид, ки дар он раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса «Равзана», скрипканавози маъруф Шафақ Фаррухзод андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки «баргузории намоишгоҳи осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса шахсан дар дили ман ҳисси ифтихорро бедор намуд. Ман дар консерватория ба донишҷўён мусиқии тоҷикиро дарс медиҳам, оид ба фарҳангу тамаддунамон нақл мекунам. Бо ташкили ин намоишгоҳ онҳо тавонистанд нигораҳоро бо чашмони худ бубинанд ва бо порае аз таъриху фарҳанги мо шинос шаванд».

Сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо тўли се моҳ имкон пайдо карданд, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, деворнигораи Панҷакенти бостонӣ, ёдгории машҳури Аҷинатеппа, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, осори нодири тиллою нуқрагин ва дигар нигораҳо аз наздик шинос шаванд.

«Барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани ин намоишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки дар тўли зиёда аз як сол кор карда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус ин рисолатро иҷро намуданд. Дар чунин замони барои ҳама душвор, ки ҳатто ба ҷое рафтан осон нест, онҳо тавонистанд як ҳавопаймо нигораҳоро аз Тоҷикистон биёранд», - иброз намуд Шафақ Фаррухзод.

Маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 13 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

 

 

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дар маҷмўъ ба сокинони ҷумҳурӣ дар соли барои мардуми кишварамон бисёр ҳам муҳим – яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз ироа шуд. Роҳбари давлат дар оғози Паёми хеш мухтасар дар бораи дастовардҳои мардуми мо дар давоми сӣ сол маълумот дода, хотиррасон карданд, ки ҳама пешравиҳои мо маҳз баъди барқарор шудани сулҳу салоҳ ва суботи сиёсӣ ба даст омад. Ва мо асосан аз оғози соли 2000-ум ба корҳои бунёдкорӣ ва расидан ба се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворию дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии мамлакат оғоз намудем, ки онҳо тадриҷан амалӣ шуда истодаанд.

Идомаи: БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

 

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад.

Идомаи: ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

РЕШАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН

 

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Мавлоно БАЛХӢ

Тоҷикон бо фарҳанги дунёмадор ва ҳаётсозашон қалби халқи ҷаҳонро ҳақбаҷонибона дар тўли таърих тасхир намудаанд. Ҷавҳари ин фарҳанги оламшумул аз гуфтумони боадолат ва дархўри манфиатҳои ҳама қавму миллатҳое, ки ҳақдор ва соҳибони номбардори он ҳастанд, иборат мебошад. Дар замони муосир бо каме тағйир он «гуфтугўи тамаддунҳо» ва «таъсирпазирии фарҳангҳо» номгузорӣ шудааст.

Идомаи: РЕШАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved