• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Сабринисо АЙЁМЗОД

ДУХТАРИ ПОЙИЗ

Духтари пойиз омад бо навои ошиқона,

Гесувони зарҳалинаш печ-печон, дилбарона.

Барг аз дасти хазон гашта ҷудо аз шохсорон,

Аз насиме мехазад ногаҳ ба кунҷе оҳувона.

Ҳамчу ту хотирпарешонам зи дасти фасли пойиз,

З-он ки ёрамро рабудӣ аз канорам бо баҳона.

Дасти танҳоӣ дарамро боз мекўбад ба ваҳшат,

Кай раҳо гардам, Худоё, з-ин садоҳо ҷовидона.

Нолаам то бар самоҳо рафт, парво ҳам накардӣ,

Пора кардӣ қалби моро, эй ба гўшат пунбадона.

Ҳаҷри ту зору хазонам карда ҳамчун фасли пойиз,

К-аз нишоту шодмонӣ нестам дигар нишона.

 

 


 

Абдуманнони ХАММОР

ЧАРОҒИ РАҲНАМО

Чун чароғи раҳнамое дар сари роҳи туам,

Солҳо шуд интизорӣ мекашам.

Мешавам сабз аз таманно,

Лек афсўс,

Сабз буданҳои ман аз як дақиқа беш набвад

Менадонам то кадомин нозири раҳ

Монеи бозомаданҳоят шуда.

То гузаштанро аз ин раҳ

Аз барои умри дигар мондаӣ.

Оқибат ноомаданҳоят, дареғ,

Мекунад зардам чу барги тирамаҳ.

Охирин барги дарахти орзу

Мешавад аз сардмеҳрият хазон.

Мешавам аз шуълаи навмед сурх…

 


 

Хуршед ЭҲСОН

Ин чандумин бор аст меоям, намедонам...

Кай омадам? Аз субҳ ин ҷоям? Намедонам.

Меояму пас меравам - такрор бар такрор-

Хат мезанам имрўзу фардоям? Намедонам.

Болову поин мешавад ҳар лаҳза аҳволам,

Ман одамам? Амвоҷи дарёям? Намедонам.

Дасти худам мегираму ҳар рўз меоям,

Яъне, ки ман танҳо намеоям? Намедонам.

Маҳтоб он ҷо дар баландӣ ноз мекорад,

Охир чаро Хуршеди танҳоям? Намедонам.

Девонаам ман! Беди маҷнунам! Туро аммо

Ин ҷо чӣ бояд гуфт? Зебоям, намедонам.

Ту бо кадомин фасл меоӣ дар оғўшам,

Ҳамчун Самарқанду Бухороям? Намедонам.

Гуфтам, ки : «Меоям, ки меоям, ки меоям...»

Гуфтӣ, ки : «Меоям, намеоям... Намедонам..»

 


 

Шаҳриёр ОЛИМӢ

Дар дилам имшаб хумор оташ гирифт,

Дар нигоҳам интизор оташ гирифт.

Сўхт ёдам он қадар бо ёди ёр,

Об дар чашмони чор оташ гирифт.

Аз алам, фарёди ман монанди шамъ,

Бистару болини зор оташ гирифт.

Сахт оғўшаш кашидам то саҳар,

Акси ў андар канор оташ гирифт.

Аз ғамоҳангу навои дилфигор

Торҳои ин гитор оташ гирифт.

Ёдам омад савтҳои «Шаҳбарон»,

Дар лабонам «Ёр-ёр» оташ гирифт.

Рехт он қадр аз алам хуни қалам,

То ки шеъри Шаҳриёр оташ гирифт...

Дуди ғам печид бар давру барам,

Ногаҳон дидам, сигор оташ гирифт.

 


 

Нурӣ Муҳаммади ИСТАМ

Ин номаам ба номи ту шуд ибтидо, Ватан,

Хоҳад шудан ба номи ту низ интиҳо, Ватан.

Ман моҳиям, наҳангаму Уммони ман туӣ,

Мемирам, аз ту гар бикунандам ҷудо, Ватан.

Сад гуна ғунчахотира дорам ба доманат,

Гул мекунад, қадам бизанам ҳар куҷо, Ватан.

Ғурбат маро ба сардии худ мекашад, вале

Ҳоло, ки бо туам, ту бағал кун маро, Ватан.

Ҳаммеҳано, ба кишвари бегона дил мабанд,

Соҳибназар ҳамеша, ба ҳарҷост бо Ватан.

Ҳуббул-ватан, ки асли ҳадисе мукаррам аст,

Имони худ ба меҳри ту кардам бино, Ватан.

Ман Ковиёна ганҷи туро ҳифз мекунам,

Гар душманат бувад ба масал аждаҳо, Ватан.

Ҷонҳо барои ҳифзи ту шуд бебадал фидо,

Бигзор ҷон равад, ки надорӣ баҳо, Ватан.

Таслими ҳеҷ лашкари дунё намешавӣ,

Уфтода боз по шудаӣ борҳо, Ватан.

Душман чу пушти дар зада мушти тамаъ, бибин,

‘’Ман’’-ҳо шуда барои ту якбора «мо», Ватан.

Дар хок рафт қалби ҷавонҳо, дареғу дард,

Имрўз мардумон ҳама доранд азо, Ватан.

Хун рехтан иҷоза надодам ба худ, вале

Лозим шавад, талаб бикунам хунбаҳо, Ватан.

Дар ман ғуруру ғурриши шерона рў занад,

Ҳар нокасе, ки санг фишонад туро, Ватан.

Аммо ду-се разилу палиду палашт ҳаст,

Рўбоҳгуна, мурдадилу пурриё, Ватан.

Хоин бувад касе, ки туро мефурўшад, оҳ!

Лаънат ба он касе, ки шавад рўсиё, Ватан.

Дурри дарӣ ба Ландану Порис ҳам расид,

Марзи забону халқи ту беинтиҳо, Ватан.

Мо парчам аз пайи ҳавас ин ҷо намезанем,

Он мушти мо бувад, ки равад бар ҳаво, Ватан.

Яъне ба ҷумла оламиён медиҳад паём:

Аслан заминнадида бувад пушти мо, Ватан.

Алқисса, саркашему далеру диловарем,

Парвардаҳои домани покат, аё Ватан.

Ҳарчанд баҳри хидмати ту ҳозирам, вале

Дорам талаб бақои туро аз Худо, Ватан.

 


 

Сулаймони АҲТАМ

Ман аз ҳама ҷои Тоҷикистонам,

Қурбони вафои Тоҷикистонам.

Фарзанди замину офтоби ў

В-аз обу ҳавои Тоҷикистонам.

Бо шеъри ҷавон ба сўи Оянда

Гулбонги дарои Тоҷикистонам.

Зулмат набарад ба ҳастиям роҳе,

Аз нуру зиёи Тоҷикистонам.

Сад тан ба дифои ў сипар карда,

Сад ҷон ба фидои Тоҷикистонам.

Нозам ба шаҳомати далеронаш,

Бар даст ливои Тоҷикистонам.

 


 

Фарзонаи ВОСЕЪ

МОДАРАМ

Зиндагиро дода маъно аллаҳоят, модарам,

Ҳам навозишҳои гарму бебаҳоят, модарам.

Аз фараҳ лабрез мегардад зи сар то пои ман,

Ҳар гаҳе ки бишанвам ҳарфу садоят, модарам.

Зиндагӣ зебост баҳрам бо муҳаббатҳои ту,

Ҳар замон мирам ба меҳру бар вафоят, модарам.

Бо дуои неки ту ман сабз мегардам мудом,

Раҳнамои ман бувад дасти дуоят, модарам.

Менамояд нурборон пеши чашмам акси ту,

Садқаи он чеҳраи шодифизоят, модарам.

Чашмаи меҳру вафову ганҷи дунёи манӣ,

Ҳастии ман, ҷони ман бодо фидоят, модарам.

Дар ризои ту бикўшам доимо аз сидқи дил,

Чун ризои Ҳақ нуҳуфта дар ризоят, модарам.

Шеърҳои содаи Фарзонаатро хондаанд

Чун давоми қиссаву афсонаҳоят, модарам.

 


 

Оминаи ҲАМРОҲ

Зани зебо сабабгори ҳузур аст,

Нигоҳаш мояи ишқу сурур аст.

Сано бодо ба ҳусни қалби он зан,

Ки аслаш шарму номусу ғурур аст.

 

Ту ҳастӣ ҳамчу ғаввоси дили ман,

Туӣ ҳар лаҳза ихлоси дили ман.

Агар вазни каломам шеър бошад,

Ту ҳастӣ вазни эҳсоси дили ман.

 

Ҳилоли қалби ман дар рўи бомат,

Фитода кабки чашмонам ба домат.

Барои он ки ҷурмам афв гардад,

Гирифтам «рўзаи тоқат» ба номат.

 

Гуноҳат ман, маро кори савобӣ,

Ту донишгоҳи умрамро китобӣ.

Задам оташ тамоми ахтаронро,

Ки гўям аз бароям офтобӣ.

 


 

Фаридаи ДАВЛАТ

Ватан як вожа, аммо бекарон чун ишқ,

Бубахшад бар танам рўҳу равон чун ишқ.

Чу оташ дар дилам ишқи Ватан гарм аст,

Дилам андар Ватан бошад ҷавон чун ишқ.

Варо ман ошиқона дўст хоҳам дошт,

Ватан бошад ба ҳар давру замон чун ишқ.

Таманно мекунам, то кафтари иқбол

Занад пар дар самояш ҷовидон чун ишқ.

Ватанро то абад поянда медоранд

Далерон, шоирон, фарзонагон чун ишқ.

 


 

Родмеҳр СУЛАЙМОНӢ

Ман дар он шаб-шаби ваҳшатолуд,

Ки паси марзи ҷунуновари ғурбат будам,

Ногаҳон, боҳаяҷон аз хобам

Тез бедор шудам.

Панҷаи боди паси панҷараи бикшода,

Чеҳраамро мезад...

Лабам аз шиддати гармии танам меларзид...

Шаб ба ҳоли мани ғурбатзада бас механдид...

Ман дар он шаб-шаби ваҳшатолуд,

Байни девори баланди ғурбат,

Як мусофир будам,

На, муҳоҷир будам...

Хестам аз ҷоям,

Дафтари хотираро бикшодам,

Дастхатти падарамро дидам,

Бўи дастони падар мастам кард,

Номаро бўсидам...

Сурати хиранамое ҳам буд;

Рўбарўи падарам,

Модарам дохили гаҳвора маро меҷунбонд...

Рўшанӣ пилла кашид,

Хотирам ошуфтаст,

Бояд имшаб бинависам чизе,...

....Варақи тоза гирифтам, аз нав,

Ёдам омад, ки мусофир на, муҳоҷир будам, Ҳоло

Мисли тифле, ки нахуст ояти модар гўяд,

Ман Ватан мегўям...

 


 

Муродгули САЪДУЛЛО

ДЕҲАИ МАН

Гарчи хоку санг дорӣ, деҳаам,

Мардуми бонанг дорӣ, деҳаам.

Ботароват чун баҳори лолапўш,

Аз муҳаббат ранг дорӣ, деҳаам

 

Сангтўда порашарқӣ, деҳаам,

Манбаи неруи барқӣ, деҳаам.

Ҳусни ту афсонаи дунё шудаст,

Дар баҳори нур ғарқӣ, деҳаам.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved