• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

9 июни 2021, соати 10, дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҷлиси навбатии садорати Иттифоқи нависандагон барпо мегардад.
Аъзои садорат дар мавзӯи «Замони муосир ва бозтоби он дар адабиёти даврони Истиқлол» маърӯзаи узви садорат, адабиётшиноси шинохта, доктори илм, профессор устод Абдунабӣ Сатторзодаро шунида, перомуни он муҳокимаронӣ мекунанд.
Ҷаласаи мазкур амалан ҳисоботи фаъолияти эҷодии адибони Тоҷикистон дар сӣ соли охир буда, ҳаводорони сухани бадеъро аз дастоварду нокомиҳои адабиёти имрӯза огоҳ менамояд.
Ба ҷаласа намояндагон васоити ахбори омма роҳ дода мешаванд.
Ёдрас менамоем, ки ҳайати айни замон амалкунандаи садорати Иттифоқи нависандагон моҳи декабри соли гузашта дар Анҷумани 15-уми созмон дар интихоб гардида, аз 47 нафар иборат аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved