• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

15-уми июни соли равон хабари андўҳборе аҳли адаби кишварамонро такон дод. Дар ин рўз шоири шаҳиру шинохта Салимшо Ҳалимшо бар асари бемории тўлонӣ дар синни 85-солагӣ олами фониро падруд гуфт.

 Салимшо Ҳалимшо аз шумори шоироне буд, ки нимаи дувуми асри бист по ба арсаи адабиёт ниҳоданд ва бо навиштаҳои хубу умедбахшашон аз ояндаи равшани шеър мужда доданд. Марҳум бо заҳмати пайваставу собитқадамӣ истеъдоди худро парвариш дода, дар муддати

кўтоҳ дар раддаи шоирони хуби замон қарор гирифт ва дар ташаккул ёфтани назми муосир, хусусан дар мазмуни тоза гирифтани анвои суннатии шеърамон ба қадри имкони хеш саҳм гузошт. Парвозро дар фазои сухан аз уқобони фалаксайри зодгоҳаш – рустои Реваки ноҳияи Шуғнон омўхт ва ҳимматбаландиро аз ситеғҳои осмонбўси он.

Равоншод фаъолияташро чун ходими адабӣ аз рўзномаи «Тоҷикисто- ни советӣ» оғоз намуд ва дар ин нашрия тўли 21 сол фаъолияти пурбор дошт. Сипас ҳамчун мудири шуъбаи назм дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба кор пардохт ва дар ин боргоҳ то ба зинаи муовини сармуҳаррир расид. Аз соли 1989 то 1991 раиси Шўрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва барои тавсеа ёфтани фаъолияти бахши назми созмони адибон хидмати зиёд кард.

Нахустин маҷмўаи ашъори Салимшо Ҳалимшо бо номи «Роҳи қуллаҳо» соли 1965 ба табъ расид ва аз тарафи хонандагон пазироии хуб ёфт. Ҳамчунин аз шоири шодравон чунин китобҳои шеър ба ёдгор мондаанд: «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тўфон» (2006) ва ғайраҳо.

Шеърҳояш ба чандин забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.

Салимшо Ҳалимшо барои хидматҳои арзандаву содиқонааш бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва ордени «Дўстӣ» қадрдонӣ шудааст. Зиндаёд аз соли 1965 ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста буд. Эҷодиёти баландмазмун ва арзишманди Салимшо Ҳалимшо баёнгари он аст, ки умри пурбаракати ў дар роҳи хидмат ба халқу Ватан ва ғанисозии фарҳангу маънавиёти миллат сипарӣ шудааст ва номи ўро ҳамеша зинда хоҳад дошт.

Ному ёди неки шодравон дар дили ихлосмандони шеъру адаб боқӣ мемонад.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved