• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Маҷаллаи адабӣ-бадеӣ, ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Памир» дар фазои фарҳангии кишвари мо мавқеи хоси худро касб кардааст.

 

Шумораи навбатии маҷалла, ки мисли шумораҳои гузашта, ғанӣ ва пурмазмун аст, бешубҳа, як навъ туҳфа барои хонандагони русзабон мебошад. Таваҷҷуҳи онҳоро бештар маводи дар бахши “Портрети ҷашнӣ”-и ба Шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшидашуда, ки 110-солагии он бо ташаббуси Пешвои миллат муҳта- рам Эмомалӣ Раҳмон ба таври васеъ дар саросари мамлакат ва ҳатто берун аз марзи он - дар Маскав ва Теҳрон ҷашн гирифта шуд, ҷалб хоҳад кард. Дар бахши мазкур мақолаи сокини Симферопол Руслан Семяшкин оварда шудааст ва он нишон медиҳад, ки дўстии халқҳо ва адабиёт идома дорад, маҷаллаи «Памир»-ро дар дигар давлатҳо низ мехонанд ва арҷ мегузоранд.

Дар рубрикаи “Назм” шеърҳоитаъсирбахши собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон, Аълочии матбуоти тоҷик Олег Дмитриевич Соболев, ки ба қарибӣ садсолагии худро ҷашн мегирад, чоп шудаанд. Боиси хуш- нудист, ки идора рубрикаи «Номҳои нав» -ро ворид кардааст. Дар ин бахш бори аввал ҳикояи дилнишини нависандаи ҷавони умедбахш Дило- ром Атабоева нашр шудааст. Ҳама медонанд, ки Гулназар, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, шоири тавоно буд, аммо шояд на ҳама медонанд, ки ў насрнависи хуб ҳам буд, ки дар ин хусус Мансур Суруш дар мақолааш бо номи “Сабақҳои мактаби Гулназар” навиштааст. Дар тарҷумаи ў яке аз ҳикояҳои Гулназар бо номи “Бузи нозой” чоп шудааст, ки мутолиаи он хонандаро мутаассир мекунад.

«АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved