• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ШЕЪРИ НАВ ДАР ЧАШМИ ХУШБИНАТ МУБОРАК БОД БОЗ!

 

Дар Тоҷикистон касе, ки бештар аз дигарон дар шеъри сапед ва нимоӣ даст дорад, Доро Наҷот аст. Аз миёни шоирони тоҷик дар шеъри сапед ў қавитар ва дасти тавонотаре дорад. Шеъри Доро аз шеъри Суҳроби Сипеҳрӣ ҳам навтар аст. То ҷое нав аст, ки ҳатто аҳли завқи Тоҷикистон мегўянд, ки мо намефаҳмем ў чӣ мегўяд.

Доро Наҷот бо рамз, бо мафҳумҳои ирфонӣ ва тасвирҳо сухан мегўяд. Тасвирҳое ҳаст, ки онҳоро бо сухан ифода карда намешавад. Ба ин хотир фаҳми ин шеър дониши зиёдтаре талаб мекунад. Дар мавзўи шеъри Доро Наҷот ҳам аз тариқи расонаҳои хабарӣ зарурати таҳлил ва баррасии густардатаре вуҷуд дорад, то мардум бифаҳманд ва бишнаванд, ки пешқадамтарин шоири тоҷик дар шеъри мудерн ё шеъри сапед Доро Наҷот аст.

 Муъмин ҚАНОАТ, Шоири халқии Тоҷикистон


 

Дар қаламрави қаламкашон ҳам зиндагӣ якранг нест. Ин ҷо ҳар як суханвар бо рангу бў, эҳсос ва идроки такрорнашаванда арзи ҳастӣ мекунад. Ҳангоме ки маҷмўаи нахустини шоири ҷавон Дороро варақ мезадам, бўи муаттари чулингону пудина ва дигар анвои гулҳои ҳазоррангубўи кўҳӣ димоғи маро муаттар мекард.

Қутбӣ КИРОМ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

 Шеъри сапеди Доро дигар аст ва шеъри ўро набояд сода ва осон гирифт. …Сурудаҳои аз шеъри Аҳмади Шомлу сарчашма мегиранд ва мактаби Шомлу дар қаламрави форсизабонон бисёр бузург ва боэҳтиром аст. Завқи қолабии мо ҳам бояд рўзе қолабшиканӣ кунад!

 ГУЛНАЗАР,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Банда бар ин фикрам, ки муроҷиати Доро Наҷот ба навъи дубайтӣ на аз пайравӣ ба муди рубоӣ ва чаҳоргонасароӣ, ки ба шеъри солҳои 60-90-и мо хос буд, вобаста аст. Балки ба шоир вазну оҳанги сабуку дилнавоз ва барои эҳсоси табиӣ мувофиқи дубайтӣ (мафоилун, мафоилун, мафоил) писанд афтодааст, ки ба таровишҳои эҳсоси даруниаш мувофиқ омада буд.

Абдухолиқ НАБАВӢ, муҳаққиқ

ва мунаққиди осори адабӣ


 

Шеъри Доро барои пажўҳишҳоизиёд мавзўъ медиҳад, пажўҳишҳои забонӣ, вожасозиву ибораофаринӣ, пажўҳиши тасвиру образҳои тозаи дороӣ, пажўҳиши истифода аз асотиру таъриху атиқа ва вожаҳову маъниҳои марбут ба онҳо ва, оқибат, пажўҳиши ҳадафмандӣ дар шеъри Доро.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон


Рисолаи Доро Наҷот дар бораиШайх Абдулқосими Гургонӣ аз ду ҷиҳат диққатҷлбкунанда мебошад. Аввалан, роҷеъ ба ин шахсияти машҳури тасаввуфи қарни ХI маълумоти маъхазҳо ҷамъоварӣ нагардида буд ва аксарияти хонандагон дар бораи ў ба ҷуз номаш иттилоъе надоштанд.

Дуюм, масъалаи иртиботи Шайх бо шайхони дигар ва осору орои ў барои равшантар ва васеътар тасаввур кардани вазъи бархўрди андешаҳои мухталифи асрҳои миёна ва муҳити маънавии он давраҳо қобили аҳамият аст.

Кароматулло ОЛИМОВ, доктори илми фалсафа


 

Шеъри тоҷикии форсӣ, ин муъҷизатарини муъҷизаҳои ҷаҳони маънавӣ, ки ҳазор сол пеш ба сухани парвозиву болбахши мавзуну муқаффо асос гузошт, дар асл дигаргуна будааст ва дар як қарни охир боз тағйири шаклу қолаб кард.

Қисмати шоирии Доро Наҷот маҷозан ба ҳамин роҳи пурпечутобу пурҷустуҷўи таҳаввули шеъри тоҷикии форсӣ мемонад…

Шоир худ медонаду Худо, ки чӣ дуру дароз ва пуршебу фароз буда роҳи таҳаввулу такомули бардошту боздеҳи маънавӣ. Роҳе, ки оқибат оварда ба дарку корбасти батамом дигаргунаи эҳсосу калом, каломе, ки аз ҳамон калимаҳои қаблии маъмулист, аммо фазою ҳавои билкул тозае дорад. Ва хусусияте, ки ин ҷо ҳам, чун дар шеърҳои суннатии шоир барҷаста ба назар мерасад, тоҷикона дидан, тоҷикона эҳсосу идрок кардан ва аз муҳиту фазову эҳсосу идроки тоҷикӣ тоҷикона сурудан аст. Ҳатто дар модернтарини ашъораш ин хусусияти ирсӣ - пайванд бо хостгоҳи аҷдод ва расму одату анъанаҳои он барҷаста аст ва бўе аз бемории бегонагаравӣ эҳсос намешавад.

Низом ҚОСИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Доро Наҷот солҳо шеърро дар қолабҳои суннатӣ ба таҷриба гирифт, зебоӣ, шевоӣ, бадеият ва балоғатро бишнохт, то рўй овард ба шеъри сапед. Ҳамон гуна, ки Нимо Юшиҷ пас аз таҷриба андўхтан дар қолабҳои суннатӣ нигоҳи худро дар шеър тағйир дод…

Муҳаммадалии АҶАМӢ,

 шоир ва муҳақиқ


 

Доро Наҷот пешрави сапед дарТоҷикистон ва аз ҷумлаи шуарои мудерн ва навгароест, ки бо шеъри сапед ва қолаби шеъри вижаи худ тавонист зарфияти шеъри Тоҷикистонро боло бардорад. Вай бо мутолиоти амиқи худ ва ошноии нисбӣ бо шеъру адабиёти бостон ва таваҷҷуҳ ба шеъри муосири ҷаҳон тавонистааст ба забони мустақилу сабки мудерн даст ёбад ва бо таваҷҷуҳ ба бофти рўҳиву равонӣ ва эҳсосоту авотифи ноби шоиронааш шеъри сапеди худро арза дорад.

 Алиасғари ШЕЪРДЎСТ


Доро агар пажўҳишгаре дақиқунуктаёб ва шоире пешрав ҳам набуд, барои ман инсоне дўстдоштанӣ ва қобили эҳтиром аст, то чӣ расад ба ин, ки ба ҳамаи фазилатҳо ва хубиҳо низ ороста аст.

Қаҳрамон СУЛАЙМОН


 

Яке аз вижагиҳои адибон ва фарҳехтагони тоҷик вобастагии шадид ба фарҳанги ниёгон аст. Тоҷикон вориси давлатдорони Сомонӣ ҳастанд, ки ҳазор сол пеш аз ин тавонистанд даврони тилоии ҷаҳони форсиро пас аз ҳамлаи аъроб дар шохаи гуногуни илму адаб шукуфо созанд…

Кори Доро Наҷот дар «Озарахши озароин» намунае аз ин дидгоҳҳо мебошад. Шоир дар ин баёз хостааст родмарди танҳои ормонҳояшро ба андешааш ба хонанда бишносонад.

Доктор Масъуди МИРШОҲӢ, раиси Анҷумани Рўдакӣ дар Фаронса


 

…Ба эътиқоди ман, Доро Наҷотшоири бузургест. Ў бо ҳамин ду шеъри сапедаш, ки дар фасли гузидаи ашъор омадааст, собит кард, ки рўҳияе мутафовит бо дигарон дорад. Мехоҳад ҷўри дигар бубинад ва биандешад. Ба шеъри тафаккур эътиқод дорад. Ў бегумон дар иртиқои шеъри сапеди тоҷик таъсири фаровоне хоҳад дошт.

Доктор Алиризо ҚАЗВА,

шоир ва муҳаққиқ


 

Шоирон сарчашмадорони сафои оламанд,

Шеъри нав дар чашми хушбинат муборак бод боз!

Ганҷи Дороро зи фарҳанги Зарафшон ёфтӣ,

«Озарахши озароин»-ат муборак бод боз!

ОЗАРАХШ,

Шоири халқии Тоҷикистон


 

Мебинам, мебинам!

Хилъати ту

 сирри нилии Сайҳун аст,

 хилқатат софии гардун.

Иродатат-

 матонати Куруши Кабир

 ва ибодатгоҳат

 паҳнаи Хуросони қадим.

Нуқраи СУННАТНИЁ


 

Вақте арўси вожа бо

ноз мехиромад

Дар гулшани хаёли

ғарқи умеди Доро,

Дар чашми пурсафояш

аз шавқ мезанад ҷўш

Чун оби софи Замзам шеъри сапеди Доро.

Валиҷон БАЁНӢ


 

ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РЎЗИ САХТ…

Рўйдодҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус ҳалокати одамон, тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла адибонро сахт ба ташвиш овард.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми адибони мамлакат ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.

Идомаи: ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РЎЗИ САХТ…

МОДАРИ ТОҶИК ТУРСУНЗОДА ЁФТ

 

Муъмин ҚАНОАТ

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

Барои Мирзо Турсунзода

 

Барои ҳурмати мўи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст,

Барои дил, дили оинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ў падид аст,

 

Барои хотири шеъраш, ки онро

Ба роҳи хеш болу пар намудам,

Барои шеъри мардумошнояш,

Ки аз он шеъри худро сар намудам,

 

Идомаи: МОДАРИ ТОҶИК ТУРСУНЗОДА ЁФТ

БА ИФТИХОРИ 110-СОЛАГИИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

 

 Рӯзи 5 май, соати 14, дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати аҳли адаб ва ҳунар маҳфили адабӣ ба муносибати 110-солагии устод Турсунзода барпо мегардад.

Гардонандаи маҳфил - устод Аскар Ҳаким.

       Даромадан озод аст.

ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОЛИ 2021

 

Вилояти Хатлон

Минтақаи Бохтар – 22-23 апрел

Масъул: Озар Салим

Мутасаддиён: Сироҷиддин Икромӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Озар Салим, Чӯпонбадали Ванҷӣ, Офоқ.

Идомаи: ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОЛИ 2021

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved