• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

МАН ҲАМОНАМ, КИ ШУМО ДИДАВУ КАФ КӯФТАЕД…

 

(Суханронӣ дар маросими таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода)

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чун гули санг зи куҳсормаро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Ҳар гаҳе, ҷом ба каф,масту гаронҷон хонед

Шеъри Хайём батакрор, маро ёд кунед.

Ман ҳамонам, ки шумодидаву каф кӯфтаед,

Бо ҳамон нангу ҳамон ормаро ёд кунед.

Ғаму шодии ҷаҳон дар дилиман хок шудаст,

Гаҳи ҳар шодиву тимормаро ёд кунед.

Ҷоми умри мани пуршӯр агарнима шикаст,

Сари ҳар мастии саршормаро ёд кунед.

Дар ҳар мисраъу ҳар байти ин ғазал сифатҳои ҳамидаи касони худогоҳу худшинос чида шудаанд ва дар маҷмӯъ инсоне пурдилу комил пеши назарҳо муҷассам мешавад, ки шоир ба ӯ эътимод дорад ва ёдкарду гиромидошти хешро ба ӯ бовару вогузор кардааст.

Идомаи: МАН ҲАМОНАМ, КИ ШУМО ДИДАВУ КАФ КӯФТАЕД…

ПАНҶ СОЛИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

(Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи нависандагони

 Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани 15-уми  нависандагони мамлакат)

Вакилони муҳтарами анҷуман,  ҳамқаламони азиз, меҳмонони арҷманд!

Имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсие буд, ки халқу давлатамон бо сари баланду рўи сурх гузаронданд. Бахусус, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфта, ваҳдати устувори мардум ва дастгирии комили сиёсати сулҳҷўёна, ваҳдатгароёна ва бунёдкоронаи давлатамонро аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа равшан нишон доданд.

Идомаи: ПАНҶ СОЛИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

СУХАНРОНИИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ

Аз қадимулайём орзуву ормони ҳар як халқу сарзамин доштани давлат буду ҳаст ва маҳз ҳамон халқҳое дар таърихи инсоният аз худ нақше гузоштаанд, ки давлатҳои барҷову устувор доштаанд.

Идомаи: СУХАНРОНИИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ

ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД...”

 

Низом ҚОСИМРаиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон   

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида бошад.

Идомаи: ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД...”

ҶУЗ ФИКРИ ШЕЪР ПЕШАИ МО НЕСТ

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

Ҳарчанд ки дар бораи Миробид Саййидои Насафӣ маълумоти шарҳи ҳол хеле кам аст, барои муаррифии ў ба аксари хонандагон ҳоҷат нест ва, агар гоҳе ин кор ногузир бошад, хеле кўтоҳ хоҳад буд: шоири ашъори хуб.

Идомаи: ҶУЗ ФИКРИ ШЕЪР ПЕШАИ МО НЕСТ

РОМАНИ ПУРАСРОРИ ШОИР

 Ғаффор Мирзо яке аз адибони сермаҳсули нимаи дуюми асри бисти мост, ки бо маҷмўаҳои зиёди ашъор, достонҳо, китобҳо барои бачаҳо, ҳикояҳои муассиру очеркҳои масъалагузор, тарҷумаҳо аз бузургони адабиёти дигар халқҳо ва мақолаҳои тунду тезу баҳсбарангезаш оид ба ҳаёту адабиёт шуҳрати сазовор дорад. Муаллифи нахустин ва алҳол ягона романи манзуми "Фарзанди ҳукумат" дар адабиёти тоҷик низ ўст ва ҳоло сухан аз хусуси он аст.

Идомаи: РОМАНИ ПУРАСРОРИ ШОИР

МАСЪАЛАҲОИ КАЛОНИ АДАБИЁТИ ХУРДСОЛОН

Маърӯзаи Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Маҷлиси Садорати ИНТ, 31 май 2019

 Давлати соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврас, дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Дар ин самт барномаҳои махсус низ таҳияву тасдиқ гардидаанд. Аммо пўшида нест, ки имрўз насли наврас дар замони душвор, вазъияти мураккаб, равандҳои пурихтилоф, таҳдидҳои бешумор, таблиғоти раҳгумсоз, таассуби шадиди сиёсиву мазҳабӣ камол меёбад. Аз ин рў, тарбияи маънавии бачаҳо, наврасон ва ҷавонон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа ба шумор меравад.

Идомаи: МАСЪАЛАҲОИ КАЛОНИ АДАБИЁТИ ХУРДСОЛОН

САҲИФАҲОИ ДУРАХШОНИ ҚАРОБАТУ РАФОҚАТ

 

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии "Масъалаҳои умдаи омўзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ўзбек дар миқёси байналхалқӣ",

Тошканд, 7 августи соли 2018

 

 

Иди бузурги Наврўз, ки аз қаъри замонҳо расида, арзандаву сазовор  мақоми ҷашни байналмилалӣ касб намудааст, бо фарорасии хеш натанҳо табиатро бехазону дилҳоро ҷавон месозад, балки пайваста ба оламу одам муждаву пайғомҳои нек меорад ва туҳфаҳои ғайриинтизор тақдим мекунад.  Наврўзи имсола, бахусус барои ду халқи қариндилу қаринҷон - тоҷикону ўзбекон, ҳадяи бемисоле овард, ки ҳамагон дер боз интизораш буданд.

Идомаи: САҲИФАҲОИ ДУРАХШОНИ ҚАРОБАТУ РАФОҚАТ

НЕРУИ БУЗУРГИ СУХАН

Ато МИРХОҶА

2-3 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон ба муносибати 20-солагии шаҳри Остона Ҳамоиши якуми шаҳриёрони мамлакатҳои Роҳи бузурги абрешим баргузор гардид, ки дар бахши фарҳангии он аз кишвари мо муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва академики Академияи улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илму техника, профессор Нуриддин Қаюмов иштирок карданд.

Дар ҳамоиш аз 60 давлати ҳавзаи Роҳи бузурги абрешим шаҳрдорон, пешгомони тиҷорати ҷаҳонӣ, сохторҳои молиявӣ, арбобони давлатӣ ва илмӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ВАО намоянда доштанд.

Дар кори мизи мудаввар дар мавзўи "Нақши адабиёт ва фарҳанги кишварҳои ҳавзаи Роҳи абрешим" муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ширкат намуда, оид ба мавзўи номбурда, аз ҷумла, чунин изҳори ақида намуд:

Идомаи: НЕРУИ БУЗУРГИ СУХАН

Маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дар мавзуи "Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳдати миллӣ"

Ҳамагон шоҳид будем, ки дирӯз дар шаҳри ҳамноми ин иди муқаддасамон 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Он таҷассуми сиёсати сулҳ парваронаву ваҳ датофари давлатамон гардида, бори дигар муттаҳ идии мардумро зери парчами ғояҳ ои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳ  ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон муҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон равшан нишон дод.

Идомаи: Маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар маҷлиси Садорати Иттифоқи...

ОИНА БЕҒУБОР, ДАРЁ ПОК БОШАД

Низом ҚОСИМ
Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон
Чанде пеш мо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамонро ботантана қайд кардем. Он воқеан ҷашни тамоми халқ буд, чунки барояш мардуми худшиносу худогоҳамон умрҳо ҷаҳду талошҳо намудаанд.
Истиқлолият, бахусус, ормони ҳамешагии адибон буд ва тақрибан асари дилрасе нест, ки бевосита ё бавосита ба ин масъала иртибот надошта бошад. Бо вуҷуди ин, ҳатто аҳли адаб пурра тасаввур карда наметавонист, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди миллату давлати мо чӣ имкониятҳое фароҳам меорад.

Идомаи: ОИНА БЕҒУБОР, ДАРЁ ПОК БОШАД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved